ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
” Шарҳи байти дуввум чунин аст: “таслим дар луғат супурдан ва гардан ниҳодан ба фармон ва салом кардан. Ва дар истилоҳи аҳли таҳқиқ таслим мақомест, ки чун солик дар он ҷо расад, ҳама ҳаракоту саканоти оламро аз ҳақ бинад ва аз чуну чаро боз монад. Лиҳазо мегӯяд, ки гумони зиёдагунии ман чӣ хаёл аст. Чаро ки ман оинаи таслим дорам ва ту рӯ ба рӯи ӯ бошад. Сурате ки дар он намояд, мани бинанда бувад ва сари мӯе каму беш нагардад.
” Аз муаллифони асри ХХ аввалин касе ба шарҳу тавзеҳи осори Бедил даст задааст, Абдурауфи Фитрат аст. Ӯ дар ин мавзӯъ рисолае навишта, онро дар соли 1923 дар Маскав ба табъ расонида буд. (ниг. Фитрат, Бедил, м. 1923, 54 саҳифа, ба забони ӯзбекӣ) мавзӯъ ва муҳтавиёти ин рисола аз тасвири як маҷлиси бедилхониву бедилфаҳмӣ иборат мебошад.
Тавре ки гуфтем, то инқилоби октябр дар шаҳрҳои гуногуни осиёи миёна маҳфилҳои бедилхониву бедилфаҳмӣ вуҷуд доштанд. Рисолаи фитрат шояд аввалин ва ягона асаре бошад, ки рафти яке аз ин маҳфилҳоро инъикос намудааст. Рисолаи фитрат шоҳиди он аст, ки маҳфилҳои бедилхонӣ дар бухорои ибтидои асри ХХ низ амал менамуданд. Бино бар тасвири фитрат, маҳфилҳои бедилхонӣ ҳафтае як бор дар хонаи ин ё он зиёӣ ташкил мешуданд. Дар аввали маҷлис порае мусиқӣ шунида мешуд. Сипас аъзоёни маҳфил ба хондану маънидоди шеъри Бедил мепардохтанд. Дар рисола чанд пора аз “Нукот”-у “Чор унсур”, абёти ҷудогона аз ғазалиёту қасоиду рубоъиёт ва намунаҳои зиёде аз маснавии “Ирфон” шарҳу маънидод шудаанд. Шарҳу тавзеҳи намунаҳо дар аксари мавридҳо дурусту саҳеҳанд. Дар онҳо ҳеҷ гуна ғаразҳои сиёсӣ, ақидаҳои буржуазӣ-миллатчигӣ ифода наёфтаанд. Аз ин рӯ, иддаои нависанда Ҳамид Олимҷон, ки дар соли 1936 рисолаи мазкурро мавриди танқид қарор дода, муаллифи онро ба таҳриф намудани шеъри Бедил айбдор намуда буд, асосе надорад. Ҳамид Олимҷон навишта буд, ки Фитрат аз ашъори Бедил намунаҳои зиёдеро тарҷима намуда, барои тарғиби ақидаҳои миллатчигии худ аз онҳо истифода кардааст, аз ашъори танқидӣ ва шикоятомези Бедил мисолҳо оварда, ба воситаи онҳо сохти нави советиро бадном карданӣ шудааст (ниг. Олимжон Ҳамид. Фитратнинг адабий ижоди ҳақида-Асарлар мажмуаси, Бешинчи том, Ташкент, 1972, саҳ. 121-124). Вале дар асл ин тавр нест. Рисола аз шарҳу тавзеҳи объективонаи шеъри Бедил иборат асту бас. Дуруст аст, ки дар рисола баъзе байтҳои сӯфиёнаи Бедил як андоза маҳдуду сарсарӣ маънидод шудаанд.
Вале дар он таҳрифи рӯиросту мақсаднок дида намешавад.
Аз муҳаққиқони замони мо донишманди Афғонистон Салоҳуддини Салҷуқиро метавон ном бурд, ки дар кори шарҳу басти осори Бедил хидмати арзандаеро адо намудааст. Ӯ дар соли 1326 шамсӣ (1947 милодӣ) рисолаеро бо номи “Афкори шоир” ба табъ расонид, ки аз ташреҳ ва тавзеҳи афкор ва андешаҳои чанд тан аз шоирони гузашта-Хоқонии Шервонӣ, Ҷалолуддини Румӣ Маҳмуди Шабустарӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Бедил ва Содоти Ғурӣ иборат мебошад. Бахше, ки ба Бедил ихтисос ёфтааст, 46 саҳифаро дарбар дорад. Муаллиф дар ин бахш дар баробари шарҳу маънидоди чанд байти шоир аз муносибати ӯ ба осори шоирони пешин, аз қабили Ҳоқонӣ ва Хоҷа Ҳофиз, низ сухан кардааст. Инак, ба ҳайси намуна шарҳи байтеро дар ин ҷо иқтибос менамоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё