Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Байт:
Ҳазар аз фузулии ваҳму занн, “ту” чӣ мекунад ба ҷаҳони “ман”?
Дари аҳвалӣ ба ҳавас мазан, зи ду чашм як нафар офарин.
Шарҳи байт: Бедил мегӯяд: “Ҷаҳон ҷаҳони ман”, лафзи “ту”дар ин ҷаҳон чӣ мекунад? Ва ин ваҳму хаёл зи ғалатҳиссӣ ва аҳвалӣ аст, ки як чизро ду чиз мебинанд.
” Маллиф аз ашъори Бедил асосан абётеро шарҳ додааст, ки мазмун ва оҳанги сӯфиёна доранд. Ӯ ба баёни ин мавзӯъ саргарм шуда, гоҳо ба муболағаву иғроӣ низ роҳ додааст. Ӯ шоирро як фарди муҷаррад ва осмонӣ тасаввур намуда, тамоми осори вайро сӯфиёнаву орифона ба қалам додааст. Ӯ навиштааст: “Мо гуфтем, ки Бедил шоири заминӣ нест, пас маҳбуби онро ҳам наметавон заминӣ ва хокӣ пиндошт. Бедил марди бисёр рӯҳӣ ва бисёр муҷаррад аст. дар куллиёти (девони- Б.Р.) захими он, ки ба сию панҷ ҳазор байт ба сурати тахмин мешавад, ҳеҷ мисрае ки олудагии онро)ба олами имнон. – Б.Р.) нишон диҳад, мавҷуд ” нест.
Салоҳуддини Салҷуқӣ кори тавзеҳ, ва ташреҳи осори Бедилро идома дода, дар соли 1342 (1963) китоби дигареро бо номи “Накди Бедил” дастраси хонандагон гардонид. Нашри ин рисола дар бедилшиносии он солҳо ҳодисаи бузург ба шумор мерафт ва аз тарафи муҳаққиқони адабиёти форсӣ баҳои баланд гирифта буд (ниг. Шафеии Кадканӣ, Нақди Бедил, Роҳнамои китоб, соли даҳум 1346, (шумораи саввум). Рисола аз 570 саҳифа иборат буда, мулоҳаза ва андешаҳои муаллифро дар хусуси тамоми осори Бедил фаро гирифтааст.
Қисми зиёди асар (420 саҳифа) ба шарҳу тавзеҳи қариб 300 байт аз ғазалиёти шоир бахшида шудааст. Усули кори муаллиф дар ин бахш чунин аст, ки ӯ байтеро аз ягон ғазал интихоб намуда, онро ё пурра шарҳ додааст ё ишорае ба мазмуни он кардааст. Сипас доир ба ин ё он масъалаи адабиёт, аз ҷумла роҷеъ ба шеъри Бедил мулоҳаза ва андешаҳои худро иброз намудааст. Ва ниҳоят дар поёни шарҳи ин ё он байт матни пурра ё мухтасари ғазалеро овардааст, ки байти ташреҳёфта аз он гирифта шудааст. Ҳоло барои мисол шарҳи ду байтро аз ин китоб нақл менамоем.
Байти аввал:
Тадбир илоҷи марази зотии кас нест,
Аз шиша шудан санг ҳамон тавбашикан шуд.
Шарҳи байт:
Ҳазрати пайғамбар (с) зотияи некӯро қобили тағйир намедонист ва мефармуд: “Беҳтарини шумо дар ҷоҳилият беҳтарини шумост дар ислом.
” Ва Бедил амрозу уюби зотиро низ қобили табдил намедонад. Зеро мебинад: санге ки рӯзе миношикан буд, кунун ки худаш мино шудааст, боз тавбашикан гаштааст (Нақди Бедил, саҳ.
246).
Байти дуввум:
Сайри муҳит хоҳӣ, бар мавҷу каф назар кун,
Мутлақ дигар чӣ дорад ғайр аз муқайяди мо?
Шарҳи байт:
Ҳақиқат ин аст, ки афкор низ монанди раёҳин барои худ мавсиме дорад. Ва гумон мекунам, қарни ҳафдаҳум талеаи баҳори ин афкор буда ва, шояд, Бедил аввалин касе буда, ки бӯи ин баҳорро шунидааст. Зеро Бедил аввал касест, ки муқайядро дар муқобили мутлақ мавҷудияте медиҳад. Аммо на монанди вуҷуде “ҳо” ва “на”, ба сурате, ки ранги илҳод дошта бошад. Ӯ ҳине ки мутлақро баҳр меномаду муқайядро мавҷу каф мегӯяд, далели возеҳест, ки мақоми манеи мутлақро камоҳӣ мешиносад. Ва агар мутлақро ба муқайяд мавқуф месозад, аз роҳи таайюн аст. Ва ин ҳақиқатест ноқобили инкор, ки мутлақ дар таайюн худ мавқуф аст ба муқайяд. Вале мутлақ дар таҳаққуқи худ ба муқайяд муттакӣ нест, балки ин ҷо масъала билъакс аст. Ва муқайяд аст, ки дар таҳаққуқи худ марбут ва марҳун аст ба мутлақ. Ва ин рӯҳи тасаввуфу ҷони ҳақиқат аст. (Ҳамон ҷо. С. 249).

пешина
аз 250
навбатӣ