ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Усули мазкури тавзеҳ ба муаллиф имкон додааст, ки алоқамандона ба маънии ин ё он байт роҷеъ ба масоили гуногуни адабиёт-пайдоиши каломи бадеъ, ҷинсҳову навъҳои адабӣ, сабку услубҳои мухталиф, мактабу равияҳои шеърӣ ва ғайра изҳори назар намояд. Ва ҳамин тарзи ташреҳ низ сабаби гоҳо аз мавзӯъ дур рафтан, ба такрорҳои бемавқеъ роҳ додан, ба баёни масоили маълуму маъруф саргарм шудани муаллиф гардидааст.
Бахши дуввуми асар, ки “Ирфониёт ё сайри корвони вуҷуд” унвон дорад, ба таҳлилу баррасии чор маснавии шоир “Ирфон”, “Тури маърифат, ” “Тилисми ҳайрат”, “Муҳити аъзам” ва асари насрии ӯ “Чорунсур” ихтисос ёфтааст. Мутаассифона, муаллиф дар таҳлили ин асарҳо принсип ё худ усули тамоман носолим ва ғайриилмиро пеш гирифта, панҷ асари мазкурро ба таври яклухт, ҳамчун воситаи ифодаи як маънӣ ба қалам додааст. Ӯ дар таҳлили хеш на таърихҳои таълифи асарҳоро ба эътибор гирифтаасту на мавзӯву мундариҷаи онҳоро.
Ба ақидаи муаллиф, ин гурӯҳи асарҳо дар якҷоягӣ сайри корвони вуҷуд, яъне сайри рӯҳи мутлақро дар зинаҳои гуногуни нузули он инъикос намудаанд. Манзили аввали сайри вуҷуд,
- навиштааст муаллиф,
- маснавии “Ирфон” аст. Дар ин манзил вуҷуди мутлақ аз дунёи лоҳут, яъне олами зот, ба дунёи ҷабарут – олами сифот ва аз олами ҷабарут ба дунёи малакут
– олами асмо нузул менамояд. Баъд аз ин дар “Тури маърифат” нузули рӯҳ ба дунёи носут ё худ олами мавод оғоз мешавад. Сипас дар “Тилисми ҳайрат” ин корвон ба иҳотаи ҷисми инсон ворид шуда, дар “Муҳити аъзам” ба савмиаи рӯҳ ва шуури инсон роҳ меёбад. Ва ниҳоят, “Чорунсур” сайри корвонро дар шахси худи Бедил шарҳ медиҳад.
Чунон ки гуфтем, ин таҳлил таҳлили хаёлӣ, ғайривоқеӣ ва ғайриилмист. Ин гуна хулоса, ин хел натиҷагирӣ ва ин қабил схема ба мавзӯу мундариҷа ва ҳатто ба эпизодҳои алоҳидаи ин ё он асар ҳеҷ гуна умумият ва муносибат надорад. Ҳар кадоме аз ин асарҳо асари мустақилест, ки предмети тасвир, мавзӯъ ва мундариҷаи конкретро доро буда, дар давраи муайяни зиндагии шоир барои ифодаи мақсад ва матлаби муайян эҷод шудааст. Ҳеҷ яке аз ин асарҳо муқаддима, идома ва ё хулосаи асари дигар нест. Маснавии “Тилисми ҳайрат”, ки нахустин асари калонҳаҷми шоир аст, дар соли 1080 (1669 - 1670) таълиф шуда, дар хусуси имтизоҷи рӯҳ бо ҷисми инсон, яъне нозил шудани рӯҳ бар замин, ворид шудани он дар бадани инсон, сайр намудани узвҳои гуногуни бадан ва боз рӯй овардан ба асли хеш, яъне олами беранг, баҳс менамояд. Ба таъбири дигар гӯем, мавзӯи ин асар масоили худогоҳӣ ва худшиносии орифона аст.
Маснавии “Муҳити аъзам”, ки дар байни солҳои 1078 – 1099 (1667-1668) эҷод шудааст, масъалаҳои пайдоиши оламу одам, зуҳури ақоиду афкори гуногун, ба миён омадани касбу пешаҳои мухталиф, тасвири баҳору зебоиҳои табиат, ситоиши ҷому мино, мазаммати зуҳду риё, васфи асбобҳои мусиқӣ, васфи гиёҳҳои гуногуни табиӣ, ситоиши хамӯшӣ; накwҳиши тақлид, мазаммати даъвои беҳуда, таърифи каломи бадеъ ва ғайраро дарбар гирифтааст. Ин асар соқиномаест, ки ба воситаи хитоб ба соқӣ мавзӯву матлабҳои зиёдеро дар худ фаро гирифтааст.
Таълифи “Тури маърифат” соли 1097 (1685-1686) аст ва мавзӯи он масъалаи тамоман дигар, масъалаи сирф заминӣ, яъне тасвири минтақае бо номи Байрот аст, ки дар вилояти Роҷистони Ҳиндустон воқеъ гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё