ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Маснавии “Ирфон”, ки замони анҷомаш соли 1124 (1712-1713) мебошад, асари бузургтарини шоир аст, ки характери энсиклопедӣ дошта, масъалаҳои зуҳури олами имкон, пайдоиш ва ташаккули инсон, васфи машғулияти гуногунсоҳаи онро фаро гирифтааст. Дар ин асар риштаҳои гуногуни фаолияти одамӣ – барзгарӣ, тиҷорат, илму ҳикмат, ҳокимияту салтанат ва ғайра тасвир ва баррасӣ шудаанд. Ба ин мавзӯи асар худи шоир ҳам борҳо ишора кардааст. Чунончи, ба бахши асосии маснавӣ, ки ҳикояти ориф ва даҳ фарзанди ӯст, чунин унвон гузоштааст:
Дорад акнун қалами шавқбаён
Сеҳрпардозии шуғли инсон.
Шоир бахши мазкурро бо мисраъҳои зайл оғоз намудааст:
Сухан акнун ба арзи сомон аст,
Малакуте дигар парафшон аст.
Мешавад сози нусхаи “Ирфон”
Қиссае аз таваҷҷӯҳи инсон.
Ва ниҳоят, асари насрии Бедил “Чорунсур”, ки дар соли 1116 (1704-1705) ба итмом расидааст, низ аз тасвири масоили дунявию ҳаётӣ иборат мебошад. Бино бар таъкиди худи шоир, сабаби “Чорунсур” унвон гирифтанаш ҳам дар ҳамин будааст. Ӯ дар ин ибора навиштааст: “Чун маншаи таҳрири ин маротибхомаи унсурӣ тартиби нашъаи имконист ва гардаи тасвири ин ҳақоиқсаҳфаи мову ман таркиби нусхаи ҷисмонӣ, хиради маънисанад сарриштаи сутур ба рақимаи мактаби бедилӣ расонид ва қалами таҳқиқрақам ба мавсумии “Чорунсур”-аш мумтоз гардонид.
” Тавре ки гуфтем, дар “Нақди Бедил” тамоми осори шоир аз рӯи жанру намудҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аммо ба ғайр аз бахши ғазалиёт ва қисман бахши маснавиёт бахшҳои дигари он-рубоиёт, қасоид, таркиббанду тарҷеъбанд, мухаммас, қитъаот, “Никот” , “Ишороту ҳикоёт”, “Руқаот” ва ғайра характери тадқиқоти доранд. Дар ин бахшҳои китоб муаллиф осори Бедилро шарҳу тавзеҳ надода, балки ин ё он асарро мавриди баррасии умумӣ қарор додааст.
Гуфтан лозим аст, ки баъзе бахшҳои китоб аз иқтибосоти айнии ашъори Бедил иборат буда, ҳеҷ гуна таҳлил ва шарҳу басте ба онҳо илова нашудааст. Чунончи аз 220 рубоие, ки дар китоб дарҷ аст, танҳо даҳтои онҳо шарҳу тавзеҳ ёфтаанду халос. Яке аз рубоиҳое, ки шарҳаш дар ҳошияи он сабт ёфтааст, ин аст:
Сад ранг зи боғи чашми ибраттамҳид
Гулҳои хаёли суру мотам болид.
Лекин ба кушоди лаб касе роҳ набурд,
К-ин гул хандид ё гиребон бидарид?
Яъне чашм метавонад вазъи ғаму шодиро ба воситаи сиришке, ки дорад, нишон диҳад.
Аммо даҳон гиряву хандаро яксон нишон медиҳад ва ба ҳарду лабҳо боз мегардад.
Умуман, “Нақди Бедил” яке аз таълифоти муҳим дар бораи Бедил аст. Баъзе норасоиҳо, ки зикрашон гузашт, аҳамияти онро кам нахоҳанд кард.
Муҳаққиқи дигари Афғонистон Амирмуҳаммади Асир шарҳи муфассале ба маснавии “Тури маърифат” нигоштааст, ки ҷилди аввали он дар ҳаҷми 672 саҳифа бо номи “Шарҳи “Тури маърифат” (Кобул, 1356) ба табъ расидааст. Тақдири ҷилди дуввумаш, ки мебоист низ ба табъ мерасид, ба мо маълум нест.
Устоди собиқи Донишгоҳи Кобул Ҳафизуллоҳи Сайид низ рисолае бо номи “Шарҳи бист ғазал аз ғазалиёти Бедил” таълиф намудааст, ки дар соли 1357 (1978) дар матбааи донишгоҳи мазкур чоп шудааст. Мутаассифона, ин рисола дастраси мо нашуд. Аз ин рӯ, дар хусуси он беш аз ин чизе гуфтан наметавонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё