Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар рисолае, ки Набӣ Ҳодӣ ном муҳаққиқи ҳиндӣ дар бораи Бедил навиштааст, дар баробари шарҳи ҳол ва нақду баррасии осори шоир даҳ ғазали ӯ низ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтааст. Асли рисола, ки ба забони урдуст, соли 1975 дар Деҳлӣ ба чоп расида буд.
Чанде пеш дар Эрон тарҷимаи форсии он низ ба миён омад (ниг. Набӣ Ҳодӣ Абдулқодир Бедили Деҳлавӣ. Зиндагӣ, нақд ва баррасиву гузидаи осор. Тарҷимаи дуктур Тавфиқи Субҳонӣ. Теҳрон, 1376, 208 саҳ.) Хусусияти назарраси кори Набӣ Ҳодӣ ин аст, ки ӯ барои шарҳу тавзеҳ ғазалҳои ба истилоҳ номатбӯи Бедилро интихоб намудааст. Аз даҳ ғазале, ки ӯ шарҳ додааст, панҷ ғазал дар баҳри комил (8 бор мутафоилан дар ҳар байт) ва панҷ ғазал дар баҳри мутақориби мақбузи аслам (8 бор фаулун фаълан) мебошад.
Шарҳи яке аз байтҳои баҳри комил ин аст:
Ситам аст, агар ҳавасат кашад, ки ба сайри сарву суман даро, Ту зи ғунча кам надамидаӣ, дари дил кушо, ба чаман даро.
Дар байт ба сайри дари ботин таъкид шудааст, ки тамрини машҳури баъзе аз сӯфиён будааст. Зулм аст, агар ҳавас туро бифиребад ва туро ба сайри мазоҳири хориҷӣ (сарву суман) машғул ва омода кунад. Оё ин фиреб нест? Дари дил бикшо дар дили ту гулзоре боз хоҳад шуд”.
Ту камтар аз ғунчаи фурӯбаста нестӣ, ки ҳадафи ниҳоияш он аст, ки гул шавад. Рамзҳои некиву бадӣ аз роҳи дарунбинӣ бар ту кашф хоҳад шуд.
Шарҳи байте аз баҳри мутақориби мақбузи аслам чунин сурат гирифтааст:
Тамом шавқем, лек ғофил, ки дил ба роҳи кӣ мехиромад?
Ҷигар ба доғи кӣ менишинад, нафас ба оҳи кӣ мехиромад?
Ман саропо шавқам, лекин то ҳоло маълум нашудааст, ки дил чӣ роҳе бархоҳад гузид ва ҷигар чӣ доғе интихоб хоҳад кард? Бедил ин ғазалро дар ибтидои ҳол сурудааст. Аз сабки баёни сода маълум аст, ки дар иқлими андешаву илҳоми ӯ ҳангоми дамидани офтоб аст. Дар ин байт ин мазмун баён шудааст, ки дари ихтиёр ба рӯи одамӣ кушуда нашудааст. Таманнои дил ва ҳавсалаи ҷигар ҷои худ доранд. Аммо ба ҳар ҳол наметавон гуфт, ки чӣ фарозу нишебе дар роҳ аст?
Боиси хурсандист, ки дар 15-20 соли охир дар кишвари Эрон низ дар хусуси Бедил ва осори ӯ чандин мақола ва китобҳои ҷолиб ба табъ расиданд. Аз ҷумлаи китобҳои дар Эрон таълифгардида яке аз беҳтарини онҳо маҷмӯаи мақолаҳои Муҳаммадризо Шафеии Кадканист, ки бо номи “Шоири оинаҳо” (Баррасии сабки ҳиндӣ ва шеъри Бедил)дар соли 1366 шамсӣ ба табъ расидааст. Дар ин маҷмӯа илова бар мақолаҳои муаллиф 282 ғазал ва 60 рубоии Бедил низ интихобан дарҷ гардидааст. Шафсии Кадканӣ дар охири намунаҳои ашъори Бедил тавзеҳоти муфассалеро бо номи “Фарҳанги тадоиҳо” (Хӯшаҳои хаёл ё шабакаи тасвирҳо) ҷой додааст, ки шарҳи чандин калима ва ибораи дар осори Бедил муравваҷро дарбар кардааст. Дар ин ҷо калима ва таъбирҳое аз қабили “гуҳар”, “оби гуҳар”, “мавҷи гуҳар”, “оина”, “оинаи зону”, “оинахона”, “гавҳари оина”, “сурма”, “товус, ” “ранги парида”, “сангу шарор”, “шишаву парӣ, ” “ному нигин”, ки дар осори шоир хусусияти рамзиву тамсилӣ пайдо кардаанд, шарҳу эзоҳ дода шудаанд. Масалан, таъбири “оби оина”, ки яке аз образҳои маъмул ва машҳур дар осори Бедил аст, чунин шарҳ дода шудааст:
“Оби оина: ҳамон зулолӣ ва сафои оина аст. Вале тадоии об ба маънии мутлақро дорад ва аз раҳгузари ин тадоӣ мутаваҷҷеҳи оинаи Искандар мешавад ва убур аз ин обро коре душвор мебинад ва натиҷа мегирад, ки аз оби оинаи Сикандар гузаштан кори душворест ва дар он об пуле вуҷуд дошта, ки Искандар натавонистааст он пулро пайдо кунад ва аз он бигзарад (яъне убур кунад ва бо иҳом, яъне сарфи назар ва дунболаи он наравад). Бо таваҷҷӯҳ ба услуби муодала дар мисраи аввал мегӯяд: одами ҳарис наметавонад роҳи қаноатро тай кунад ва дар мисраи дуввум мисол меоварад аз Искандар, ки чӣ гуна натавонист пуле пайдо кунад ва аз оби оина убур кунад (бигзарад ва ба иҳом сарфи назар кунад):
Ҳирс мушкил ки раҳи фаҳми қаноат сапарад,
Оби оина пуле гашт, Сикандар нагузашт. ”
“Фарҳанги тадоиҳо”-и Кадканӣ дар олами бедилхониву бедилшиносӣ як падидаи тоза ба шумор рафта, барои мухлисон ва ҳаводорони осори шоир ба ҳайси раҳнамои хубе хизмат хоҳад кард.

пешина
аз 250
навбатӣ