ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Аз ҷумлаи шарҳҳои дар солҳои охир ба табъ расида ду рисолаи муҳаққиқи афғонистонӣ Муҳаммад Абдулҳамиди Асир низ қобили зикр ва сазовори таваҷҷӯҳ мебошанд. Ин рисолаҳо иборатанд аз “Шарҳи рубоиёти Мирзо Абдулқодири Бедил” (82 саҳифа) ва “Калиди ирфон” (Шарҳи абёти ғомизи Абулмаонӣ Бедил). “Шарҳи рубоиёт” дар соли 1369 (1990) ва “Калиди ирфон” дар соли 1370 (1991) шамсӣ ба эҳтимоми писари муаллиф Муҳаммадэҳсони Асир ба табъ расидаанд.
Хушбахтона, ҳардуи ин асарҳо дастраси мо гардиданд ва мо аз мутолааи онҳо хеле баҳравар шудем. Бино бар гуфтаи муаллиф, ангезае ки ӯро ба таълифи “Шарҳи рубоиёти Бедил” водор кардааст, рубоии зерини шоир будааст:
Эй шавқи ту дар касби фунун гармталош,
Чандон ҳавасомодаи ҳар нусха мабош.
Дар сайри рубоиёти Бедил муфт аст
Дарду ибрат, сулуку таҳқиқу маош.
Муаллиф пас аз иқтибоси рубоии мазкур навиштааст: “Мулоҳазаи ин рубоӣ моро ба он водошт, то бархе аз рубоиёти ин орифи комилро дар панҷ фасл мавриди баҳсу фаҳс қарор диҳем ва онро дар маърази истифодаи хонандагон бигзорем. Зеро афкору андешаҳои ин сӯфии тамом беш аз дигар осор дар рубоиёти вай таҷаллӣ намуда”.
Ба ақидаи муаллиф, дар рубоии мазкур таълимоти орифонаи Бедил инъикос ёфтааст. Ин таълимот, ба фикри муаллиф, аз панҷ зина ё худ аз панҷ водӣ - дард, иборат сулук, таҳқиқ ва маош – иборат мебошад. Муаллиф таъкид кардааст, ки солики роҳи тариқат, пеш аз расидан ба асли мақсад, зинаҳои мазкурро бояд тай намояд.
Муаллиф дар хусуси маъно ва моҳияти истилоҳот ё худ, ба қавли худи ӯ, зинаҳои мазкур изҳори назар карда, доир ба ҳар яки онҳо рубоиҳо интихоб намуда, онҳоро шарҳу маънидод кардааст. Ӯ ҷамъан 40 рубоии шоирро мавриди шарҳу тавзеҳ қарор додааст. Шарҳу маънидоди муаллиф дар аксари мавридҳо воқеӣ ва боварибахш мебошанд. Махсусан шарҳи рубоии зерин басо ҷолиб ва шавқангез аст.
Ҳарчанд димоғи ҳақписад аст ин ҷо,
Ё нашъаи таҳқиқ баланд аст ин ҷо.
Азбас ба хаёли хоксорӣ задаем,
Хуни Мансур хушкбанд аст ин ҷо.
Муаллиф дар шарҳи ин рубоӣ навиштааст. “Дар мабоҳаси гузашта гуфта шуд, ки урафо аз лиҳози маслак ва машраб бо ҳам мутафовутанд ва ҳар як аз онҳо ба қадри истеъдоди худ маърифат касб намуда, ба роҳе равонанд, ки ҳақиқатро дар он ташхис додаанд. Ҳазрати Мансур, ки аз урафои қарни саввуми ҳиҷрист, он чунон шӯру валвала дар олами тасаввуф барпо намуда, ки кам касе аз сӯфия чунин растохезеро ба ёд доранд. Ин шахсияти бузурги ирфон ба садои баланд “аналҳаӣ” гуфт ва фасли тозаро дар тасаввуф рӯи кор овард. Агарчи ин садо, ки аз ҳанҷараи ӯ баромад, нидои ҳақ буд, на садои Мансур, аммо бо вуҷуди он вайро ба ин ҷурм муохаза намуданд ва пас аз муҳокама ба дор овехтанд. Чунончи, аз қатароти хуни ӯ низ садои “аналҳаӣ” шунида шуд ва то охирин асаре, ки аз вай боқӣ буд, аз изҳори ин иддао хомӯш намонд.
Ҳар гоҳ ин ҷараёнро аз нигоҳи тасаввуф мавриди арзёбӣ қарор диҳем, маълум мешавад, ки мақоми мансурӣ яке аз аҳволест, ки бояд урафо онро дарёбанд ва аз он убур кунанд. Ва инро мақоми ҷамъ ё итсол мегӯянд. Ва ҳар орифе ки ба ин мақом расид, мағлуби ҳоли худ гардида ва ҳамин ранг даое аз вай ба зуҳур мерасад… Алой ҳол, гуфтем, ки аз хуни ҳазрати Мансур ҳам садои ҳақ баланд шуд. Биноан Абулмаонӣ дар рубоии худ ба ҳамин матлаб тамос гирифта, аз хун ёде мекунад ва дар паҳлӯи он равиши худро низ тавзеҳ мефармояд ва мегӯяд, ки агарчи мо ҳам димоғи ҳақписанд дорем ва ҳамин тавр нашъаи таҳқиқи мо ҳам баланд аст, вале чун ба хоксорӣ ниёзи бештаре дорем, лиҳозо дар назди мо хуни Мансур равонӣ ва тарӣ надорад. Дар ин ҷо Адбулмаонӣ аз ҳолу мақоми худ хабар медиҳад ва бо истеъмоли калимаи “ин ҷо” матлабро ҳаср намуда, мефармояд, ки мо ҳам мисли Мансур ба мақоми ҷамъ ё итсол расидаем, вале бо тавфиқоти илоҳӣ аз ин мақом моро гузарониданд ва моро ба мақоми хоксориву бандагӣ расониданд ва ба шинохти ҳадду ҳудуди худ тавфиқ доданд. Биноан мо бо ҳама ҳақписандӣ ва ҳақпарастӣ мӯҳри сукутро бар лаб ниҳодем ва чунин иддаое нанамудем. Ба иборати дигар, чун хуни Мансур тарӣ ва равонӣ дошт, аз он садои ҳақ мутасоид гардид, магар мо ба хоксорие гироидем, ки тарӣ ва равонӣ дар он нест ва хушкбанд аст. Биноан аз мо чунин садое баланд намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё