Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умуман, “Шарҳи рубоиёти Бедил” рисолаи ҷолиб ва дорои нуктаҳои тозаву аҷиб аст. Бо вуҷуди ин бо баъзе фикру мулоҳизаҳои муаллифи он ҳамроҳ шудан душвор аст.
Пеш аз ҳама гуфтан лозим аст, ки мазмуни рубоии Бедил “Эй шавқи ту дар касби фунун гармталош”-ро аз таълимоти суфиёнаи шоир иборат донистан саҳеҳ нест. Яъне калимаҳои дарду ибрат, сулуку таҳқиқу маошро сирф ба маънои сӯфиёна фаҳмидан доираи мавзӯи рубоиёти Бедилро маҳдуд кардан аст. Зеро дар рубоии мазкур сухан дар хусуси мавзӯъ ва мундариҷаи девони рубоиёти шоир меравад. Дарду ибрату сулуку таҳқиқу маош берун аз олами ирфон низ вуҷуд дошта метавонад. “Афкору андешаҳои ин сӯфии тамом беш аз дигар осор дар рубоиёти вай таҷаллӣ намуда” аст, гуфтани ӯ низ мавриди тааммул аст. Мурод аз “афкору андешаҳо” агар афкори сӯфиёна бошад, ин фикр низ воқеият надорад. Дар муқояса бо ғазалиёту маснавиҳои шоир ифодаи андешаҳри сӯфиёна дар рубоиёти ӯ хеле кам ба назар мерасад. Сониян, таълимоти ирфонии Бедилро аз панҷ зинаи мазкур иборат донистан низ саҳеҳ нест. Зеро олами ирфонии шоир басо васеъ ва рангоранг аст.
Муаллиф аз тарзи зиндагии аҳли сулук сухан карда, накӯӣ, боадабӣ, хоксорӣ, истиғопешагӣ, саховатмандӣ барин хислатҳои ҳамидаи умумиинсониро хоси аҳли тариқат ба қалам дода, бад-ин роҳ доираи фаолияти мафҳумҳои мазкурро хеле маҳдуд тасаввур намудааст.
Ва ниҳоят, шарҳу тавзеҳи баъзе рубоиёт низ воқеӣ ва боварибахш нестанд. Чунончи, рубоии зерини шоир:
Гар ибрати аҳвол китоб аст ин ҷо,
Таҳсили камолат аз чӣ боб аст ин ҷо?
Дониш бар ҷаҳл мекашад хат ба замин,
Бедорӣ сар ба пои хоб аст ин ҷо.
чунин шарҳ дода шудааст: “Дар ин рубоӣ Абулмаонӣ ибрат аз аҳволи китобро мавзӯи баҳс қарор дода, мефармояд, ки танҳо аз мутолааи китоб ибрат ҳосил намешавад, балки аз мутолааи китоб илм ҳосил мешавад. Илме ки соҳаи амалӣ ва татбиӣ дорад. Ҳар гоҳ илму амал тавъам набошад, таҳсили камол муяссар нест. Ва инчунин илму дониш ба бедоре мемонад, ки сари худро ба пои хоб гузошта бошад. Ба иборати дигар, китоб ҳовии илму дониш буда, улум дар он мундариҷ аст. Аммо ин улуми мундариҷа олиме ҳам ба кор дорад, то онро дар амал бикашонад. Дар ғайри он чӣ ҳосиле аз илм мутараттиб хоҳад буд”.
Ин шарҳи то андозае тӯлонии муаллифи мӯҳтарам ба мазмуни рубоии боло ҳеҷ гуна наздикӣ надорад. Дар рубоии мазкур дар хусуси чизи тамоман дигар сухан рафтааст. Ин ҷо дар бораи беқадрии донишу донишманд ва қадру эътибор доштани ҷаҳолату нодонӣ сухан меравад. Шоир гуфтанист, ки агар ибрат гирифтан аз аҳволи мардум, панд гирифтан аз зиндагии одамон барои ту китоб бошад, яъне аҳволи мардум бароят чун китоб шоиста ва сазовори мушоҳадаву муроқаба бошад, агар аз тарзи зиндагии одамони замони худ огоҳ бошӣ, аҳволи онҳоро чун китоб мутолаа кардан ва аз он мутолаа ибрат гирифтан тавонӣ, таҳсили камол бароят зарурат надорад. Ба таъбири дигар, агар ба зиндагии мардум ба чашми ибрат нигарӣ, аз зиндагии онҳо сабақею панде гирифтан тавонӣ, пас чаро таҳсили камол мекунӣ? Чаро илму маърифат меомӯзӣ? Таҳсили камол макун, илм маёмӯз. Зеро аҳволи мардум нишон медиҳад, ки дар ин замона донишу донишманд қадру қиммат надорад.

пешина
аз 250
навбатӣ