Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баракс, ҷаҳолату нодонӣ соҳиби обрую эътибор ҳастанд. Мартабаи аҳли илму фан аз мартабаи ҷоҳилону нодонон пасттар, эътибору обрӯи ҷоҳилон аз эътибори оқилон бештар аст. Доно ба мақому мартабаи ҷоҳил назар карда, бар замин хат мекашад, яъне аз ҳоли зору залили худ хиҷолат мекашад, шарм медорад, аз ҳастӣ, аз зиндагии худ пушаймон мешавад.
Дар ин замона бедорӣ, яъне доноӣ, сар бар пои хоб, яъне ҷоҳилӣ, мегузорад, оқил ба ҷоҳил таъзим менамояд, хидмати ӯро ба ҷо меорад. Доно дар назди ҷоҳил хору залил ва нописанд аст. Агар аҳволи донишу донишманд ҳамин бошад, ҷаҳолату нодонӣ даст болою донишу донишманд дасткӯтоҳ бошанд, пас таҳсили камол намудани ту, илму маърифат омӯхтани ту чӣ даркор?
Рисолаи дуввум, яъне “Калиди ирфон”, бино бар ишораи худи муаллиф, дар соли 1354 шамсӣ таълиф шудааст ва чунонки гуфтем, пас аз 16 соли таълифаш, дар соли 1370 рӯи чопро дидааст. Рисола аз рӯи нусхаи дастхати муаллиф чопи офсет шуда, 253 саҳифаро дарбар дорад. Дар он наздик ба 300 байти душворфаҳми Бедил, ки иқтибос аз ғазалҳои гуногунанд, шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Мутаассифона, дар ин рисола низ шарҳу маънидоди на ҳамаи байтҳо саҳеҳу воқеӣ ба назар мерасанд. Муаллиф дар шарҳу тавзеҳи баъзе байтҳо аз асли мақсади шоир хеле дур рафтааст. Чунончи, ӯ байти машҳури “Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд, Одамӣ ҳам, пеш аз он к-одам шавад, бӯзина буд”-ро мавриди баҳс қарор дода, фикри дар он байт ифодаёта, яъне масъалаи маълуми аз маймун пайдо шудани инсонро рад намуда, шарҳи тамоман ғайривоқеиро пешниҳод кардааст. Ӯ навиштааст: “Ба истилоҳи эшон (сӯфиҳо – Б.Р.), ҳаюло мурод аз қобилият ва ҷавҳарест, ки дар маърифати ҳақ ба кор бурда мешавад. Зеро сӯфияи киром муроди аслӣ аз хилқат (ро) маърифат ва шинохт медонад. Лиҳозо, ҳар кӣ маърифат надошта бошад, ҳайвон мепиндоранд. Ибни Арабӣ ҳаюлоро истеъдоди маърифат медонад. Тибқи ишораи Бедил дар “Ирфон” ҳаюло ҳамон ҷавҳари аслии маърифат аст. Ва ин ҷавҳари аслӣ, ки дар вуҷуд аст, ба асари касби баъзе тақво ва риёзат ба зуҳур мерасад ва қабл аз зуҳури маърифат инсон ҳайвоне беш нахоҳад буд. Аз калимаи “бӯзина” мурод ҳайвон аст” (саҳ. 93-94).
Муаллиф шарҳи худро идома дода навиштааст, ки “ҳаюло аз назари Бедил яке аз румузи тасаввуф аст, на баҳси ҳикмату фалсафа, зеро агар баҳси ҳикмат мебуд, ҳаюло абъод медошт ва дорои тӯлу арз мебуд”.
Аҷиб аст, ки муаллиф байти мазкурро ба таври худ тавзеҳ дода, дар айни замон таъкид кардааст, ки ин байт аз они Бедил нест ва дар куллиёташ низ дида намешавад.
“Ҳар гоҳ назари шахсии маро пурсанд,

  • навиштааст ӯ,
  • ман ин байтро аз Абулмаонӣ намедонам ва дар куллиёти вай низ дохил нест” (саҳ. 196).
    Дар хусуси шеъри Бедил надонистани байти мазкур муаллифи мӯҳтарам, шояд, ягон далеле дошта бошад. Вале ин байт “дар куллиёти вай дохил нест” гуфтани ӯ дурӯғ аст, дурӯғи маҳз. Байти мазкур дар ҳардуи нашрҳои комили куллиёти Бедил – нашри Сафдарӣ – (Бамбай, 1882, Ғазалиёт, саҳ. 160) ва нашри Кобул (ҷилди аввал, 1341, саҳ. 692) мавҷуд аст (Дар бораи маънои байти мазкур ниг. ба мақолаи “Шарҳи як байти Бедил” дар ҳамин маҷмӯа).
пешина
аз 250
навбатӣ