ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Чунон ки маълум аст, намунаҳои осори Бедил ба чанде аз забонҳои дигар, аз ҷумла ба забони ӯзбекӣ, низ тарҷимаву нашр шудаанд. Яке аз тарҷимаҳои ӯзбекии осори шоир мунтахаби рубоиёти ӯст, ки бори аввал дар соли 1974 ва бори дуввум дар соли 1986 ба табъ расидааст. Нашри аввали мунтахаб 408 рубоӣ ва нашри дуввуми он 439 рубоиро дар бар кардааст. Мунтахабро муҳаққиқи тоҷик Расул Ҳодизода интихоб ва мураттаб кардаасту тарҷимаи он ба қалами олими ӯзбек Шоислом Шомуҳаммедов тааллуқ дорад. Мураттиби маҷмӯа Расул Ҳодизода дар охири он тавзеҳоти муфассале навишта, дар баробари зикри баъзе масоили назарии омӯзиши Бедил мазмуни 48 рубоии ӯро низ шарҳу тавзеҳ додааст.
Дар соли 1992 дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” (Душанбе) зери рубрикаҳои “Шарҳи Бедил” ва “Минбари баҳс” мақолае чанд бо унвонҳои “Дастор ҷӯшонад” (16 май), “Аз душвориҳои Бедил” (20 май), “Як ғазали Абулмаонӣ” (10 июн), “Сари мӯе гар ин ҷо хам шавқ, бишкан кулоҳ он ҷо” (22 июл), “Дидаи мо як қадам пеш аст аз мижгони мо” (11 август) ва ғайра ба табъ расиданд, ки ба қалами Ислом Исмоил ном шахс тааллуқ доранд.
Мутаассифона, ин навиштаҳо ба дараҷае бебунёд ва дур аз воқеият ҳастанд, ки кирои онҳоро баррасӣ кардану ба муаллифи онҳо баҳс намудан намекунад. Хуб шуд, ки шоир Ғаффор Мирзо ва музаққиқон Расул Ҳодизодаву Ансор Афсаҳ дар тардид ва такзиби мақолаҳои Ислом Исмоил чандто мақола навишта, ба бедилшиносӣ ва бедилфаҳмонии ӯ хотима доданд (Ниг.: Ҷумҳурият, 23. У. 1992, 5. IX. 1992 ва 24. Х. 1992).
Охирин асаре, ки дар мавзӯи шарҳи осори Бедил таълиф шудааст, рисолаи муҳаққиқи афғонистонӣ Абдулғании Барзинмеҳр аст, ки бо номи “Андарз шунидан дар оинахона” ё худ “Ҷусторе дар муддао ва масали Бедил” дар соли 2000 дар Пешовар ба табъ расидааст. Ҳиҷми рисола 120 саҳифа буда, ду бахши асосиро дарбар кардааст. Бахши аввал, ки “Кӯтоҳнигарише бар зиндагӣ ва осори Бедил” унвон дорад, аз шарҳи мухтасари зиндагӣ ва баррасии иҷмолии эҷодиёти шоир иборат аст. Бахши дуввум – “Муддао ва масал дар лобалои ғазалиёти Бедил” – шарҳу тавзеҳи тақрибан 120 байти шоирро фаро гирифтааст. Дар охири рисола ба ғайр аз байтҳои ташреҳшуда боз 245 байт ба ҳайси илова дарҷ гардидааст. Дар рисола байтҳое шарҳу тавзеҳ ёфтаанд, ки дар санъати тамсил ё худ ташбеҳи мураккаб иншо шудаанд. Дар ин гуна байтҳо, чунон ки маълум аст, ин ё он фикр дар мисрае ифода шуда, дар мисраи дигар бо мисолҳо тасдиқу тақвият меёбад. Бино бар ташреҳи муаллифи рисола, ин гуна байтҳо дар Афғонистон бо номи “муддао ва масал” ёд мешудаанд. Ду байти зерин аз қабили ҳамин хел байтҳо мебошанд.
Озори золим аз асари дастгоҳи ӯст,
Бедил, ба хун нишастани ханҷар зи даста аст.
Х Х Х
Золим аз бедастгоҳӣ нест бе тамҳиди зулм, Дар ҳақиқат, арра шамшер аст, чун дандона рехт.
Рисолаи Абдулғании Барзинмеҳр умуман асари хонданист. Шарҳу тавзеҳи ӯ дар бештари мавридҳо воқеӣ ва боварибахш садо медиҳанд. Вале, азбаски маводи ташреҳ якхела аст, баёни мавзӯъ низ то андозае якрангу якнавохт баромадааст.
Шарҳи баъзе порчаҳои шеърӣ ва байтҳои мушкилфаҳми Бедилро дар рисолаҳои Хоҷа Ибодуллоҳи Ахтар “Бедил” (Лоҳур, 1952), устод Садриддин Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил” (Сталинобод, 1954), Холида Айнӣ “Бедил ва достони ӯ “Ирфон” (Сталинобод, 1956), китоби Ҳасани Ҳусайнӣ “Бедил. Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ” (Теҳрон, 1368) ва мақолаҳои Мавлоно қурбат “Шарҳи як байти Бедил” (маҷаллаи “Ирфон”, Кобул, 1331, № 3), Муҳаммадисмоили Асбаӣ “Ду шеъри Бедил” (маҷаллаи “Ирфон” Кобул, 1333, № 4), Майвандвол “Хитоби Бедил” (маҷаллаи “Ирфон”, Кобул, 1335, № 10), Евгений Бертелс “Бедил ва таълимоти ӯ дар бораи эволютсия (Е. Э. Бертельс, История литературы и культуры Ирана, М. 1988), Муҳаммад Ансор “На ҳар к-ӯ варақе хонд, маонӣ донист” (рӯзномаи “Омӯзгор” 13. 02. 1991), Муҳаммаддовуди Ҳаёт “Каҷфаҳмиҳо дар шарҳи абёт” (рӯзномаи “Сомон” 21. 02. 1992), Асадуллоҳ Ҳабиб “Вожасозӣ ва одатситезии сарфӣ ва наҳвӣ дар сурудаҳои Бедил” (маҷаллаи “Фарҳанг”. Душанбе, 1993, № 1 – 3). Алии Муаллим “Ҳайратдамидаам, гули доғам баҳонаест” (маҷаллаи “Шеър: Теҳрон, 1374, № 1-7), Парвиз Аббосӣ “Оинаи ҳайрат” (ҳафтаномаи “Наҷот” Душанбе, 2000 №№ 13-14) низ пайдо намудан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё