ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ва ниҳоят, тайи чанд соли охир дар саҳифаҳои маҷаллаи “Маърифат” (Душанбе, 1994- 2002) шарҳу тавзеҳи беш аз 60 ғазали Бедил ба табъ расид, ки ба қалами собиқ сардабири маҷалла марҳум Муҳаммад Ансор ва муаллифи ин сатрҳо тааллуқ доранд.
ШАРҲИ ЯК БАЙТИ БЕДИЛ
Дар байни осори фаровони Мирзо Абдулқодири Бедил (1644 - 1720)шеърҳое ба назар мерасанд, ки нисбат ба ашъори дигари ӯ шӯҳрат ва маъруфияти бештар доранд. Яке аз чунин шеърҳо байти зерин аст:
Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,
Одамӣ ҳам, пеш аз он к-одам шавад, бӯзина буд.
Ин байт дар адабиёти зиёди илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба маъниҳои гуногун таҳлил ва шарҳу тавзеҳ шудааст. Чунончи, дар маҷмӯаи дастҷамъии “Намунаҳои адабиёти тоҷик” (Сталинобод, 1940), китоби устод Садриддин Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил” (Сталинобод, 1954), мақолаи Е. Э. Бертелс ”Бедил ва таълимоти ӯ дар бораи эволютсия” (Е.
Э. Бертельс, История литературы ин культуры Ирана, М. “Наука” 1988), китобчаи Ҳафиз Рауфов ва Азизӣ – Мешкин “Бар зидди хурофоти динӣ” (Сталинобод, 1964) ва нашрҳои гуногуни китоби дарсии мактаби миёна гуфта шудааст, ки Бедил дар ин байт ягонагӣ ва бо ҳам алоқамандии модда ва шаклро таъкид намуда, ба масъалаи аз маймун пайдо шудани инсон низ ишора кардааст.
Масалан, муаллифони бахши “Бедил” дар “Намунаҳои адабиёти тоҷик” шоирон Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва Абдусалом Деҳотӣ дар асоси байти мазкур навиштаанд:
“Бедил дар масъалаи пайдоиши одам ҳам ба муқобили рӯҳониён мебарояд, вай дар ин бора ба нуқтаи назари илмӣ-материалистӣ наздик шуда, аз маймун пайдо шудани одамро тасдиқ мекунад”.
Устод Айнӣ ба тарзи ифодаи мазмуни байт диққат дода, таъкид кардааст, ки Бедил дар ин байт ба ақидаи аз маймун пайдо шудани инсон танҳо ишора кардааст. Ин фикр ихтирои худи ӯ нест. Устод навиштааст: “Мо дар охири қисми эҷодиёти ин шоири файласуф ба болои як ғазали ӯ меистем, ки дар вай ба тарзи мисол масъалаи аз маймун расида баромадани одамро қайд кардааст. Дар ҳикмати қадим моддаи аслӣ ва асосии хилқати чизҳоро ҳаюло ном чизе мешуморанд, ки ҳар чиз бо таркиби оташу обу боду хок дар вай ташаккул ёфта сурати худро пайдо мекунад ва муаллиф, ки ба ҳамин назария боварӣ дорад, барои исботи ин “чунончи одам пеш аз пайдо кардани сурати одамият бӯзина буд”, мегӯяд”. Устод Айнӣ идома медиҳад: “Бо ҳамаи ин мо ҳеҷ гоҳ намегӯем, ки Бедил ин назарияро ихтироъ кардааст ё ба тарзе ки дар асри Х1Х аз тарафи Дарвин ба сурати илмӣ дар муҳокимаи донишмандон гузошта буд, фикр кардааст”. “Лекин,
- илова менамояд устод,
- мумкин аст, ки ин назария дар афсонаҳои ҳинди қадим бошад ва Бедил аз ин афсона барои исботи фаолияти ҳаюло ва сурат, ки барои ӯ хеле муҳим аст, фоида бурда бошад”.
Евгений Бертелс дар тавзеҳи назари Бедил ба масъалаи инкишофи тадриҷӣ (эволютсия) ба шарҳу маънидоди байти мазкур иктифо накарда, тамоми ғазалро, ғазале ки байт аз он гирифта шудааст, тарҷимаву таҳлил намудааст. Ӯ роҷеъ ба маънои байт мулоҳаза намуда, тавзеҳ додааст, ки Бедил модда ва шаклро аз ҳам ҷудонашаванда медонад, зеро, ба ақидаи ӯ, шакл бе модда зоҳир намешавад ва модда низ бе шакли муайян вуҷуд дошта наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё