ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бертелс навиштааст, ки Бедил, воқеан, ба масъалаи аз маймун пайдо шудани одам ишора кардааст. Вале ин ишора аз назарияи эволютсионии Дарвин ба куллӣ фарқ мекунад.
Назарияи Дарвин дар асоси мушоҳада ва муроқабаи бевоситаи табиат ба вуҷуд омада бошад, ишораи Бедил асоси идеалистиву хаёлӣ дорад. Бертелс қайд кардааст, ки фикри аз маймун ба миён омадани инсон фикри нав нест. Ин ақидаро дар таълифоти мутафаккирони пешин низ дидан мумкин аст.
Бар хилофи ақидаи муҳаққиқони мазкур, гурӯҳи дигари муаллифон байти мазкурро ба маъноҳои дигар фаҳмидаанд. Аз ҷумла, муаллифи афғонистонӣ Абдулҳамиди Асир, ки бо номи Қандиоғо низ маъруф аст, дар “Калиди ирфон” (соли нашр 1370 шамсӣ) ном китоби худ дар шарҳи байти мазкур навиштааст:
”Ба истилоҳи эшон (сӯфиҳо – Б.Р.) ҳаюло мурод аз қобилият ва гавҳарест, ки дар маърифати ҳақ ба кор бурда мешавад. Зеро сӯфияи киром муроди аслӣ аз хилқат(ро) маърифат ва шинохт медонанд. Лиҳозо, ҳар кӣ маърифат надошта бошад, ҳайвон мепиндоранд. Ибни Арабӣ ҳаюлоро истеъдоди маърифат медонад. Тибқи ишораи Бедил дар “Ирфон”, ҳаюло ҳамон гавҳари аслии маърифат аст. Ва ин гавҳари аслӣ, ки дар вуҷуд аст, ба асари касби баъзе тақво ва риёзат ба зуҳур мерасад ва қабл аз зуҳури маърифат инсон ҳайвоне беш нахоҳад буд. Аз калимаи бӯзина мурод ҳайвон аст”
.
Муаллиф шарҳи худро идома дода, навиштааст, ки “ҳаюло аз назари Бедил, яке аз румузи тасаввуф аст, на баҳси ҳикмату фалсафа. Зеро агар баҳси ҳикмат мебуд, ҳаюло абъод медошт ва дорои тӯлу арз мебуд. ” Аз ин шарҳи муаллиф ҳамин қадар фаҳмида мешавад, ки калимаи “ҳаюло” дар байти Бедил ба маънои қобилияти маърифат кардан будааст ва маънои байт ин буда, ки шахси дорои ҳаюло набуда бӯзина, яъне ҳайвон, аст.
Ба фикри мо, ин шарҳ шарҳи зӯраки ё худ шарҳ аз ночорист. Ночорӣ на ба маънои он, ки муаллиф мақсади шоирро нафаҳмидааст. Баръакс, ӯ аз баёни маънии ҳақиқии байт қасдан худдорӣ кардааст. Яъне ишораи Бедил ба масъалаи аз маймун пайдо шудани инсон ба ӯ хуш наомадааст. Ба назари ӯ, Бедил на бояд ин гуна фикрҳо дошта бошад. Чун шарҳи ӯ худи ӯро қонеъ карда натавонистааст, ӯ роҳи дигарро ҷуста, иддао кардааст, ки байти мазкур аз Бедил нест.
“Ҳар гоҳ назари шахсии маро пурсанд, – навиштааст ӯ,
- ман ин байтро аз Абулмаонӣ намедонам ва дар куллиёти вай низ дохил нест.
” “Ин байтро аз Абулмаонӣ намедонам” гуфтани муаллиф, шояд, бедалел набошад. Вале «дар куллиёти вай низ дохил нест» гуфтанаш дурӯғ аст, дурӯғи маҳз. Байти мазкур дар ҳарду нашрҳои комили куллиёти Бедил – нашри Сафдарӣ (Бамбай, 1299 ҳ. ҷ. Ғазалиёт, саҳ. 160) ва нашри Кобул (ҷилди аввал, 1341 ш. саҳ. 692) мавҷуд аст.
Муаллифи дигаре, ки байти мазкурро ба таври ғайриананавӣ шарҳ додааст, шодравон Муҳаммад Ансор мебошад. Ӯ дар мақолаи «…На ҳар к-ӯ варақе хонд, маонӣ донист»
(ҳафтаномаи «Омӯзгор» аз 13. 02. 1991) таҳлили ашъори шоирони пешин дар китобҳои дарсиро мавриди накӯҳиш қарор дода, ба ҳайси мисол чанд шеъри Бедил, аз ҷумла байти мавриди маҳсро низ зикр намудааст. Инак, бахши оид ба байти мазкури мақолаи ӯро иқтибос менамоем. Ӯ навиштааст: «Мехоҳам боз як мисол аз Бедил биёварам, ки хеле машҳур аст:
Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,
Одамӣ ҳам, пеш аз он к-одам шавад, бӯзина буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё