ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданШарҳи олимро (муаллифи китоби дарсиро – Б.Р.) мехонем: «Бедил мегӯяд, ки ҳеҷ чиз бе ҳаюло, яъне бе модда шакл нагирифтааст ва одамӣ, пеш аз он ки ба шакли одамият дарояд, бӯзина – маймун буд». Аз навиштаи олим хулоса мебарояд, ки – идома медиҳад Муҳаммад Ансор,
- Бедил назарияи аз маймун ба вуҷуд омадани инсонро пештар аз Дарвин кашф кардааст. Вале дар байти боло бӯзина барои Бедил чун рамзи шартии ҳайвон хидмат кардаасту бас. Бедил метавонист, ки умуман ҳайвон гӯяд ва ё ягон навъи ҳайвонро ном барад. Бедил дар ҳақиқат ҳайвони ба одам монандро ёфта, фикри худро барҷаста ифода кардааст. Фақат ғарази ӯ аз маймун пайдо шудани одам набудааст. Бедил ҳамон фикри маъмулро, ки инсонро афзали махлуқот (беҳтари офариниш) медонад, таъкид кардааст. Ва модда (ҳаюло)-и нутӣ сухан (хирад) аст, ки одамро аз соири ҳайвонот, аз ҷумла маймун, тафовут медиҳад».
Тавре ки дида мешавад, таҳлили байт дар китоби дарсӣ ҳамон аст, ки дар «Намунаҳои адабиёти тоҷик», китоби устод Айнӣ ва мақолаи Евгений Бертелс дида мешавад. Муаллифи китоби дарсӣ таҳлили худро, шояд, аз ҳамин манбаъҳо гирифта бошад. Аз ин рӯ, сарзаниш кардани ӯ дар ин ҷо бемаврид ва беасос аст. Гузашта аз ин, таҳлили мазкур чандон бебунёд ва носолим ҳам нест, ки муаллифи он сазовори ин гуна коҳишу сарзаниш бошад.
Ҳамин гуна рӯҳияи тезу тундро дар мақолаи Муҳаммаддовуди Ҳаёт «Каҷфаҳмиҳо дар шарҳи абёт» (ҳафтаномаи «Сомон» аз 21. 02. 1992) низ мушоҳада кардан мумкин аст. Ин муаллиф низ ба маънидоди байти мавриди баҳс дар китобҳои дарсӣ эрод гирифта, аз ҷумла навиштааст:
«Албатта, ҳамоқат аст, агар муаллими фанни адабиёт Мирзо Абдулқодири Бедилро дарвинист ном барад, ба сабаби ин байти машҳураш, ки:
Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,
Одамӣ ҳам, пеш аз он к-одам шавад, бӯзина буд.
Ҳол он ки сӯфии бузург на ба ин мақсад ин байтро гуфта буд, то моркисистон кӯшиш ба харҷ диҳанд суханони безаволи гузаштагони моро бо афкори моркисистонаи худ ҳамоҳанг намоянд. Барои соҳибзавқон ин байтро шарҳи кӯтоҳ дода мегузарем, чунки ҳамзабонони мо имрӯз аз лаззати фаҳмиши ин суханони «адимулмисол» бебаҳраанд. Аввал пеш аз шарҳи ин байт мо мебинем, ки ҳазрати Бедил яке аз мутафаккирони бузург ва муриди Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ аст. Пас ин шеър аз қисми ашъори сӯфиёна аст. Мақсади Бедил дар ин байт он аст, ки чун шакл бе ҳаюло соҳиби сурат нест, одамӣ низ бе бӯзинагӣ одам намешавад, яъне одам то худошинос шудан ҳукми одамӣ надорад, балки ҳукми баҳоимро дорад. Ин аст мазмуни ин байт, ки моркисистон мувофиқи табъи худ шарҳ додаанд».
Шарҳу маънидоди Муҳаммаддовуди Ҳаёт шарҳи Абулҳамиди Асирро ба хотир меорад. Ӯ низ ба маънои воқеии байт сарфаҳм рафтаасту қасдан суханро ба дигар тараф, ба тарафи худошиносӣ, бурдааст.
Ба назари мо, дар хусуси маънои мисраи дуввуми байт ҳақ ба ҷониби муаллифони гурӯҳи аввал, яъне устод Айнӣ ва дигарон аст. Дар ин ҷо, воқеан, дар бораи аз маймун пайдо шудани инсон сухан рафтааст. Вале мисраи якум, ба фикри мо, баёнгари муносибати моддаву шакл нест. Мисраи аввал маънои онро надорад, ки ҳеҷ шакле бе модда, бе материя вуҷуд дошта наметавонад ё худ ҳеҷ шакл бе модда ба сурат табдил намеёбад. Гап дар сари он аст, ки калимаи «ҳаюло» дар ин ҷо ба маънои ҷавҳар, асл, модда ё худ материя нест. Ин калима дар ин ҷо маънои дигар дорад, ки дар борааш баъдтар таваққуф мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё