Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар сурати ба маънои модда (материя) фаҳмидани калимаи «ҳаюло» аз мисраи аввал як маънои оддӣ ва муқаррарӣ бармеояд. Маъние бармеояд, ки бе таъйид ва таъкиди шоир ҳам маълум аст. Маълум аст, ки чи шакл ва чи сурат бе модда вуҷуд дошта наметавонанд.
Мақсади шоир дар ин ҷо нишон додани инкишоф ва сифати нав гирифтани шакл аст, на таъйиди ягонагӣ ва бо ҳам алоқамандии моддаву шакл.
Инак, ба асли мақсад мегузарем ва байтро, ба он тарзе ки мо мефаҳмем, маънидод мекунем. Маънидоди байтро аз шарҳи калимаҳои он оғоз менамоем.
Калимаи «шакл» дар ин ҷо ба маънои аслии худ, яъне намуд ва зоҳири ҳар чиз аст.
Калимаи «сурат» ҳам ба маънои шакл аст, аммо шакли ба камол расида, шакли сифатан нав ё худ зинаи олии шакл. Ба таъбири худи Бедил гӯем, сурат зинаи охирини шакл аст, хатми намуд аст:
Ба маънӣ, ки асли шуҳуд асту бас,
Ба сурат, ки хатми намуд асту бас. (Муҳити аъзам).
Калимаи «ҳаюло» дар ин байт, чунон ки гуфтем, ба маънои маъмули он, яъне модда (материя), асл ва ҷавҳар нест. Ин калима дар ин ҷо ба маънои барзах, пул (кӯпрук), ҳалқаи пайванд, воситаи гузариш ва амсоли инҳо истифода шудааст. Яъне ба маънои чизест, ки миёни ду чизи гуногун воқеъ аст ва умумияту наздикие ба он ду чиз дорад. Ба мисли аъроф, ки ҳаюлост миёни ҷаннату дӯзах, бӯзина, ки барзах аст байни ҳайвону инсон, мардумгиёҳ, ки ҳалқа аст байни наботу ҳайвон ва марҷон, ки купрӯкест миёни ҷамоду набот.
Гуфтан лозим аст, ки ҳаюло ба маънои барзах дар баъзе лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ низ дучор мешавад. Чунончи, мардуми Дарвоз махлуқи хаёлии нимҳайвону ниминсонро бо номи ҳаюло ёд мекунанд.
Инак, маънои мисраи аввал чунии бояд бошад: ҳама гуна шакл, пеш аз он ки ба сурат табдил ёбад, бояд давраи ҳаюлоиро низ аз сар гузаронад. Бе воситаи гузариш, бе ҳалқаи пайванд шакл якбора ба сурат мубаддал намегардад. Шакл, қабл аз он ки ба марҳалаи сифатан нав, яъне сурат гузарад, бояд зинаеро тай намояд, ки ин зина ҳам ба худи ӯ монанд бошаду ҳам ба марҳалаи пешоянд, ки сурат аст. Ин маъниро агар дар доираи васеътар, дар мисоли ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ифода намоем, чунин сурат мегирад, ки дар байни зинаҳои гуногуни инкишофи ҷамъият марҳалаҳое мавҷуданд, ки ҳам дорои хусусиятҳои зинаи пеш аз худанду ҳам дорои хусусиятҳои зинаи баъд аз худ. Масалан, давраи гузариш, ки дар байни форматсияҳои феодалӣ ва сармоядорӣ мавҷуд аст. Ё худ давраи гузариш, ки дар байни иқтисоди планӣ ва иқтисоди бозаргонӣ воқеъ аст.
Маънои мисраи дуввум ин аст, ки инсон дар ҷараёни инкишофи худ аз зинаи ҳайвонӣ то зинаи инсонӣ марҳалаеро тай намудааст, ки он марҳала марҳалаи бӯзинагист, яъне инсон, пеш аз он ки ба дараҷаи инсонӣ расад, дар баробари тай кардани зинаҳои маълуми инкишоф
– ҷамодӣ, наботӣ ва ҳайвонӣ зинаи барзахӣ ё худ ҳаюлоиеро бо номи зинаи бӯзинагӣ низ тай кардааст. Алоқамандии мисраъҳои байт аз он иборат аст, ки фикри асосӣ дар мисраи аввал ифода ёфтаасту мисраи сонӣ тамсил ё худ исботи он фикр аст. Шоир гуфтанист: маълум аст, ки инсон пеш аз инсон шудан мароҳили зиёде, аз ҷумла марҳалаи бӯзинагиро аз сар гузаронидааст. Ё худ инсон пеш аз тарк кардани зинаи ҳайвонӣ ва ворид шудан ба зинаи инсонӣ барзахи ин ду зина – зинаи бӯзинагиро низ гузаштааст. Монанд ба ҳамин, шакл низ пеш аз ба сурат табдил ёфтанаш, барзах ё худ ҳаюлои шаклу суратро сайр намудааст. Тавре ки инсон то олами бӯзинагиро сайр намекард, ба мартабаи инсонӣ соҳиб намешуд, шакл низ то аз мақоми ҳаюло убур намекард, ба дараҷаи суратӣ намерасид.

пешина
аз 250
навбатӣ