Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Азбаски дар ин байт мисраи дуввум тамсили мисраи аввал аст, умумият ва таносуб дар байни калимаҳои он мавҷуд аст. Калимаи шакл мутаносиб аст бо калимаи ҳайвон. Дар мисраи дуввум калимаи ҳайвон агарчи ифода наёфтааст, вале дар назар дошта шудааст. Зеро бӯзина, ки барзах аст, барзахи байни ҳайвону одам аст. Калимаи ҳаюло мутаносиб аст бо калимаи бӯзина. Зеро ҳам ҳаюло ва ҳам бӯзина барзаханд, яке барзахи байни шаклу сурат, дигаре барзахи байни ҳайвону одам. Калимаи сурат мутаносиб аст бо калимаи одам. Зеро ҳам сурат ва ҳам одам зинаҳои олии инкишофанд, сурат зинаи олии шакл, одам зинаи олии ҳайвон.
Зоҳиран, ақидаи аз маймун пайдо шудани инсон дар замони Бедил як фикри маълум ва машҳур будааст, ки шоир онро ба ҳайси исбот ва тақвияти гуфтаи худ истифода кардааст.
Чунон ки гуфта шуд, дар таърихи тамаддуни халқҳои Шарқ ин ақида ақидаи нав нест.
Муҳаққиқи мазкур Е. Э. Бертелс дар мақолаи зикршудаи хеш навиштааст, ки ақидаи аз маймун пайдо шудани одам дар асаре бо номи «Ихвонуссафо», ки дар асри Х ба забони арабӣ таълиф шудааст, ба назар мерасад. Ин асар аз 51 мақола иборат аст ва дар мақолаи 32 он масъалаи пайдоиши оламу одам инъикос ёфтааст. Ба қавли Бертелс, раванди пайдоиш дар ин асар чунин тасвир шудааст: оғоз ва ибтидои ҳастӣ рӯҳи мутлақ ё худ зоти бечун аст. Ин зот дар танҳоӣ зоҳир ва намоён набуд. Ӯ ба мақсади ошкор сохтани хеш аввал ақлро офарид.
Аз ақл нафс пайдо шуд. Нафс сабаби пайдоиши ҳаюло (материя) гардид. Ба туфайли ҳаюло ҷараёни пайдоиш ранги моддӣ гирифт. Ин моддият дар намуди ҷисми курашакл ҷилвагар шуд. Аз ин ҷисми курашакл аввал бурҷҳои осмонӣ – Ҳамал, Сарв, Ҷавзо, Саратон ва ғайра пайдо шуданд. Сипас ҳафт сайёра – Зуҳал, Муштарӣ, Уторид, Офтоб, Миррих, Зӯҳра ва Моҳ арзи ҳастӣ намуданд. Дар зери кураи Моҳ нишонаҳои олами ҷисмонӣ – бухори латиф (эфир), ҳаво, об ва замин ба вуҷуд омаданд. Раванди таназзули рӯҳ дар ҳамин ҷо ба поён расид.
Сипас протсесси тараққӣ ё худ болоравӣ, яъне бозгашт шурӯъ шуд. Унсури асосии замин – ҷамод ба воситаи ҳалқаи мобайнӣ, яъне мағор, ба зинаи баландтар – наботӣ ворид гардид. Аз набот ба воситаи растании дуҷинса – нахл ба зинаи ҳайвонӣ қадам гузошт. Ниҳоят, аз зинаи ҳайвонӣ ба воситаи ҳалқаи мобайнӣ, яъне маймун, ба зинаи инсон ворид шуд. Инсон дар навбати худ ба туфайли пок шудан аз хислатҳои ҳайвонӣ ба сӯи асли хеш - рӯҳи мутлақ роҳ гирифт (Ниг.: Е. Э. Бертельс, История литературы и культуры Ирана, М., «Наука», 1988, стр.
346-347).
Ақидаи мазкури аз маймун пайдо шудани инсонро дар осори илмии ба забони форсӣ таълифшуда низ дидан мумкин аст. Чунончи, шоир ва сӯфии машҳур Маҳмуди Шабистарӣ (1252-1320) дар китоби «Миръотулмуҳаққиқин» раванди инкишофи инсонро аз панҷ зина – ҷамод, набот, ҳайвон, бӯзина ва инсон - иборат донистааст (Ниг.: А. Хабиб, Бедил и его произведение «Чахор унсур». Кандидатская диссертатсия М., 1973, стр. 100). Яъне ба ақидаи Маҳмуди Шабистарӣ низ инсон дар ҷараёни ташаккул ва такомули хеш дар қатори зинаҳои ҷамодӣ, наботиву ҳайвонӣ марҳалаи бӯзинагиро низ паси сар кардааст.
Дар охир илова кардан лозим аст, ки тасдиқи ақидаи аз маймун ба миён омадани инсон ҳақиқати аз хок пайдо шудани онро инкор намекунад. Маймун яке аз зинаҳои охирини инкишофи инсон аст, на маншаъ ва мабдаи пайдоиши он. Чунон ки дидем, тибқи назарияи инкишофи ботадриҷ инсон аз маймун, маймун аз ҳайвон, ҳайвон аз набот, набот аз ҷамод, ҷамод аз замин, замин аз ихтилоти чор унсур (хоку обу боду оташ), чор унсур аз бухори латиф ва бухори латиф аз рӯҳ, рӯҳи мутлақ пайдо шудаанд.

пешина
аз 250
навбатӣ