Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БЕДИЛШИКАНӢ ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД?
Чунон ки маълум аст, пеш аз Инқилоби Октябр ва бунёди сохти шӯравӣ дар байни аҳли илму адаби шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистони имрӯза маҳфилҳои бедилхониву бедилфаҳмӣ амал менамуданд, ки дар онҳо осори Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) хонда, шарҳу маънидод карда мешуд. Маҳфилҳои бедилхонӣ дар баъзе деҳаҳои атрофи шаҳрҳо низ вуҷуд доштанд. Аз мавҷудияти яке аз чунин маҳфилҳои деҳагӣ устод Айнӣ дар ҷилди аввали “Ёддоштҳо” хабар додааст (ниг. Садриддин Айнӣ, Куллиёт ҷилди 6, Душанбе, 1962, с. 295-296).
Абдурауфи Фитрат низ дар “Бедил” (Маскав, 1923) ном рисолаи худ рафти яке аз маҳфилҳои бедилхонии ибтидои асри ХХ-ро ба риштаи таҳрир кашидааст.
Маҳфилҳои бедилхонӣ дар ватани Бедил Ҳиндустон (асосан дар Деҳлӣ) низ барпо мешуданд. Тафовути маҳфилҳои Деҳлӣ аз маҳфилҳои Осиёи Миёна ин буд, ки онҳо соле як бор дар арафаи рӯзи вафоти шоъир доир мегардиданд. Ин маҳфилҳо бо номи “Урси Бедил” ёд мешуданд. Рӯзи ӯро шоъирони зиёде аз шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон ба Деҳлӣ омада, дар назди қабри шоъир ҷамъ мешуданд ва аз Куллиёти ӯ, ки дар сари қабраш мавҷуд буд, шеърҳо мехонданд.
Маҳфилҳои доимии бедилхониро дар баъзе шаҳрҳои Афғонистони асрҳои ХVIII- ХІХ низ дидан мумкин буд. Яке аз ташаббускорон ва илҳомбахшони маҳфилҳо дар ин кишвар амири вақти Афғонистон Темуршоҳи Дурронӣ (1773-1793) буд. Темуршоҳ аз мулисон ва ҳаводорони шеъри Бедил ба шумор мерафт ва барои дастрас намудану муҳофизат кардани нусхаҳои хаттии осори Бедил кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод. Дар марказҳои ҳукумати ӯ Қандаҳор ва Кобул маҳфилҳои бедилхониву бедилрасӣ амал менамуданд. Худи Темуршоҳ ва баъзеи муосирони ӯ дар татабӯъи Бедил ғазалҳо месуруданд.
Дар ибтидои асри ХХ дар солҳои ҳукмронии амир Ҳабибуллоҳхон (1901-1919) низ Бедил ва осори ӯ дар маркази диққати аҳли илму адаби Афғонистон қарор дошт. Дар ин солҳо бо ташаббус ва дастгирии бародари амир сардор Насруллоҳхон Анҷумани Бедил таъсис ёфта буд. Яке аз корҳои анҷуман таҷлил дусадумин соли вафоти Бедил буд, ки дар соли 1333 ҳиҷрӣ (1815 милодӣ) дар Кобул баргузор гардид. Хидмати дигари анҷуман таҳия ва ба чоп омода сохтани девони ғазалиёти Бедил аст. Бино бар қавли муҳаққиқи афғонистонӣ Азизуддин Вакилии Фуфалзоӣ, ҷиҳати таҳияи девони Бедил беш аз 50 нусхаи хаттӣ аз дохил ва хориҷи кишвар фароҳам гардида буд. Шоирон ва олимони бедилшиноси вақт гирди ҳам ҷамъ омада, ба муқобалаву тасҳеҳи ашъор аз рӯйи нусхаҳои мухталиф мепардохтанд ва пас аз ғавру диққат рӯйнавис карда, ба чопхона мефиристоданд. Девони нашри соли 1916, ки ғазалҳо то радифи долро дарбар дорад, аз натоиҷи кори он анҷуман мебошад (Дар ин бора ниг. ба маҷаллаи “Жувандун”, Кобул, 1339, №№41-42 ва рӯзномаи “Анис”, Кобул, 1349 8 ҳамал).
Алоқа ва дилбастагӣ ба осори Бедил дар Афғонистон дар нимаи дуюми асри ХХ низ идома ёфтааст. Дар солҳои 60-ум дар ин кишвар анъанаи қайд кардани урси шоъир аз нав зинда карда шуд. Ташаббускор ва бунёдгузори урси Бедил дар Афғонистон муҳоҷири бухороӣ шоъири намоёни Афғонистон Ҳошим Шоиқи Афандӣ (1889-1955) буд. Баъд аз вафоти Ҳошим Шоиқ ин корро шоиъири дигари Афғонистон Файзии Кобулӣ идома медод.

пешина
аз 250
навбатӣ