ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Охирин барпогари урси Бедил дар Афғонистон Муҳаммад Абдулҳамиди асир ном муҳаққиқи бедилшинос буд.
Таҷлили урси Бедил дар баъзе солҳо ба таври расмӣ сурат мегирифт ва дар сатҳи вазоратҳову Академияи улум баргузор мегардад. Чунончӣ, урси соли 1985 бо номи “Семинари байналхалқӣ ба муносибати сесаду чиҳилумин соли таваллуди Бедил” барпо шуда буд (ниг. маҷаллаи “Харосон”, Кобул, 1364, №№ 24-25). Урси Бедил бо ташаббуси муҳаққиқини Афғонистон охирин бор дар моҳи июли соли 1998 дар Душанбе баргузор гардид.
Урси Бедил дар Афғонистон, чун дар Деҳлии асри ХVIII, дар арафаи рӯзи вафоти шоъир сеюми моҳи сафар суратпазир мешуд. Дар маҳфилҳои урс илова бар қироъати ашъори Бедил дар борааш мақолаву маърӯзаҳо низ ироа мегардад ва дар васфаш шеърҳои гуногун эҷод мешуданд. Маводи дар маҳфилҳои Урс қироъатшуда дар маҷаллаву рӯзномаҳои Афғонистон интишор меёфт (ниг. ба маҷаллаи “Ориёно”, Кобул, 1329, далв-1333, ақраб).
Бар хилофи маҳфилҳои Урс дар Деҳливу Кобул, маҳфилҳои Осиёи Миёна, маҳфилҳои доимӣ буданд ва мақсади асосӣ дар онҳо фаҳмидану маънидод кардани шеъри Бедил буд.
Дар ин маҳфилҳо дар қатори калимаҳои “бедилхонӣ” , “бедилфаҳмӣ” ва “бедилрасӣ” истилоҳи “бедилшиканӣ” низ мураваҷ буд.
Ин истилоҳ дар он вақтҳо чиро ифода мекард? Аҳли илму адаби он давра онро ба кадом маънӣ ба кор мебурданд? Тавре ки дар муқаддимаи ҷилди панҷуми осори Бедил (Душанбе, 1993) ва мақолае бо номи “Тааммуле дар сабки Бедил” (Садои Шарқ, 2002, №№ 4-6) навиштаем, дар осори Бедил бо калимаҳои мураккабе дучор омадан мумкин аст, ки аз 3-4 ва ҳатто 5-6-тогӣ калимаи содда сохта шудаанд. Ин навъи калимаҳоро калимаҳои мураккаби серҷузъа мегӯянд.
Ин намуди калимаҳоро дар осори шоъирони пешин, аз ҷумла дар асарҳои Низомии Ганҷавӣ ва Саъдии Шерозӣ, низ дидан мумкин аст. Чунончӣ, маснавии “Бӯстон”-и шайх Саъдӣ бо ин байт оғоз ёфтааст:
Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухандарзабонофарин.
Тавре ки мебинем, калимаи “сухандарзабонофарин” аз чор калимаи содда-“сухан”, “дар”, “забон” ва “офарин” таркиб ёфтааст. Дар нашрҳои кириллии “Бӯстон” ҷузъҳои алоҳидаи ин калима аз ҳам ҷудо навишта шудаанд, ки дуруст нест. Тарзи тарзи саҳеҳ он аст, ки чор ҷузъи калима якҷоя талаффуз ёбанду якҷоя навишта шаванд. Дар акси ҳол, оҳанги мисраъи дуввум тағйир меёбад ва маънои байт норавшан мемонад.
Калимаҳои мураккаби серҷузъаро дар осори муъосирони Бедил, масалан Сайидои Насафӣ ва шоъирони асрҳои баъдина, ба монанди Фориғи Ҳисорӣ, низ дидан мумкин аст.
Ин навъи калимаҳо дар эҷодиёти шоъирони муосир низ аҳёнан ба назар мерасанд.
Масалан, Саъдулло Рабиӣ (1884-1938) шеъре дорад бо номи “Тазмин ба шеъри Абулқосим Лоҳутӣ” , ки байти сеюмаш ин аст:
Дидам зане ба рух зи фаранҷӣ ниқобкун,
Хуршедро ба зурӣ батаҳиҳиҷобкун.
Устод Мирзо Турсунзода навиштааст:
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкун касонро гум макун.
Аммо корбурди ин навъи калимаҳо дар осори Бедил аз ҳама бештар буда, ба яке аз хусусиятҳо услубии эҷодиёти ӯ табдил ёфтааст. Таъкид намудан лозим аст, ки яке аз сабабҳои мушкилфаҳмии шеъри Бедил низ ҷой доштани ҳамин навъи калимаҳо дар осори ӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё