Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бедилхонон ва бедилшиносони гузашта барои фаҳмидани маънои байтҳои гуногун калимаҳои мураккаби серҷузъаро ба ҷузъҳо ҷудо мекарданд, яъне онҳоро мешикастанду сипас аввал маънои ҳар як ҷузъ, сонӣ маънои умумии калимаро шарҳ медоданд. Ҳамин намуди шарҳ доданро “бедилшиканӣ” мегуфтанд.
Масалан, пеш аз маънидоди байти:
Чунон муттақинонтоз аст шамъи мо дар ин маҳфил, Ки ранги рафта дорад поси аз худ рафтани моро.
калимаи “мутлақинонтоз”-ро ин тавр тақсим ва ташреҳ мекарданд:
Мутлақ-ба маънои озод, беқайд, чизи ба ягон чизи дигар вобаставу тобеъ набуда. Инонлаҷом, ҷилави асп. Тоз-асоси замони ҳозираи феъли тохтан, тозидан. Мутлақинонтоз-чизе ки бо лаҷоми раҳошуда, бо лаҷоми озод дар тоз аст. Киноя аз суръати ниҳоят тез. Шамъ-киноя аз умр, ҳаёту зиндагӣ. Ин маҳфил-яъне ин дунё. Ранги рафта-ранги паридаи чеҳраи инсон, ранги кандагӣ, ранге ки дар камтарин лаҳза аз рухи одам дур мешавад. Яъне ранге ки умраш ниҳоят кӯтоҳ аст. Пос доштан (дорад поси) ба маънои ба ёд овардан, аз хотирҳо фаромӯш накардан, аз хубӣ ё амали неки касе ёд кардан. Аз худ рафтан-дар ин ҷо ба маънои аз олам гузаштан, мурдан.
Шоъир гуфтанист, к и умри мо дар ин дунё ба ҳадде кӯтоҳ ва нопойдор аст, ки ранги рафта ҳам поси хотири моро нигоҳ медорад. Ранги аз рух паридаистода, ранги аз рух кандашуда бо он ҳама кӯтоҳумриву даргузариаш нисбат ба мо ҳаёти бештар мебинад. Мо мегузарем ва ранги рафтаистода аз зиндагии мо дар дунё ёд мекунад, дар бораи мо ба дигарон қиссаҳо мегӯяд. Яъне умри мо аз умри ранги паридаистода ҳам камтару кӯтоҳтар аст.
Мисоли дигар:
Чарх паймонабадаврафкани як ҷоми тиҳист,
Мастии мову ту овозаи таранг аст ин ҷо.
Калимаи “паймонабадаврафкан”, ки тавзеҳдиҳандаи калимаи “чарх” аст, аз чор калимаи сода-паймона, давр афкан ва пешоянди “ба”-иборат аст. Калимаи “паймона” ба маънои пиёла, қадаҳ, қадаҳе ки боданӯшон бо он ба навбат май менӯшанд. Калимаи “давр” ба маънои даври сӯҳбат, ҳалқаи сӯҳбат, нишасти майнӯшон аст. Ин калима маҷозан ба маънои дунё, нишемани одамон низ истеъмол мешавад. Калимаи “афкан” асоси замони ҳозираи феъли “афкандан” аст, ки маънояш андохтан, партофтан, ҳаво додан мебошад. Калимаи “ба” пешояндест, ки ишора ба сӯй ё худ тараф менамояд. Калимаи “чарх” ба маънои чархи фалак аст. Маҷозан ба маънои тақдиру қисмат низ меояд. Калимаи “мастӣ” ба маънои хушиву хуррамист. Маҷозан ба маънои ҷӯшу хурӯш, ҳастӣ, мавҷудият ва зиндагӣ низ истифода мешавад. Калимаи “таранг” дар ин ҷо ба маънои садои зарфи холист.
Шоир гуфтанист, ки чархи фалакро хислат ва хосият ин аст, ки ба ҳалқаи боданӯшон, ба маҳмурони маю шароб ҷоми холӣ ҳадя мекунад. Паймонае ки чарх онро ба аҳли нишаст, ба сокинони олам тақдим менамояд, паймонаи холист. Аз ин рӯ, хушиву хуррамии дар асари он паймона ба миёномадаи мо сокинони дунё низ шодиву хуррамии воқеъӣ нест, балки садои ҳамон ҷоми холист. Яъне ин ҳаёт ва ин зиндагие, ки дар ин дунё насиби мо гардидааст, ҳеҷ гуна арзиш ва эътиборе надорад, фиребу найранге беш нест. Зеро маншаъ ва мабдаъи он аз ҳеҷ иборат аст. Сарчашма ва обишхӯри он як ҷоми тиҳист.

пешина
аз 250
навбатӣ