Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мисоли савум:
Ғарраи ишрат машав, к-ин навбаҳори умр ном Ноумединаҳат асту матлабиноёбгул.
Дар ин байт ду калимаи мураккаби номаънуе вуҷуд дорад. Яке “ноумединакҳат”, ки аз ду ҷузъ-ноумедӣ ва накҳат таркиб ёфтааст ва мафҳумоеро ифода кардааст, ки накҳаташ ё худ натиҷааш аз ноумедӣ иборат мебошад. Дигаре “матлабиноёбгул”, ки аз чор ҷузъ-матлаб, ноёб, гул ва бандаки изофии “и” сохта шудааст ва ифодагари чизест, ки гулаш, ҳосилу натиҷааш матлаби ноёб, яъне ҳеҷ аст. Маънии умумии байт ин аст, ки дар ин дунё кас набояд ғарраи ишрат шавад, кас набояд бо зиндагиву нозу неъмати он бинозад, зеро умри инсон агар навбаҳор бошад, накҳати он ноумедию гули он матлоби ноёб аст. Яъне аз зиндагӣ хушиву хуррамӣ ва умеди ба мақсаде ноил шуданро чашмдор набояд шуд.
Мисоли чаҳорум:
Дорад ба мани дилшуда имшаб сари ҷанге
Гулбаргкамоне, паритовусхаданге.
Калимаҳои мураккаби серҷузъа дар ин ҷо низ дуто мебошанд: гулбаргкамон ва паритовусхаданг. Камон-як навъи силоҳ. Дар ин байт киноя аз аврувони маҳбуб. Хаданг-ба маънои тир. Дар ин ҷо киноя аз мижгонҳои маҳбуб. Дилшуда-ошиқ, ошиқе, ки аз саршории меҳру муҳаббат саропо ба дил мубаддал гардидааст. Сари ҷанг доштан-ихтиёрӣ бо касе дар ҷанг шудан, бо касе майли ҷанг доштан.
Шоир гуфтанист: Шахсе бо ман дар садади ҷанг аст, ки аз абрувони чун барги гул нозук камон дораду аз мижгонҳои чун пари товус тез хаданг. Яъне маҳбуби ман тасмим гирифтааст, ки имшаб маро бикушад. Василаи қатли ман камони абрӯю хаданги мижгон аст.
Ташбеҳи абрӯ ба камон ва мижгон ба хаданг хеле табиъӣ баромадааст. Зеро чунон ки хаданг дар оғӯши камон аст, мижгон низ дар канори абрӯ ҷойгир шудааст.
Мисоли панҷум:
Рагигулостин шӯхе камини сайди мо дорад,
Кӣ дасте зери санг аз сояи барги ҳино дорад.
Дар ин ҷо калимаи мураккаби серҷузъа калимаи “рагигулостин” аст, ки аз се калимаву як бандаки изофӣ сохта шудааст ва маънояш остини ба монанди раги гул нозук мебошад.
Маънии ибораи “камини сайди касе доштан” дар фикри сайд кардани касе будан, нияти сайд кардани касеро доштан аст.
Таркиби “даст зери санг доштан” дар забони тоҷикӣ ба чандин маънӣ истифода мешавад.
Яке аз маъноҳояш навъе аз ҷазост. Ин навъи ҷазо чунин аст, ки гунаҳкорро дар замин хобонда, бар болои дастҳояш сангҳои вазнинро мегузоранд.
Маънии дигараш ин аст, ки касеро даст зери санг мемонад, яъне ҳангоми иҷрои ин ё он кор санги вазнине ё худ сангҳои зиёде фурӯ рехта дастони ӯро зер мекунад ва ӯ бе кӯмаки дигарон дастони худро раҳо карда наметавонад. Дар ин маврид даст зери санг будан маҷозан ба маънои кӯтоҳдастӣ, беимкониятӣ низ меояд.
Маънои сеюм ин аст, ки касе ба нияти сайд кардани чизе ё худ зарба задан ба касе ба даст санг мегирад. Яъне ба даст санг мегирад, ки касеро ё чизеро бизанад. Дар ин маврид миҷозан ба маънои ният, қасд ё худ азму тасмим низ меояд.
Ин ибора дар байти Бедил ба маънои сеюм омадааст. Сояи барги ҳино-ранге ки дар асари бастани ҳино дар кафҳои даст боқӣ мемонад.
Маънии байт ин аст: Шӯхе, ки остинаш ба монанди рагҳои барги гул нозуку латиф аст, зоҳиран мақсад дорад, ки ошиқи худ, яъне моро ошиқтару гирифтортар созад. Ба даст ҳино бастану дасти зотан нозуки худро зеботару дилкаштар намуданаш ба ҳамин мақсад аст.

пешина
аз 250
навбатӣ