Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хонандаи гиромӣ бояд тасаввур намояд: шӯхе, ки нозукии остинаш ба монанди рагҳои барги гул аст, нозукии дастонаш чӣ сон бошад? Ва ин дасти нозук аз бастани ҳино чӣ қадар нозуктару латифтар мешуда бошад?
Чунон ки дидем, маъшуқа мехоҳад, ки ошиқи худро мафтунтару шайдотар намояд, мехоҳад, ки ӯро сайди худ созад. Барои ин кор ба ӯ воситаи сайд кардан, яъне силоҳ даркор аст. Як намуди силоҳ санг аст. Вале дасти маҳбуб ба ҳадде нозук аст, ки тоқати бардоштани сангро надорад. Ӯ барои сайд кардани ошиқ чизеро бояд ба даст гирад, ки аз як тараф, вазифаи сангро адо намояду аз тарафи дигар, ба монанди дасти худ нозуку латиф бошад. Ин гуна чиз ҳиност, ки ҳам нозук асту ҳам ба монанди санг дар кафи даст нигаҳ дошта мешавад.
Воқеъан, ҳолати дасти ҳинобаста ба ҳолати дасти санг дар каф дошта монанд аст.
БЕДИЛ ВА САБАБҲОИ ДАР ЭРОН ШӮҲРАТ НАЁФТАНИ Ӯ
Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720), ки аз бузургтарин шоирони форсигӯи ҷаҳон аст, дар байни мардумони Тоҷикистону Афғонистон ва иддае аз халқҳои туркзабон-ӯзбекҳо, кошғарҳо, уйғурҳо, таторҳову бошқирдҳо ва туркҳои усмонӣ шӯҳрат ва маҳбубияти зиёде дорад.
Вале дар Эрон, дар кишваре, ки аз гаҳвораҳои шеъри форсӣ ба шумор меравад, акси ин манзараро мушоҳада менамоем. Дар ин сарзамин Бедилро қариб ки намешиносанд. Ин маъниро чи муҳаққиқони эронӣ ва чи ғайриэронӣ борҳо таъкид намудаанд. Донишманди маъруфи Эрон Алиасғари Ҳикмат дар рисолаи “Нақши порсӣ бар аҳҷори Ҳинд” (Теҳрон 1337) навиштааст: “Бедил дар асри худ дар Ҳиндустон шӯҳрати босазо доштааст. Ҳам акнун дар Афғонистону Покистон низ ашъори ӯро бисёр меписанданд. Мутаассифона, дар Эрон, чунон ки бояд, шинохта нашудааст”.
Муҳаққиқи дигари Эрон Аҳмад Гулчини Маонӣ овардааст: “Мирзо Абдулқодири Бедил аз шуарои машҳури Ҳиндустон аст ва осори бисёр аз назму наср дорад, ки дар Ҳиндустон ва Афғонистон ба табъ расидааст. Эрониён сабки сухани вайро намеписанданд ва ба афкору ашъори ӯ маънус нестанд” (Ниг.: Аҳмад Гулчини Маонӣ, Шаҳрошӯб дар шеъри форсӣ.
Теҳрон, 1346).
Адабиётшиноси машҳур Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ навиштааст: “Бедил шоирест, ки барои хонандаи эронӣ ва ҳатто барои бисёре аз аҳли фазлу дӯстдорони шеър дар Эрон нашинохта мондааст ва камтар шоирест, ки бо шахсияте бад-ин гуна то ин ҳад гумном монда бошад. Ба хусус, ки дар вилоёти дигари қаламрави забони форсӣ аз шӯҳрати бисёр бархурдор бошаду дар Эрон аз ёдҳо фаромӯш” (Шафеии Кадканӣ, Шоири оинаҳо, Теҳрон, 1366, с. 18).
Ҳасани Ҳусайнӣ муаллифи китоби “Бедил, Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ” (Чопи дуввум, Теҳрон, 1368, саҳ. 8) дар мавриди адами шӯҳрати Бедил дар Эрон навиштааст: “Бедил, алорағми истеҳқоқи зотӣ ва лаёқати рӯҳӣ, ки дар шеъраш мутаҷаллист, дар Эрон гумном аст”.
Устод Абдулқосим Лоҳутӣ низ дар яке аз сӯҳбатҳои худ аз ин ҳақиқат ёдовар шудааст.
Муҳаққиқи тоҷик Камол Айнӣ дар мақолае бо номи “Меҳмонии амаки Лоҳутӣ” аз он сӯҳбат ёд намуда, навиштааст, ки устод Лоҳутӣ аз шунидани ашъори Бедил “ба ваҷд меомад ва афсӯсҳо мехӯрд, ки файласуфе монанди Бедилро дар Эронзамин намешиносанд” (Ниг.:
Садои Шарқ, 1979, № 12).

пешина
аз 250
навбатӣ