Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пеш аз он ки дар хусуи сабабҳои камшӯҳратии Бедил дар Эрон сухан кунем, ёдовар мешавем, ки дар ин бора иддае аз муҳаққиқон изҳори назар намудаанд. Чунончи, донишманди тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода дар мақолаи “Дар бораи баъзе лаҳзаҳои асосии таърихи адабиёти тоҷик” (Шарқи сурх, Сталинобод, 1946, № 3) навиштааст: “Бедил дар байни шоирон ва философони тоҷик бо донишмандӣ, озодфикрӣ ва ҷаҳоншиносии васеи худаш ҷои аввалро ишғол мекунад. Ӯ ба ғайр аз фалсафаи Юнон ва ислом, фалсафаи Ҳиндро ҳам ба хубӣ медонист. Дар асарҳои ӯ мураккабтарин комплекси ақидаҳои динӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ инъикос ёфтаанд. Бедил ба тарзи принсипиалӣ муносибатҳои феодалӣ, ислом ва дар навбати аввал шиизмро танқид карда, ба ӯ зарбаҳои ҳалокатовар додааст. Ба ҳамин муносибат аст, ки асарҳои вай дар Ҳинд ва Осиёи Миёна хеле ривоҷ ёфтаанд, вале дар Эрон чандон шӯҳрат пайдо накардаанд”.
Дуруст аст, ки дар осори Бедил, хоса дар рубоиёти ӯ, ашъори дар мазаммат ва танқиди рофизиёну хориҷиён гуфташуда зиёд аст. Вале гуфтани он, ки Бедил ба таври принсипиалӣ исломро танқид кардааст ва гузашта аз ин, ба мазҳаби ташайюъ зарбаҳои ҳалокатовар задааст, албатта, муболаға аст.
Пеш аз ҳама, гуфтан лозим аст, ки дар фаҳмиши Бедил рофизия ва умуман ташайюъ, ки ҷараёни асосии он имомия ё худ исноашара мебошад, айни як чиз нестанд. Аз ин рӯ, танқид ва мазаммати рофизиёнро танқиди тамоми аҳли шиъа ҳисобидан дуруст нест. Бедил дар байни ҷараёнҳои рофизия ва имомия на танҳо умумияте намебинад, балки бар хилофи мазаммати рофизиёну хориҷиён, аҳли имомияро ситоиш менамояд. Ӯ менависад:
Қавмест имомия ба иффат дамсоз,
Дар зумраи ташъияҷамоат мумтоз.
З-ин тоифа гар шумурдаӣ рафзиро,
Бо атри гул омехтаӣ атри буроз.
Гузашта аз ин, Бедил рофизиён ва хориҷиёнро маҳз бо сабаби шиъа будани онҳо мазаммат накардааст. Мазаммат ва сарзаниши рофизӣ ва хориҷиён сабабҳои муайян ва конкретӣ дорад.
Ба ибораи дигар гӯем, иллати ҳадафи мазаммати шоир қарор гирифтани рофизиву хориҷиён таассуб ва бадбинии худи онҳо нисбат ба мазҳабҳои дигар аст.
Муҳаққиқи мазкур Шафеии Кадканӣ аз ашъори зиддимазҳабии Бедил ёд карда, навиштааст, ки “зидди мазҳаб будани Бедил ба маънии душманӣ бо таассубҳои тангназарона аст, ки тамоми бадбахтиҳои машриқзамин аз даруни он сарчашма мегирад (Ниг.: Шафеии Кадканӣ, Шоири оинаҳо, Теҳрон, 1366). Бедил рофизиёнро бо сабаби он мазаммат мекунад, ки худи онҳо нисбат ба аҳли тасанун, махсусан, нисбат ба халифаи дуввум ҳазрати Умар (Р) ҳисси бадбинӣ ва кинаву адоват доранд. Шоир ҷое ки аз фазилат ва адолати Умар (р) сухан меронад, сабаби ба рофизиён назари манфӣ доштани худро низ иброз медорад. Ӯ менависад:
Расул гуфт: Забони Умар забони ҳақ аст.
Ҳадиси лағв наёяд аз он амин ҳаргиз.
Даме ки ҳақ ба забонаш сухансаро бошад,
Фазилате натавон ёфт беш аз ин ҳаргиз…
Зи дил барор ғубори хаёли кинаи ӯ,
Мабош ҳамқадами рафзии лаин ҳаргиз…
Фасонаҳои равофиз фусуни гумроҳист,
Масоз маркази хатти яқин ҷуз ин ҳаргиз,
Ки ӯ имоми дуввум буду сарвари асҳоб,
Мутеи эзиду ҳомии дини пайғамбар.
Сабаби накӯҳиш ва мазаммати гурӯҳи дигари аҳли ташайюъ - хориҷиён ин аст, ки онҳо мухолифони халифаи чорум, имоми аввалини шиъаҳо Алӣ ибни Абӯтолибанд. Ӯ дар ситоиши ҳазрати Алӣ ва накӯҳиши мухолифини ӯ менависад:
Шаҳи вилояти дин, офтоби аҳли яқин,
Алӣ, ки даргаҳи ӯрост ақли кулл човуш…

пешина
аз 250
навбатӣ