ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Забони ҳоли ҳавасхоҳи ӯ ба ҳақ ҳамроз,
Адӯи бебасари ӯ ба бахти бад ҳамдӯш.
Агар хавориҷи нопок гашт мункири ӯ,
Ба шери ҳақ чӣ зиён мерасад зи гурбаву мӯш.
Сагони ҳарзамагас ҷуз гулӯи худ надаранд,
Гар аз мушоҳадаи шер мекунанд хурӯш.
Тавре ки мебинем, Бедил дар ҳар ду маврид – чи дар мавриди мазаммати рофизӣ ва чи дар мавриди накӯҳиши хориҷӣ – ба ҳимояи ду нафар аз хулафои рошидин ҳазрати Умар ва ҳазрати Алӣ бархостааст. Ба таъбири дигар гӯем, шоир дар байни яке аз пешвоёни аҳли тасаннун ҳазрати Умар ва пешвои аввалини аҳли ташайюъ ҳазрати Алӣ фарқият ва имтиёзе намебинад.
Мутолааи осори шоир нишон медиҳад, ки ӯ нисбат ба аҳли ташайюъ на танҳо нафрат ва бадбинӣ надорад, балки онҳоро аз сунниён кам намедонад. Ӯ дар ситоиши яке аз мазҳабҳои шиъа – мазҳаби исноашара, ки мазҳаби расмии Эрони имрӯза аст, чунин навиштааст:
Исноашар офтоби маънӣ буданд,
Фориғ зи кусуф – нуқси даъвӣ буданд.
Бар ҷодаи суннати набишон раҳ буд,
Бе кизбу нифоӣ ҷумла суннӣ буданд.
Қобили қайд аст, ки Бедил дар яке аз рубоиёти худ таассуби мазҳабиро амали бемаънӣ ҳисобида, таъкид намудааст, ки он чӣ дар ин мавзӯъ гуфтааст, ҳарзае беш нестанд. Ин аст он рубоӣ:
Чанде сайри мазоҳибам буд ҳавас,
Бо рафзиву хориҷӣ задам ҳарза нафас.
Охир маълум шуд, ки дур аз манзил
Раҳрав пасту баланд мебинаду бас.
Муаллифи дигаре, ки роҷеъ ба сабаби камшӯҳратии Бедил дар Эрон сухан рондааст, муҳаққиқи покистонӣ соҳиби “Тазкираи шуарои Панҷоб” (Карочӣ, 1967) хоҷа Абдуррашид мебошад. Ба ақидаи ин муаллиф, сабаби камшӯҳратии Бедил дар Эрон он аст, ки эрониён сабки ҳиндиро умуман намеписанданд. Ӯ навиштааст: “Тасаннӯъ ва овард (сунъӣ, ғайритабиӣ, ғайримаъмулӣ – Б.Р.) як қисмати муҳимеро аз сабки ҳиндӣ ташкил медиҳад.
Вале эрониён ҳеҷ гуна арзишеро барои он қоил намешаванд. Ташбеҳоти нодир, истиороти дақиқу мушкил, мазмунофаринӣ ва хаёлороӣ ишколотеро дар раҳи фикр эҷод мекунад ва ин ишколотро эрониён дӯст надоранд ва ба ҳамин ҷиҳат эрониён сабки ҳиндиро мавриди истиқбол қарор намедиҳанд” (Иқтибос аз китоби Ҳасани Ҳусайнӣ “Бедил, Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ” , Теҳрон, 1368, саҳ. 11).
Хоҷа Абдуррашид идома медиҳад, ки “яке аз мухтассоти муҳими сабки ҳиндӣ асабияти (шиддатнокии – Б.Р.) тарзи баёни шоир мебошад. Насли ҷадиде, ки ба имтизоҷи муғулҳову эрониҳо ба вуҷуд омада буд (яъне мусулмонони Ҳиндустон – Б.Р.) дорои афкори шаҳоматангезу далерона буд. Онҳо фикр мекарданд, ки бартар аз табақаи нисвон ҳастанд. Ва ҳамин эҳсоси онҳо боис гардид, дар шеър. Шеъри ҳиндӣ ҷазаботи инсонро бармеангезад ва дар эҷоди рӯҳияи қавӣ кӯмак мекунад. Вале сабки хуросонӣ ва ироқӣ дар ибтали ҷазабот хеле муассир аст. Ва шояд ба ҳамин ҷиҳат ашъори сӯфиҳо ҳамеша мавриди писанди эрониҳо қарор гирифта ва шоирии ишқ ба назари истеҳсон дида шудааст. Ва мухтассоти сабки ҳиндӣ, ки мо баён кардем, дар шеъри Абдулқодири Бедил ва аллома Иқболи Лоҳурӣ комилан мушоҳада мешавад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 12).
Фикри Хоҷа Абдуррашид дар бораи писанди эрониён набудани сабки ҳиндӣ, агар ба таври умумӣ гӯем, аз ҳақиқат дур нест. Воқеан, дар асрҳои XVIII-XIX, замоне ки дар муҳити адабии Эрон равияи “бозгашт” ҳукмфармо буд, сабки ҳиндӣ дар ин сарзамин маҳбуб ва муравваҷ набуд. Аксари намояндагони он аз ҷумлаи шоирони гумном ва камшӯҳрат ба шумор мерафтанд. Вале ақидаи ӯ роҷеъ ба сабабҳои пайдоиши сабки ҳиндӣ ва нишонаҳои тафовути он аз сабкҳои хуросониву ироқӣ қобили қабул шуда наметавонад. Ҳамчунин зуҳури сабки ҳиндиро ба “насли ҷадиде, ки бо имтизоҷи муғулҳову эрониҳо ба вуҷуд омада буд”, алоқаманд кардани муаллифи мӯҳтарам воқеият надорад. Зеро на ҳамаи намояндагон ва ҳатто асосгузорони сабки ҳиндӣ аз сарзамини Ҳиндустон бархостаанд. Ва он рӯҳи ҳамосӣ ва афкори мардонагиву шуҷоат, ки ба пиндори Хоҷа Абдуррашид, хоси сабки ҳиндист, дар сабкҳои хуросониву ироқӣ низ фаровон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё