ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Муҳаққиқи маъруфи Эрон Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ низ доир ба Бедил ва сабабҳои камшӯҳратиаш дар Эрон ибрози ақида намудааст. Ӯ дар яке аз аввалин мақолаҳои хеш, ки бо номи “Бедили Деҳлавӣ” дар соли 1346 (1968) ба табъ расида буд, иллати фаромӯшӣ ва шӯҳрат наёфтани Бедилро дар Эрон ба хусусиятҳои забонии осори худи ӯ – “тасвирҳои дур аз зеҳн”, “торикии заъфи баён”, “беэътиноӣ ба мавозини табиати забони форсӣ” , “таркибот ва бофтаҳои хосе, ки ба системи табиии забони форсӣ созгор нестанд” ва ғайра вобаста дониста буд (Ниг.: Шоири оинаҳо, с. 15-28). Вале ӯ дар мақолаҳои баъдинаи худ, аз ҷумла дар мақолаи “Ҳофиз ва Бедил дар муҳити адабии Мовароуннаҳр дар қарзи нуздаҳум” сабаби ин ҳодисаро дар носипосӣ ва ҳақношиносии эрониён нисбат ба Бедил мебинад. Ӯ дар ин мақола менависад: “Сукуту носипосӣ ва ҳақношиносии мо эрониён дар баробари азамат ва нубуғи шеърии ӯ (яъне Бедил – Б. Р) ба ҳеҷ ваҷҳ аз аҳамияти ҳақиқии мақоми ӯ дар таърихи адабиёт ва забони милали Осиёи Миёна ва Осиёи Ғарбӣ (чи онҳо ки ба забони форсии дарӣ ва тоҷикӣ шеър мегӯянд ва чи онҳо ки ба забонҳои парваришёфта дар суннати адабии ин забон сухан месароянд) намекоҳад ва наметавонад ҳузури ошкори ӯро дар ҳофизаи ҷамъии ин ақвом пардапӯшӣ кунад” (Ҳамон ҷо с. 96-97).
Муаллифи муқаддима бар нашри дуҷилдаи ғазалиёти Бедил (Теҳрон, 1363) Мансури Мунтазир низ дар қатори дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёту эҷодиёти Бедил роҷеъ ба сабабҳои гумномии ӯ дар Эрон низ изҳори ақида намудааст. Ба ақидаи ӯ, иллатҳои гумномии Бедил дар Эрон аз чаҳор масъалаи зайл иборат мебошанд: ҳуҷуми фарҳанги бегона аз замони Сафавия ва қувват гирифтани он дар замони Қоҷория, худгумкардагии худи эрониён, ҷудо шудани марзҳои мамолики исломӣ аз якдигар ва адами иртиботи фарҳангӣ дар байни ин мамолик.
Масъалаҳои мазкур на фақат сабабҳои гумномии Бедил шудан наметавонанд, балки онҳо дар замони Бедил ва асрҳои баъдина дар қаламрави забони форсӣ умуман вуҷуд надоштанд.
Воқеъан, мурод аз фарҳанги бегона кадом фарҳанг аст? Ва ҳуҷуми он ба муҳити илмиву адабии Эрон аз чӣ иборат аст? Ва мақсад аз мамолики ислом кадом мамлакатҳо дар назар аст? Ба ин саволҳо, шояд, худи муаллиф ҳам ҷавоб босавоб дода натавонад.
Ҳамин гуна андешаҳои бебунёд ва ғайривоқеиро дар китоби Ҳасани Ҳусайнӣ “Бедил, Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ” (Теҳрон, 1368) низ дидан мумкин аст. Ҳасани Ҳусайнӣ аз адами шӯҳрати Бедил дар Эрон ёдовар шуда, таъкид намудааст, ки гумномии Бедил дар Эрон сабабҳои зиёде дорад, ки асоситарини онҳо ду омил аст. Яке омили дохилӣ, дигаре омили хориҷӣ. Ба ақидаи Ҳусайнӣ, сабаб ё худ омили дохилии гумномии шоир он аст, ки “дар садсолаи охир сардамдорон ва коргардонони адаби форсӣ ва мутаваллиёни пешинаи фарҳангӣ дар Эрон ё аҳли Хуросон буданд ва ё ба гунае ғайримустақим дар адабиёт ба салиқаи хуросонӣ тамоил доштанд ва аз ин ҷо ки ин сардамдорон дар тайи ин муддат марокизи омӯзишӣ ва маҳофили фарҳангиро дар ихтиёр доштаанд, ба иқтизои салиқа ва писанди худ дар муаррифии адабиёти форсӣ ба донишҷӯёни адабиёт ва дигар ақшори муртабит бо шеъру адаби форсӣ танҳо аз як трибун сухан гуфтаанд (яъне танҳо аз сабки хуросонӣ ҳарф задаанд. – Б. Р) ва пеши рӯи мухотабони хеш ба табъиз равзанаеро гушудаанду равзанаҳои дигарро ё аз беху бун мункир шудаанд ва ё дар ҳадди тавони хеш онҳоро кӯру масдуд кардаанд” (Ҳ. Ҳусайнӣ, асари зикршуда, саҳ. 8-9).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё