Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ақидаи Ҳасани Ҳусайнӣ, сардамдорон ва коргардонони мазкур “дар бархӯрд бо сабки ҳиндӣ забони пуршукӯҳ ва пуртантанаи хуросониро (сабки хуросониро – Б. Р) бабодрафта мебинанд ва авҷи фахомату ҷазолати онро бозичаи гироишҳои мардумизабон дар шеъри сабки ҳиндӣ мешуморанд. Инон аз сабки ҳиндӣ дар пеши чашми муосирон як дӯзахи тамомиёри адабӣ сохта ва пардохтаанд” (Ҳамон ҷо, с. 9).
Сабаби дигар, ё худ омили берунии камшӯҳратии Бедил, дар Эрон, ба фикри Ҳусайнӣ, он аст, ки муҳаққиқони ғайриэронӣ, яъне бедилшиносони Афғонистону Покистон ва ғайра Бедилро ба хонандаи Эрон ба таври кофӣ оншо карда натавонитаанд. Ин гурӯҳи мухлисон ва ошиқони Бедил алоқаи васфнопазире ба Бедил ва шеъри ӯ иброз мекунанд ва эҳтироме амиӣ барои шеър ва шахсияти Бедил қоиланд”. Аммо инон “фақат эҳтироми ӯро нигоҳ доштаанд ва аз каромоту муъҷизоти Бедил дар адаби ирфонии форсӣ, он гуна ки бояду шояд, барои ҳамзабонони эронии хеш сухан нагуфтаанд” (Ҳамон ҷо, с. 10).
Андешаҳои Ҳасани Ҳусайнӣ дар хусуси сабабҳои гумномии Бедил дар Эрон ҳеҷ гуна асоси илмӣ надоранд. Бар хилофи ақидаи ӯ, дар асрҳои XVIII-XIX сабки ҳиндӣ беш аз ҳама дар Хуросон ривоҷ дошт. Касоне ки дар Эрон бар зидди ин сабк баромадаанду равияи адабии бозгаштро ташвиқу тарғиб намудаанд, аз аҳли адаби Исфаҳон буданд, на Хуросон.
Назари муаллиф доир ба омили хориҷии дар Эрон гумном мондани Бедил низ қобили қабул шуда наметавонад.
Муаллифи мақолаи “Бедил ва маснавиҳояш” Муҳаммадҳусайни Баёт яке аз иллатҳои дар Эрон маъруф набудани Бедилро дар сиёсати тафриқаандозии империализм мебинад, ки ба ин ақида низ наметавон ҳамроҳ шуд. Ӯ навиштааст: “Бедил яке аз маъруфтарин мутафаккирон ва шоирони ин замон (асри ХУ11 – Б. Р) аст. Яке аз ҷиҳоте ки пеш аз ҳар чиз дар муаррафии Бедил матраҳ мешавад, ногустурдагии шеъри ӯ дар Эрон аст, ки далоили мутааддидеро барои он зикр кардаанд. Шояд аҷиб бинамояд, агар яке аз далоили умдаро нуфузи қудратҳо дар Ҳинд тасаввур кунем. Ҳангоме ки империёлизм дар кишварҳои мустаъмара таҳдид мешавад, миллатҳо ва ақвомро ба ҷудоиталабӣ тарғиб мекунад. Ҳамчунин ҳароси империёлизм бештар аз иттиҳоди фарҳангии миллатҳост. Англисҳо барои ҳифзи масолеҳ ва таҳкими мавқеияти худ дар Ҳинд ногузир буданд миёни воҳидҳои миллӣ тафриқа афканда ва ин афкори нифоқомезро ба онон илқо кунанд ва нагузоранд ба фикри дармони дарди муштараки худ бошанд” (Ниг.: Кайҳони фарҳангӣ, соли 7, Фарвардини моҳи 69).
Шӯҳрат наёфтани Бедил дар Эрон ё худ писанди эрониён нагардидани шеъри ӯ, ба ақидаи мо, дорои чандин сабабҳо мебошад. Ва ҳар яке аз ин сабабҳо хоси давраи муайяни таърихист. Масалан, сабаби асосии дар замони худи Бедил писанди эрониён нашудани шеъри ӯ тасарруфот ва ихтирооти вай дар забони форсист. Ин мазмунро аксари тазкиранигорон хотирнишон намудаанд. Чунончи, Сироҷиддин Алихони Орзу дар тазкираи “Маҷмауннафоис” навиштааст, ки Бедил “чун аз роҳи қудрат тасарруфоти намоён дар форсӣ намуда, мардуми вилоят (яъне Эрон – Б.Р.) ва косалесони онҳо, ки аз аҳли Ҳинданд, дар каломи ин бузургвор суханҳо доранд. Фақир дар сиҳҳати тасарруфоти соҳибқудратони Ҳинд ҳеҷ сухан надорад, балки қоил аст”. (Иқтибос аз рисолаи устод Халилӣ “Файзи қудс”, Кобул, 1334, с. 64).

пешина
аз 250
навбатӣ