Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллифи тазкираи “Риёзушшуаро” Алиқулихони Волеҳ, ки худ зодаи Эрон аст, навиштааст: “Ҳарчанд аксари ашъораш мувофиқи муҳовараи фусаҳои аҷам нест ва таркибҳои ғариб дар забони форсӣ ихтироъ намуда, аммо шеърҳои баланд ва барҷаста низ бисёр дорад. Пухтагии нафас аз гуфтугӯяш зоҳир аст” (Риёзушшуаро, нусхаи хаттии № 61 Архиви миллии Афғонистон).
Тазкиранависи дигари ин аср Ғуломалихон Озоди Балгиромӣ овардааст: “Мирзо дар забони форсӣ чизҳои ғариб ихтироъ намуда, ки аҳли муҳовара қабул надоранд” (Хизонаи омира, Лакҳнав, 1900, с. 153).
Аз навиштаҳои шогирд ва ҳамнишини Бедил Биндробандоси Хушгӯ бармеояд, ки баъзеи муосирони шоир тасарруфот ва ихтирооти ӯро ба ғалатгӯӣ ҳамл намуда, вайро ба надонистани забони форсӣ гунаҳгор низ менамудаанд. Хушгӯ навиштааст: “Аксар беинсофҳои замона аз рӯи ҳасад ҳарфе чанд носазо дар ҳаққи ҷаноби кароматмаоби вай месозанд, ки Мирзо Бедил ғалатгӯи муқаррарист. Ҳол он ки худ ба пояи ғалатҳояш нарасидаанд, то ба корҳое, аз ӯ (ба) зуҳур пайваста, чӣ расанд. Ҳазрати Гулшан (Саъдуллоҳи Гулшан шоири асри ХУ111 – Б. Р) мефармуд, ки Мирзо Бедил пояе дорад, ки ин “ғалатҳояш”-ро баъди сад – дусад сол аҳли луғат дар фарҳангҳо ба тариқи санад хоҳанд овард. Мо фарз кардем, ки таркибсозӣ ва лафзтарошӣ, ки номаш ғалат гузоштаанд, дар тамоми ашъораш пансад ё ҳазор байт хоҳад буд. Ҷавоби бақия шеърҳо, ки ҳам ба рағми муддаиён саҳеҳу дуруст бошад, ки метавонад дод?” (Сафинаи Хушгӯ, Патна, 1959, с. 116).
Суоле ба миён меояд, ки муаллифони тазкираҳо аз “таркибҳои ғариб” (Волеҳ), “тасарруфоти намоён” (Орзу) ва “иборат ба таври худ” (Озод) кадоме аз хусуссиятҳои шеъри Бедилро дар назар доранд?
Муроди ин муаллифон аз ин мафҳумҳо, ғолибан, баъзе хусусиятҳои забонии осори Бедил аст, ки дар эҷодиёти шоирони пешин камтар ба назар мерасанд. Яке аз чунин хусусиятҳо корбурди калимаҳои мураккаби серҷузъаест, ки аз 3-4 тогӣ ва ҳатто 5-6 тогӣ калимаҳои сода иборат мебошанд. Калимаҳои мураккаби “мухталифнағмазо”, “бӯигулмаҳмил”, “садфусунизҳор”, “сурхрӯиталош”, “бунёдиандешасӯз”, “баҳрукондастчоҳ” , “чамангулдастасоз”, “биёбанмаргном”, “якшараризҳор”, “беудипечутоб”, “симузархез”, “ёқутобуранг”, “беэътидолиривоҷ”, “худсарипеша”, “хунгаштаминқор”, “туфанбаоламфикон”, “нонамударухсор”, “даштударпаймо”, “сурхусафедриш”, “фақруғаноандеша”, “ҷисмуҷонмумассил”, “парфишонназар”, нақшипойдаҳим”, “дардисараълим” ва ғайра аз ҳамин қобиланд.
Дуруст аст, ки калимаҳои мураккаби серҷузъаро дар осори шоирони дигар, аз ҷумла дар осори Нозомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ ва Сайидои Насафӣ, низ дидан мумкин аст. Вале ин типпи калимаҳо дар осори Бедил аз ҳама зиёдтар аст. Ин навъи калимаҳоро дар тамоми осори ӯ – чи назму чи наср – дидан мумкин аст. Инак, чанд намунаро аз ғазалиёту рубоиёт ва маснавиҳои шоир иқтибос менамоем:
Аз ғазалиёт:
Саъйи дайруҳарамбаҳонаи мо
Бурд моро зи остонаи мо.


Рамиваҳшинигоҳи ман ғуборангези ҷавлон шуд, Саводи дашти имкон шӯхии чашми ғизолон шуд.


Рагигулостин шӯхе камини сайди мо дорад?
Ки зери санг даст аз сояи барги ҳино дорад.


Қиёматхандарезе бар мазори ман гулафшон шуд, Зи шӯри орзу ҳар зарраи хокам намакдон шуд.

пешина
аз 250
навбатӣ