Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Булбулон, қисса мехонед, ки дар мактаби ишқ
Дафтари гул парипарвонавараӣ мебошад.


Ёрон, дар ин биёбон аз мо асар маҷӯед,
Гумгаштагисуроғем, моро дигар маҷӯед.


Даступогумкардаи шавқи тамошои туам,
Афканад, ё раб, сари афтода дар пои туам.


Дорад ба мани дилшуда имшаб сари ҷанге
Гулбаргкамоне, паритовусхаданге.
Аз рубоиёт:
Дилбар ҳарчанд даштударпаймо буд,
Бедил, ту мапиндор, зи мо танҳо буд.
Ман сояи он сарви хиромон будам,
Ҳар ҷо қадамаш буд, сарам он ҷо буд.


Олам чамани рангивафонапзир аст,
Бар рӯи ҳаво анҷумани тасвир аст.
Аз оқибати кори ману мо дарёб,
К-инҳо ҳама аз хоби адам таъбир аст.


То кай пурсӣ, мақоми дилдор куҷост?
В-он шоҳиди нонамударухсор куҷост?
Мижгони ту гар ҳиҷоби биниш нашавад,
Дар хонаи офтоб девор куҷост?
Аз маснавии “Тилисми ҳайрат”:
Шуд охир маҳмилорои тағофул,
Ҷарасбарноқабанд аз хандаи гул.


Кунун килки муҳаббатномаиршод
Зи ҳаҷрафтодагонаш медиҳад ёд.


Намакдонҳо башӯровардаи ӯ,
Ҳаловатҳо намакчашкардаи ӯ.


Тасарруфмояи аҳкоми ҳар кас,
Таваҳҳумдонарези доми ҳар кас.


Насимаш аз чаман кулфатбурунсоз,
Зи дарё мавҷи ӯ хошокпардоз.


Аз он шамшери хуниофиятрез
Саломатҳо сарихудгирубигрез.


Забони садфусунизҳор во кард,
Лаби садмавҷихундарбор во кард.


Намоён гашт саҳрои қиёмат,
Зи ҷӯши шавқ садмаҳшараломат.


Аз маснавии “Тури маърифат”:
Ғараз, ин кӯҳсори симузархез
Ҷаҳонерост оташдарҷигаррез.


Ҷиҳоти даҳр аз оинасофӣ
Қиёматҷилварези синасофӣ.


Мапурс аз санги ҳамворибачангаш,
Магӯ аз хоки ёқутобурангаш.


Биё, эй ашки беповусароҳанг,
Ба тавфи муддао сар то қадам ланг.


Аз ин кӯҳсори симузартаҷаммул
Бигӯям, то чӣ сон зар мекунад гул.


Саҳар бӯи баҳори синачокон,
Шафақ рангинии дархунҳалокон.


Тапишомода балафшониоҳанг,
Паризодони бӯ дар шишаи ранг.


Аз маснавии “Муҳити аъзам”:
Шаробе дуоламтасаввургудоз,
Адампарвари нашъаи имтиёз.


Ҳама масти беэътидолиривоҷ,
Чу минои холӣ шикастэҳтиёҷ.


В-агар сози ғафлатфурӯшӣ кунад,
Ҳамон нурихуршедпӯшӣ кунад.


Шаробест бунёдиандешасӯз,
Ба ҳам нисбати соғарушишасӯз.


Сипеҳрам сувайдонасабкавкаб аст,
Гули домани субҳи бахтам шаб аст.


Зи минқори булбул дар ин гулситон
Навоест доманбароташфишон.


Нигоҳе шикастимижадомане,
Чу фурсат баҳори зи худ рафтане.


Якоҳангие мухталифнағмазост,
Зи андози ҳар соз қудратнавост.


Зи худ рафтанат ҷодапайдокун аст,
Ба хеш омадан манзилиншокун аст.


Биё, эй пару боли афсурдагон,
Абадзиндагибахши дилмурдагон.


Аз маснавии “Ирфон”:
Дараҷоти зуҳур бисёр аст,
Ҳар лабе садтакаллумизҳор аст.


Огаҳӣ беқарорианҷом аст,
Ҷаҳл якдаст хоби ором аст.


Бо вуҷуди фусурдагитаъсир,
Як қалам нолаанд шавқсафир.


Хусрави огаҳитаманное
Дошт дастури ақликулрое.


Гашт ҳар як хуморияъсшикан,
Муфлис аз хӯша, мунъим аз хирман.


Ҷамъ гардид жожхое чанд,
Мухталифхосиятнавое чанд.


То тасаллигаҳи камоли сувар
Сад ҳаюлост ҷайбиҳасратдар.


Оташ аз дасти шӯъладармушташ
Фундуқе баста бар ҳар ангушташ.
Шӯъла з-он дасти шохигулмонанд
Карда ангушти зинҳор баланд.


Аз чароғони нуридилбаканор
Ҳар тараф чашми ноз шуд бедор.

пешина
аз 250
навбатӣ