Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мӯбамӯяш тарабгулафшан шуд,
Аз либосе ки дошт, урён шуд.


Зиндагони кафили ризқ бас аст,
Ки гуҳар обудонадарқафас аст.


Симузарҳосилон ҷаҳонгиранд,
Ҳуснтасхиранду ишқзанҷиранд.
Нишонаи дигари тасарруфот ва ихтирооти Бедил дар забони форсӣ сохтани феълҳои мураккабест аз қабили “хиром коштан”, “шӯҳрат кашидан”, “ранг тарошидан”, “ханда коштан”, “нигаҳ танидан”, “ғалат хӯрдан”, “инфиол чидан”, “олам шикастан” ва ғайра. Ин навъи таркибҳо дар алоҳидагӣ ноошно ва ғайритабиӣ ба назар расанд ҳам, ҳангоми дар матн омадан номаънист ва бегонагии онҳо пайхас карда намешавад.
Ҳоло чанде аз ин феълҳоро дар мавқеъҳои истеъмолашон аз назар мегузаронем.
Ранг тарошидан:
Гули аҷзе тасаввур кун, баҳори кибриё бингар, Зи мо ранге тарошу дар кафи пояш ҳино бингар.


Ханда коштан:
Субҳ ҷуз шабнам гуле з-ин боғи навмедӣ начид, Гиря яксар ҳосил асту ханда мекорӣ ҳанӯз.


Оғӯш дуздидан:
Ҳавас то чанд бар дил тӯҳмати ҳар хушку тасар бандад?
Бидуздам дар худ оғӯше, ки бар офоқ дар бандад.


Ғалат хӯрдан:
Навмеди васл буд дил аз сози инфиол,
Оинаат зи мо ғалате хӯрд дар арақ.


Инфиол чидан:
Инфиоле кош барчинад бисоти ихтиёр,
Оҳ аз ин тадбири пӯч, он гоҳ бо тақдир ҷанг.


Интизор чидан:
Бар хаёле чидаем аз дида то дил интизор,
Лайлии ин анҷуман ваҳм асту маҳмил интизор.


Нафас шикастан:
Чун ғурури мову ман ин дашт полағзе надошт, То нафас дар лаб шикастам, роҳи дил ҳамвор шуд.


Ҷавлон шикастан:
Ҳар куҷо саъйи ҷунун бар азм ҷавлон бишканад, Кӯҳ то дашт аз ҳуҷуми нола домон бишканад.


Базм чидан:
Базми чандин ҳасрат он сӯи қиёмат чидаем,
Бояд аз шахси амал пурсид миқдори тамаъ.


Шиканҷа чидан:
Пӯст ба тан шиканҷа чид, ҳар сари мӯ ба хам расид, Мунтахаби чӣ нусха аст ин ки шикастаӣ варақ?
Дар осори Бедил, хусусан дар ғазалиёти ӯ, ибораҳои изофие низ мавҷуданд, ки дар ҷолиби ибораҳои “паридани чашм”, “тапидани дил”, “ларзидани овоз”, тавассути худи шоир сохта шудаанд. Ибораҳои “шукуфтани чашм”, “чакидани нигоҳ” , “чакидани тамкин”, “рустани мавҷ” аз ҳамин қабиланд. Инак чанд байте ки ин гуна таъбирҳоро дарбар кардаанд:
Шукуфтани ваҳшат:
Ваҳшатам гар як тапиш дар дашти имкон бишкуфад, То ба домони қиёмат чини домон бишкуфад.


Шукуфтани чашм:
Метавон бо сад хиёбони биҳиштам шарҳ дод,
Як мижа чашме ки бар рӯи азизон бишкуфад.


Чакидани нигоҳ:
Ба ин завқи тараб, к-аз ҳасрати дидор лабрезам, Нигаҳ хоҳад чакидан, гар тарӣ домонам афшорад.


Дамидани алам:
Асари хиҷолати муддао, агар ин алам дамад аз тамаъ, Чӣ хуш аст, ҳарфи висол ҳам накунад касе рақам аз тамаъ.


Танидани нигоҳ:
Зи чашмаки гули боғи ҷунун машав ғофил,
Танидааст нигоҳе ба хатти соғари доғ.


Дамидани чашм:
Ҷӯши яъсест баҳори тараби мо, Бедил,
Медамад чашми пуроб аз лаби хандони садаф.


Ларзидани нафас:
Ноёб гавҳаре ба кафи дил фитодааст,
Меларзадам нафас, ки мабодо, шавад талаф.


Дамидани тафовут:
Зи ниёзи Бедилу нози ӯ надамад тафовути мову ту, Агар аз табиати мунфаил зи худам ҷудо накунад арақ.
Дуруст аст, ки ин тарзи калимасозӣ ва таркиббандӣ хондани осори Бедилро душвор сохта, шахси ба услуби ӯ ноошноро ба иштибоҳ наандохта наметавонад. Вале ин падидаҳо ва дигар хусусиятҳои забонии осори шоир нишонаи нобаладӣ ва ғалатгӯӣ дар забони форсӣ набуда, балки шоҳиди иқтидор ва маҳорати ӯ дар истифода аз нозукиҳо ва имкониятҳои забони форсист. Ба назар чунин мерасад, доираи забони форсӣ ва имконоти он барои ҷавлони андеша ва афкори Бедил тангӣ кардааст, ки ӯ ба ин гуна ибтикороту навпардозиҳо даст задааст.

пешина
аз 250
навбатӣ