ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Тавре ки гуфтем, баъзе аз муосирони шоир тасарруфот ва ибтикороти ӯро хилофи қоидаҳои забони форсӣ дониста, ба калимаву ибораҳое, ки ӯ сохтааст эродҳо гирифтаанд.
Яке аз чунин ноқидон шоир ва таърихнигори аср Нозимхон Фориғи қумӣ буд. Хушгӯ манзараи баҳси ӯро бо Бедил чунин ба қалам додааст. “Машҳур нақл аст, ки рӯзе Нозимхони Фориғ – мусаннифи “Таърихи Фаррухшоҳӣ” он ҳазратро (яъне Бедилро – Б. Р) ба даъват талабид. Баъди фароғи таъом Нозимхон ба тариқи илзом пеш омад ва гуфт: Мирзосоҳиб, дар ин шеъри саркор (шеъри Бедил – Б. Р) рӯзмарра (яъне таъбир, ибора – Б. Р) бисёр тоза аст:
Тавонгаре ки дам аз фақр мезанад, ғалат аст, Зи мӯи косаи чинӣ намад намебофанд.
Мирзо дар ҷавоб фармуд: Хонсоҳиб, ман он аҳмаӣ нестам, ки таъни соҳибро дарёфт накунам. Хон мукаррар гуфт: Биллоҳ, биллоҳ, ин рӯзмарра ихтирои соҳиб аст. Бедил фармуд, ки шумо дар шуарои қадим кадом касро мусаллам медоред? Нозимхон гуфт: Аз қудамо ҳар кӣ бошад. Пас он ҳазрат ҳафдаҳ санади мӯътабар аз Асҷадиву Фаррухӣ ва Муизиву Масъуди Саъди Салмон ва Хоҷа Салмону дигар устодон дар сиҳҳати рӯзмарраи “намадбофӣ” гузаронид. Нозимхон ҳайрон монд ва ба бонги баланд гуфт: Валлоҳ, ҳар кӣ дар устодии ин азиз шак орад, бешак, кофир бошад. То зист, мӯътақиди ӯ буд” (Сафинаи Хушгӯ, Патна, 1959, с. 117).
Ноқиди дигари Бедил шоири маъруфи асри ХУ111 шайх Муҳаммадалии Ҳазин мебошад.
Ӯ ҷое роҷеъ ба насри Бедил ва назми Носиралӣ навишта буд: “Аз назми Носиралӣ ва насри Бедил ҳеҷ ба фаҳм намеояд. Агар ба Эрон мерафтам, барои ришханди ёрон раҳоварде аз ин хубтар набуд” (Иқтибос аз мақолаи Ғулом Сарвар, Шуарои шибҳи қора ва ноқидони эронӣ, маҷаллаи “Ҳилол, 1965, шумораи 4).
Ҳазин дар ҷои дигар гуфтааст: “Агар мардуми Исфаҳон шеъри Бедилро бишнаванд, механданд” (Ниг.: Вораси Кирмонӣ, Сабки ҳиндӣ ва абъоди он, маҷаллаи “Хуросон”, Кобул, 1360, № 2).
Бино бар қавли тазкиранигорон, Ҳазин шеъри шоирони сабки ҳиндиро умуман намеписандидааст. Хушгӯ дар ин бора навиштааст: “Эътиқоде ба мутақаддимин мисли Шайх Саъдиву Хоҷаи Шероз ва порае ба Фиғонӣ дорад. Ва дигар тозагӯён мисли Соибу Салим ва Калимро вуҷуд намегузарад” (Сафинаи Хушгӯ, с. 291).
Волеҳи Доғистонӣ, ки аз дӯстони Ҳазин буд, доир ба назари ӯ ба шоирон ва умуман мардуми Ҳиндустон навиштааст. “Умуман аҳли ин диёрро (Ҳиндустонро – Б. Р) аз подшоҳу умаро ва ғайра ҳаҷвҳои ракид, ки лоиқи шаъни шайх набуд, намуда. Ҳарчанд ӯро аз ин адои зишт манъ кардам, фоида набахшид ва то ҳол дар кор аст. Лобуд, поси намаки подшоҳ ва ҳаққи сӯҳбати умарову ошноёни бегуноҳ гиребонгир шуда, тарки ошноӣ ва мулоқоти он бузургвор намуда, ин дидаро нодида ангоштам. Офарин ба ҳулқи карим ва карами амими ин бузургон, ки бо камоли қудрат дар садади интиқом барнаёмада, бештар аз пештар дар риояти аҳволаш худро маоф намедоранд. Ин маънӣ зиёда муҷиби хилоҷати уламои Эрон, ки дар ин диёр ба балои ғурбат гирифторанд, мешавад” (Иқтибос аз мақолаи зикршудаи Вораси Кирмонӣ).
Гуфтан лозим аст, ки сабаби эродҳои Ҳазин, аз як тараф, сабку услуби нигориш ва тасарруфоти Бедил дар заобни форсӣ бошад, аз тарафи дигар, таассуб ва нописандии Ҳазин нисбат ба шеъри шоирони форсигӯи Ҳиндустон низ дар миён аст. В-агарна, эътироф накардани шеъри шоирони Ҳиндустон ва гузашта аз ин, ҳаҷву мазаммат намудани мардуми ин кишвар чӣ маънӣ дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё