ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Вале ин таассуб ва нописандӣ хоси танҳо Ҳазин нест. Ин тамоилро дар шоирони эронии пеш аз ӯ низ дидан мумкин аст. Ба хотир овардани баҳсҳои тӯлонии Муҳаммадориф Шайдои Ҳиндӣ (вафоташ – 1669), аз як тараф ва шоирони эронӣ Абӯтолиби Калиму Муҳаммадҷони қудсӣ, аз тарафи дигар, далели ин фикр шуда метавонад. Шайдо дар хотимаи насре ки дар таърифи Кашмир гуфта шудааст, навиштааст: “Эрониён маро ба ҳиндинажод будан миқдор наниҳанд, ғофил аз асли кори худ, ки чун ҳазрати Одам алайҳиссалом аз биҳишт ба дунё ворид шуд, замини Сарандебро аз мақдами шариф гиромӣ намуд. Ва бар ин қавл арбоби таърих иттифоқ доранд. Пас Одам ҳиндист ва нисбати одамият ба нашвунмоёфтагони Ҳинд собиттар. Ҳарф он аст, ки эронӣ ва ҳиндӣ будан фахрро санад нагардад. пояи мард ба нисбати пояи зотӣ бошад. Ва агар эрониён забони таън кушоянд, ки порсӣ забони мост, забонро ба коми худ наёбанд. Гар забон ба ком бошад, ба мазо, ки сухан ошно набуваб. Чун дастгоҳи сухан надоранд, лоҷарам, дасту по ҳамезананд. Зоҳирбинон ки паи ба маънӣ набурдаанд, ҷуз бар зоҳири ҳоли ман чашм нагморанд. Маънии рангини ман чун хилъати эшон нигор аст ва суханони эшон чун ҷомаи ман камбаҳо ва бадқумош. Эшон бар ҷомаи ман чашм бидӯзанду ман бар эшон маънии рангин арза дорам. Он чӣ аз бетакаллуф навишта шуд, ҳама аз рӯи ростист ва аз ростӣ ранҷидан кори аҳли дониш нест” (Иқтибос аз дафтари дуввуми тазкираи “Сафинаи Хушгӯ”. Микрофилми №. Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон).
Ба таассуб ва худхоҳии шоирони эронӣ ишораи шоири асри ХУ11 ва ибтидои асри ХУ111 Мирзо Иноятуллоҳи Ҳайрат низ гувоҳӣ медиҳад. Ӯ навиштааст:
Гӯянд: Суханварӣ бувад дар Эрон,
Файзи ҳақро ба як макон хос мадон.
Ҳуҷҷат талабӣ агар дар ин даъвии кизб,
Бингар, ки манам зи хоки поки Турон.
Бино бар гуфтаи муҳаққиқи ҳиндӣ Вораси Кирмонӣ, “маҳбубияти Бедил бо таъсири дунболадори нақдҳои Ҳазин осеб дид”. Баъд аз ӯ низ дар Ҳиндустон муаллифоне чун Мирғуломалии Озод, Офтоб Ройи лакҳнавӣ ва Шиблии Нуъмонӣ пайдо шуданд, ки шеъри Бедил, хусусан забони ӯро, мавриди сарзаниш ва маломат қарор доданд. Озод роҷеъ ба забони осори Бедил навишта буд: “Мирзо дар забони форсӣ чизҳои ғариб ихтироъ намуда, ки аҳли муҳовара қабул надоранд. Бале, қуръон, ки каломи холиқи алсина аст, сарриштаи мувофақати забон дар даст дорад. Агар ихтирое хилофи забон медошт, фусаҳои араб қабул намекарданд. Ғайрифорсе ки тақлиди забони форсӣ кунад бе мувофақати асл, чӣ гуна мақбули аҳли муҳовара тавонад шуд? Масалан, Мирзо мухаммаме дар марсияи фарзанди худ дорад. Дар он ҷо гӯяд:
Ҳар гаҳ ду қадам хиром мекошт,
Аз ангуштам асо ба каф дошт.
“Хиром коштан” аҷаб чизест (Хизонаи омира, нашри мазкур, с. 153).
Тавре ки мебинем, Озод аз ихтироот ва тасарруфоти Бедил дар забони форсӣ ҷонибдорӣ накунад ҳам, дар эродҳои худ назокат ва одоби суханро аз даст надодааст. Аммо муаллифи тазкираи “Риёзулорифин” Офтоб Ройи лакҳнавӣ аз ин гуна назокат ва одоби баҳс дур аст. Ӯ дар бораи Бедил ва шеъри ӯ навиштааст: “Бедил, яъне Мирзо Абдулқодири барлоси Азимободӣ, ки аз касрати сукунати Деҳлӣ ба Деҳлавӣ машҳур аст. Агарчи баъзе аз ҳиндиёни нобалад ӯро аз аозими шуаро медонанд, аммо назди аҳли забон чӣ ҳеҷ. Форсии ӯ монанди Носиралӣ бадтар аз ҳиндист”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё