ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
(Риёзулорифин, бахши аввал, Теҳрон 1976, саҳ. 123).
Аз навиштаи мазкур бармеояд, ки Офтоб Рой ба эҷодиёти Бедил умуман ошно набудааст.
Дар акси ҳол ӯ дар масъалаи арзёбӣ аз осори шоир ба такрори гуфтаҳои дигарон иктифо намекард. Чунон ки дидем, тазкиранависони пешин чун Орзуву Волеҳ низ аз ин маънӣ, яъне аз он, ки шеъри Бедил мақбули аҳли забони форсӣ нест, ёд намудаанд. Вале онҳо дар баробари ин доир ба шеъри Бедил ақидаҳои шахсии худро низ изҳор намудаанд ва бузургии Бедилу асолати шеъри ӯро эътироф кардаанд.
Чунон ки гуфтем, донишманди номӣ Шиблии Нуъмонӣ низ нисбат ба шеъри Бедил назари хуб надошт. Бесабаб нест, ки ӯ дар асари машҳури худ “Шеърулаҷам” саҳифаеро ҳам ба ин шоир набахшидааст. Дуруст аст, ки ӯ дар чанд ҷои ин асар аз Бедил ёд намудааст. Вале ин ҳама зимни таҳлили осори дигарон ва гузашта аз ин, бо нописандӣ ва беэътиноӣ нисбат ба шоир ва осори вай. Чунончи, ӯ зимни баррасӣ аз осори Калими Кошонӣ навиштааст: “Гарчи дар он замон (асри ХУ11 – Б. Р) истило ва ғалабаи маънисозӣ ва хаёлбофӣ шуароро аз забон, яъне алфоз ва муҳоварабандӣ ғофил карда буд, чунон ки Носиралӣ, Ғанӣ, Бедил дар ин доира афтода, аз лутфи забон бегона шуда буданд, лекин Калим бо вуҷуди мунтаҳои дараҷаи нозукхаёлӣ, ин сарриштаро аз даст намедод” – (Ниг.: Шиблии Нуъмонӣ, Шеърулаҷам, ҷилди саввум, Теҳрон, 1334).
Шиблии Нуъмони ҳангоми баррасӣ аз осори Соиби Табрезӣ дар хусуси робитаи ӯ ба шоирони пешин сухан карда, аз шоироне ба монанди Ҳофизи Шерозӣ, Авҳадии Мароғӣ, Назрии Нишопурӣ, Навъии Хабушонӣ, Файзи Ҳиндӣ, Малики қумӣ, Толиби Омулӣ, Мир Шавқӣ, Масеҳои Кошӣ, Калими Кошонӣ, Ҳаким Шифоӣ, Ҳозиқи Телонӣ ва ғайраҳо ёд кардани Соиб изҳори қаноъатмандӣ менамояд. Вале аз он ки Соиб аз Зуҳурии Туршезӣ ва Ҷалони Асир низ ёд кардааст, афсус мехӯрад ва менависад, ки “ин нахустин қадами харобии завӣ будааст, ки он шоҳроҳе қоим карда ва навбат ба ин ҷо расида, ки имрӯз мардум ба каломи Носиралӣ, Бедил, Шавкаши Бухороӣ ва амсоли он офарин гуфта ва таҳсин мекунанд.
Бунёди зулм дар ҷаҳон андак буд, ҳар кӣ омад, бар он мазид кард” (Ҳамон ҷо, саҳ. 166).
Сабаби дигари дар Эрон шӯҳрат наёфтани Бедил зуҳури равияи адабии “бозгашт” дар муҳити адабии нимаи дуввуми асри ХУ111 ва асри Х1Х ин кишвар аст. Поягузорони равияи “бозгашт” Сайидалӣ Муштоқи Исфаҳонӣ (1689-1757), Оқомуҳаммад Ошиқи Исфаҳонӣ (1699-1767), Сайидаҳмад Ҳошифи Исфаҳонӣ (ваф. 1783), Лутфалибек Озари Бекдилӣ (ваф.
1780) гуруҳи бузурги шоирони асрҳои ХУ1-ХУ111-ро шоирони ҳарзагӯ ва бемаънӣ шуморида, ба ҳар роҳу восита кӯшиш менамуданд, ки монеъи нашр ва шӯҳрати осори онҳо бошанд. Бо зуҳури равияи “бозгашт” на танҳо шеъри Бедил ва шоирони ҳамранги ӯ Ғании Кашмирӣ (ваф. 1668) ва Носиралии Сарҳиндӣ (1639-1697) инкор карда шуд, балки иддаи зиёди шоирони сабки ҳиндӣ аз Урафию зуҳурӣ сар карда то Калиму Соиб дар муҳити адабии асрҳои ХУ111-Х1Х Эрон фаромӯш шуданд. Ба майдон омадани тазкираҳои “Оташкада” таълифи Лутфалибеки Озар ва “Маҷмаъуфусаҳо” таълифи Ризоқулихони Ҳидоят ба инкор ва фаромӯш шудани Бедил ва дигар шоирони сабки ҳиндӣ мусоидат намуд. Масалан, муаллифи “Оташкада” қариб ба аксари шоирони сабки ҳиндӣ назари бад дорад. Чунончи, дар хусуси яке аз бунёдгузорони сабки мазкур Зуҳурии Туршезӣ (ваф. 1616) навиштааст: “Аслаш аз қасабаи Туршез, соҳиби девон аст. Маснавӣ дар баҳри тақоруб машҳур ба “Сокинома” гуфта. Ба назари фақир ҳусне зиёд надорад. Аммо ба фасоҳат машҳур шуда”. (Ниг.:
Оташкада, бахши нахуст, Теҳрон, 1336, с. 266). Назари Озари Бекдилӣ нисбат ба Толиби Омулӣ ва шеъри вай чунин аст: “Аз шуъарои Омул аст. Муддате дар Ҳиндустон дар хидмати шоҳ салим (Ҷаҳонгир – Б. Р) аз муътабарин буд. Соҳиби девон аст ва дар шоирӣ тарзи хосе, ки матлуби шуъарои фасеҳ нест, дорад”. (Оташкада, бахши дуввум, Теҳрон, 1337, с. 870-71).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё