Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҷобат дар он аст, ки Озар аз маҳбубият ва шӯҳрати шоирони сабки ҳиндӣ ёд кард, дар айни ҳол он шӯҳрат ва маҳбубиятро тасодуфӣ ва беҷо меҳисобад. Аз навиштаҳои Озар бармеояд, ки ӯ муқобили шоиронест, ки дар шеър ба тозагӯӣ ва ибтикороту иххтироъот даст задаанд. Яке аз шоирони тозагӯй ва дорои мактаби хоси адабӣ Соиби Табрезист. Назари Озар ба шеъри Соиб тамоман манфӣ ва ғайривоқеъист. Ӯ пас аз баёни мухтасари тарҷимаи ҳоли шоир дар хусуси шеър ва “шӯҳрати беҷо”-и ӯ чунин менависад: “Аз оғози сухангӯии эшон (яъне Соиб – Б. Р) туруқи хаёлоти матинаи фусаҳои мутақаддимин масдуд ва қавоъиди мусалламаи устодони собиқ мафқуд. Ва маротиби суханварӣ баъд аз ҷаноби Мирзои Мушорунилайҳ, ки мубдоъи тариқаи ҷадидаи нописандида буд, ҳаррӯза дар таназзул. То дар ин замон, биҳамдиллоҳ, тариқаи мухтариъаи эшон билкуллия мундарис ва қонуни мутақаддимин муҷаддад шуда. Аксар ашъори эшон мулоҳада (ва) ин чанд байт ба саъйи фаровон аз ӯ интихоб шуд. Бо ин хаёлоти суст сабаби шӯҳрати беҷои ӯ, гӯё, камолоти нафсонии ӯст, ки машҳур аст дар ҳини фароғ аз фикр машғули зикр буда ё тарбияти кавкаб аст. Ва илло роҳи дигар ба хотир намерасад” (Ниг.: Оташкада, бахши нахуст, Теҳрон, 1336, с. 120-127).
Аз тазкираи Ризоқулихони ҳидоят бармеояд, ки дар муҳити адабии эрони асри Х1Х низ шеъри сабки ҳиндӣ аз ҷумла шеъри Соиб мақбул ва маънус набудааст. Ҳидоят пас аз маълумоти тарҷумаҳолӣ дар бораи Соиб навиштааст: “Боре дар тариқи шоирӣ тарзе ғариб дошта, ки акнун писандида нест” (Маҷмаъулфуаҳо, Теҳрон, 1339, Маҷаллаи 2, бахши 1, с.
44).
Адиб ва донишманди маъруфи Эрон Карим Амирии Фирӯзкӯҳӣ роҷеъ ба сабабҳои фаромӯш шудани Соиб дар муҳити адабии нимаи дуввуми асри ХУ111 сухан карда, аз ҷумла навиштааст: “Ин пардапӯшӣ ва дар воқеъ, беинсофӣ ва ғаразварзӣ аз замони ҳукумати Зандия ба дастури маъдуде аз шуърои он аср монанди Озару Маштоқу Ҳотиф ва амсолаҳум ба вуҷуд омад ва билохира навишта ва ҳукумати ҷоҳилона ё мағруронаи марҳум Озари Бекдилӣ дар тазкираи маъруфу машҳури ӯ мавсум ба “Оташкада” дар бораи Соиб муҷиб шуд, ки на танҳо номи вай дар аъдоди шуърои муҳмалсаро ва беарзиш маъдуд ва мавсуф гардад, балки нимае аз пайкари шеъру адаби ин кишвар низ дар зери тӯдаҳои анбӯҳи сангини бехабарӣ ва фаромӯшӣ пинҳону мустатар бимонад. Ва ҳатто самараи таҳаввулу тағйири сухани форсӣ дар тайи чанд қарн ва пайдоиши мактаби тозае, ки натиҷа ва моҳасали афкори қудамо ва ибдоу ибтикори мардуме ғайри муқаллид ва мубтакир буд, дастхуши сухраву истеҳзои ҷамъе бехабару беиттилоъ ва касоне аз аҳли ҷамуду мутамоил ба каҳқаро гардид” (Ниг.: ба Муқаддимаи Куллиёти Соиб, Теҳрон, 1336).
Бо кӯшиши муассисони равияи “бозгашт” раванди табиии адабиёт, раванде ки идома ва такомули сабки ҳиндӣ шуда метавонист, ба таври сунъӣ боздошта шуд. Завқу салиқаи хонандаи ин аср ба талабот ва меъёрҳои равияи “бозгашт” мутобиқ кунонида шуд. Сабаб ҳамин аст, ки шеъри сабки ҳиндӣ танҳо дар Эрон инкишоф ва идома наёфт. Дар сурате ки дар дигар манотиқи шеъри форсӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистону Ҳиндустон ба таври табиӣ идома ва ҷараён дошт. Ба таъбири дигар гӯем, адабиёти асрҳои ХУ111-Х1Х Эрон аз шоҳроҳи асосии шеъри форсӣ берун шуда, бо роҳи тақлиду пайравӣ аз сабкҳои қадим – хуросониву ироқӣ ҳаракат намуд.

пешина
аз 250
навбатӣ