ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Муаллифи маҷмӯаи Шафеии Кадканӣ дар бораи тафовути сабкии шоирони эронӣ аз шоирони манотиқи дигари шеъри форсӣ сухан карда, чунин навиштааст: “Ин тамоиз ё дигаргунӣ то қарни дувоздаҳум (қарни ХУ111 милодӣ – Б. Р) ба ҳеҷ ваҷҳ вуҷуд надоштааст ва аз даврае ки дар Эрон онро “бозгашти адабӣ” ном ниҳоданд, оғоз мешавад. Ба ин маънӣ, ки дар Эрон тавассути баъзе аз аҳли адаб ва мунтақидон, аз қабили Озари Бекдилӣ, ба тадриҷ дар баробари милокҳои ҳоким бар завқи умумии форсизабонон як навъ “кудито” ё инқилоб, ё ҷунбиши ислоҳталабона оғоз мешавад, ки дарбори Қоҷория маркази аслии ин назарияи адабист. Батадриҷ сарзаминҳое ки таҳти нуфуз ва қаламрави сиёсии давлати Қоҷория ҳастанд, ин милокҳову ҳинҷорҳоро густариш медиҳанд. Аммо дигар сарзаминҳои қаламрави шеъри дарӣ ҳамчунон бар суннати адабии пешини хеш, ки аз даруни таҷрибаҳои шоирони қарни нуҳуму даҳум ва ёздаҳум (қарнҳои ХУ-ХУ1-ХУ11 милодӣ – Б. Р) рушд карда буд, боқӣ мемонад ва ҳамон чизеро, ки мо имрӯз ба номи сабки ҳиндӣ мехонем, ба хусус, ҷиноҳи тундрави онро идома медиҳад. Истимрори табиӣ ва таърихии сабки ҳиндӣ дар хориҷ аз қаламрави сиёсии Қоҷория дар саросари ақтори форсизабону форсидон ва форсихони ҷаҳон ҳамчунон идома меёбад. Ва имрӯз ҳам агар ба шеърҳои гӯяндагони мовароуннаҳрӣ (Ӯзбекистону Тоҷикистон) ва Афғонистону шибҳи қора (Ҳинду Покистон ва Банглодиш) таваҷҷӯҳ кунем, сайри табиии он услубро бавузуҳ мебинем”.
Идомаи нуфуз ба таъсири завқу салиқаи равияи “бозгашт” буд, ки шоир ва донишманди маъруф Муҳаммадтақии Баҳор низ аз шеър ва ҳамчунин аз насри форсии Ҳиндустон бо кароҳат ва нописандӣ ёд кардааст. Ӯ зимни гӯшрас намудани хусусиятҳои насри форсии Ҳинд навиштаат: “Нависандаи муқими Ҳинд бештар мехоҳад узҳори фазл кунад ва камтар матлаби баён карданӣ дорад ё агар дорад, ба ҷои ин ки ҳарфи худро бинависад, аз дару девор сӯҳбат дошта ва калимоте муносиби фазлфурӯшии худ ба даст овардааст, на муносиби матлабе, ки бояд нависад. Ҳамин ҳолатро дар шеъри ҳиндӣ мебинем. Ва ба ҷуз Соиб, ки гоҳе аз воқеият сухан мегӯяд, боқӣ шуаро, махсусан мутааххирин, аз қабили Бедилу Ғанӣ, қасдашон овардани иборотест, ки бо санъат ва мазмун ҷӯр биёянд, на ба мақсуде, ки доранд, ва ғолибан, мақсуде ҳам надоштаанд” (Ниг.: Муҳаммадтақӣ Баҳор, Сабкшиносӣ, Ҷилди 3.
Теҳрон, 1331, саҳ. 259).
Баҳор сабки ҳиндиро дар яке аз шеърҳояш низ накӯҳиш ва мазаммат намудааст. Ӯ навиштааст:
Сабки ҳиндӣ гарчи сабке тоза буд,
Лек ӯро заъф беандоза буд.
Фикрҳо сусту тахайюлҳо аҷиб,
Шеър пурмазмун, вале нодилфиреб,
В-аз фасоҳат бенасиб.
(Ниг.: Девони Баҳор, Ҷилди 2, Теҳрон, 1337, с. 228).
Ва ниҳоят, саввумин сабаби камшӯҳратии Бедил дар Эрон, хоса Эрони имрӯза, ба таври кофӣ ошно набудани хонанда ва аҳли таҳқиқи ин кишвар ба осори шоир аст. Яъне ҷой доштани нуфузи равияи “бозгашт” дар муҳити адабӣ ва илмии Эрони имрӯза ва то андозае идома доштани таассуби эронӣ, ки дар борааш сухан рафт, сабаб шудаанд, ки аз хонандагон ва муҳаққиқони эронӣ кам касоне ба осори Бедил рӯй оваранд. Аз ҷумлаи онҳое ҳам ки дар бораи Бедил чизе навиштаанд, аксарашон бевосита ба осори худи шоир муроҷиат накарда, навиштаҳои дигаронро такрор намудаанд. Ин маъниро аз баъзе мақолоте, ки дар бораи шоир навишта шудаанд, пай бурдан душвор нест. Чунончи, дар китоби Забеҳуллоҳи Сафо “Ганҷи сухан” (Теҳрон, 1340) маснавии маъруфи шоир “Ирфон” саҳван ба номи “Арафот” ёд шудааст. Ҳамин иштибоҳ, ки шояд, хатои техникӣ бошад, дар китобҳои Заҳрои Хонларӣ “Раҳнамои адабиёти форсӣ” (Теҳрон, 1341) ва “Фарҳанги адабиёти форсӣ (Теҳрон, 1348), дар рисолаи Абдурафеъ Ҳақиқати Рафеъ “Таърихи наҳзатҳои фикрии эрониён” (Ҷилди чаҳорум, бахши якум, Теҳрон, 1368) ва ғайра низ такрор шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё