Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мисоли барҷастаи Бедилро нахонда дар борааш асар навиштан мақолаи Мансури Мунтазир аст, ки ба ҳайси муқаддимаи нашри дуҷилдаи ғазалиёти Бедил ба табъ расидааст.
Ба назар чунин мерасад, ки Мансури Мунтазир дар навиштани ин мақола осори худи Бедилро дар ихтиёр надоштааст ва манбаи асосии ӯ “Бедилшиносӣ” ном рисолаи Ғуломҳасани Муҷаддадӣ будааст.
Аз мулоҳаза ва муҳокамаҳои Мансури Мунтазир бармеояд, ки ӯ на танҳо дар бораи Бедил ва осори ӯ тасаввури кофӣ надорад, балки оддитарин масоили марбут ба Ҳиндустонро низ намедонад. Дар акси ҳол ӯ наменавишт ки “Бедил дар Азимободи Патна – яке аз вилоёти Ҳинд ба дунё омадааст”. Ва илова намекард, ки “шаҳри Азимобод маркази аёлати Патна буда, дар соҳили ҷанубии рудхонаи Ганг воқеъ аст”.
Ҳол он ки Патна аёлат набуда, яке аз шаҳрҳои қадимтарини Ҳиндусттон аст. Ва Азимобод номи дигари ҳамин шаҳр мебошад, ки аз ибтидои асри ХУ111 то ибтидои асри ХХ ба ин ном низ ёд мешуд.
Мансури Мунтазир дар саҳифаи 9 мақолааш навиштааст, ки Бедил дар соли 1075 ба Даҳлӣ омада, зарфи чанд сол шӯҳрат пайдо кард. Сабаби ба зудӣ шӯҳрат ёфтани ӯ, ба фикри Мунтазир, ин буда, ки дар он вақт аз шоирони бузург касе дар Деҳлӣ иқомат намекардааст.
“Ғании Кашмирӣ – идома додааст Мунтазир, – дар Кашмир ба сар мебурд, мавлоно Мирзо Соиби Табрезӣ ба Исфаҳон рафта буд, Носиралии Сарҳиндӣ ба Шоҳиҷаҳонобод ва Афзали Сархуш ба доруссалтана рафта” буданд. Аввал ин, ки Бедил дар соли 1076 ба Деҳлӣ омад, на дар соли 1075. Сониян, Деҳливу Шоҳиҷаҳонобод низ чун Патнаву Азимобод номҳои гуногуни як шаҳранд. Мурод аз доруссалтана низ ҳамон Даҳлӣ ё худ Шоҳиҷаҳонобод аст.
Мансури Мунтазир маводи асосии мақолаи худро аз китоби зикршудаи Муҷаддадӣ гирифта, дар баъзе мавридҳо ақоиди ӯро рад карданӣ шудааст. Ӯ аз муносибати Бедил бо Шоҳяккаи Озод ном дарвеш сухан карда, аз ҷумла чунин навиштааст: “Шоҳяккаи Озод Бедилро бисёр мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад ва ба Бедил ҳидоят медиҳад, ки дар маънии ин чанд байт доиман фикр кунад:
Ин туи зоҳир, ки пиндорӣ, тӯӣ,
Ҳаст андар туи ту аз бетуӣ.
Ӯ ту аст, аммо на ин ту, ки ман аст,
Он туе, к-он бартар аз мову ман аст.
Туи ту дар дигаре омад дафин,
Ман ғуломи марди худбинам чунин”.
Мансури Мунтазир баъд аз иқтибоси се байти боло чунин мегӯяд: “Ғуломҳусайни Муҷаддадӣ менависад, ки “Ин абёт дар ҳақиқат ҳидояте буд, то Бедил ба зареаи онҳо ба худии дарунӣ тамоил пайдо кунад”. Ва худ илова менамояд, ки “тамоил ба дарун пайдо кардан, он ҳам ба абёте аз ин даст аз шоире мисли Бедил баъид ба назар мерасад”. Чаро ки худ мавлоно (Бедил – Б. Р) – идома медиҳад ӯ,

  • дар ҳамон овони ҷавонӣ абёте маҳкамтар ва бадеътар аз ин сустназмакҳо иншо мекарда ва гумон намекунам, ки табъи мушкилписанди Бедил бо хондани мукаррари ин се байт шеъри суст ба сирфи гунгӣ ва печидагии мӯҳтаво ба тарафи дунёи дарун ҳидоят шуда бошад. Баъид нест, ки ин қасдро,
  • хулоса мекунад Мансури Мунтазир,
  • тазкиранависони мо, ки аксаран одамҳои хаёлпардози афсонасоз буда, барои Бедил сохта бошанд”.
    Маълум мешавад, ки Мансури Мунтазир на фақат ба осори Бедил ошноӣ надорад, инчунин аз асари бузурги Мавлавии Рум “Маснавӣ” низ бехабар аст. Ӯ намедонад, ки се байти мазкур иқтибос аз “Маснавӣ” мебошанд ва онҳоро худи Бедил дар “Чорунсур” овардааст. Ва фикри дар таъсири ин байтҳо тамоил ба дарун пайдо кардан низ фикри худи Бедил аст, на фикри “тазкиранависони афсонасоз”-у на фикри Ғулом ҳусайни Муҷаддадӣ.
пешина
аз 250
навбатӣ