ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Мансури Мунтазир дар бораи устоди дигари Бедил Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ сухан карда, ҳодисаи аввалан бор ба ҳам вохӯрдани онҳоро чунин ба қалам додааст: “Дар соли 1071, дар ҳамон соле ки Бедил бо Мирзо Зариф ба Катак меравад, бо ин мард (Шоҳқосим – Б. Р) ошно мешавад. Моҷарои бархӯрди ин марди худо бо Бедил аз ин қарор аст, ки рӯзе Бедил ва Мирзо Зариф саргарми тафсири қуръон ҳастанд, ки хабар мерасад марде рӯҳонӣ ба дидани онҳо омадааст. Аз ӯ истиқбол мекунанд ва вай бо шарҳи чанд оя аз қуръон табаҳҳури худро дар илми тафсир ошкор месозад”.
Мансури Мунтазир дар ин ҷо ду шахс – Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ ва дарвеше дигарро як шахс пиндошта, ҳамчунин ду ҳодисаи дар замонҳои гуногун ба амал омадаро як ҳодиса тасаввур намудааст.
Воқеаи ошноии Бедилу Мирзо Зариф бо Шоҳқосим, дар ҳақиқат, дар соли 1071 дар шаҳри Катак рух додааст. Вале сурати воқеа на он аст, ки Мансури Мантазир навиштааст. Шахсе ки ба назди Бедилу Мирзо Зариф меояд ва бо тафсири чанд ояти қуръон “табаҳҳури худро ошкор месозад” Шоҳқосим нест, балки шаси дигар аст. Ва ин ҳодиса дар соли 1071 не, балки дар соли 1075 рух додааст. Дар соле рух додааст, ки Бедилу Мирзо Зариф аз минтақае бо номи Ксорӣ ба шаҳри Катак баргашта, равонаи ватани хеш шаҳри Патна буданд. Шахсе ки дар соли 1075 ба дидани Бедилу Мирзо Зариф меояд, дар “Чорунсур” бо номи аслии худ ёд нашуда, бо ибораҳои “марде аз мансубони ҳазрати шоҳ” (яъне Шоҳқосим – Б. Р), “орифе”, “он ҳазрат” ва ғайра зикр ёфтааст.
Мансури Мунтазир дар “Бедил ва сабки ҳиндӣ” ном бахши мақолааш навиштааст: “Ба эътирофи худи мавлоно (Бедил – Б. Р) ӯ пеш аз он, ки ба Шоҳҷаҳонобод биёяд ва замоне ки дар Патна ва Биҳор буда, ба сабки шуарои клосик кор мекарда ва шеваи тозаро намешинохта ва дар муқаддимае, ки ба маснавии “Муҳити аъзам”-и худ навишта, маълум мешавад, ки бо мутолааи кори шоироне чун Зуҳурӣ, Ҳилолӣ, Солик, Толиб, Шайдо, Салим ва Соиб бо сабки ҳиндӣ ошно шудааст ва аз миёни тамоми шоирони ин сабк ба нубуғи Мирзо Соиб мӯътақид будааст”.
Ин суханони Мансури Мунтазир низ ҳеҷ гуна асос ва воқеият надоранд. Дар муқаддимаи “Муҳити аъзам” дар ин бора умуман сухан нарафтааст. Чизе ки дар муқаддимаи маснавии мазкур мавҷуд аст ин аст: “Аммо бидон, ки ин (яъне “Муҳити аъзам” – Б. Р) майхонаи зуҳури ҳақоиқ аст, на соқиномаи ашъори Зуҳурӣ ва оинапардози кайфияти дақоиқ аст, на зангорфурӯши хумори бешуурӣ. Ҳилолӣ дар андешаи ин сипеҳри камол чун моҳи нав борик аст ва Зулолӣ дар тамошои ин муҳити аъзам ба оби ҳасрат наздик. Солик то тайи маротиби ирфон нанамояд, аз ҷодаи истифҳоми он дур аст ва Толиб то ба сарманзили камол нарасад, аз усули идроки он маъзур. Силии ситти маониаш табъи Сомитро ба хурӯш парварда ва гӯшмоли нағмаи алфозаш димоғи Шайдоро ба ҳуш оварда. Суратпазирии шоҳиди мазмунаш бе оинаи табъи Салим муҳол аст ва маънинамоии саводи мактубаш бе шамъи раъйи Соиб хаёл”.
Тавре ки мебинем, дар ин ҷо дар бораи душвории истифҳом ва идроки маонӣ ва матолиби “Муҳити аъзам” сухан рафтааст, на дар хусуси ба сабки клосик навиштану сабки ҳиндиро аз дигарон омӯхтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё