ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданМансури Мунтазир дар саҳифаи 13 мақолааш мегӯяд: “То соли 1078, ки Бедил ду маснавӣ
- “Муҳити аъзам” ва “Тилисми ҳайрат”-и худро тамом мекунад, ба дарвешӣ ва сайру сафар зиндагиро мегузаронад. Вале як сол баъд издивоҷ карда ва барои ҳамеша ба Деҳлӣ иқомат мекунад ва мисли ниёкони худ ба сипоҳигарӣ мепардозад”.
Ин фикри муаллиф низ чандон саҳеҳ нест. Бедил то замони Ба Деҳлӣ омадану ба таври доимӣ сукунат ихтиёр кардан ба муддати 15 сол дар шаҳру вилоёти дигари Ҳиндустон – Акбаробод, Лоҳур, Ҳасанабдол, Гуҷарот, Матҳро зиндагӣ ва хидмат намудааст. Замони ба Деҳлӣ омадану муқими доимӣ шудани ӯ соли 1096 аст.
Мунтазир илова намудааст, ки Бедил баъди ба Деҳлӣ омадан “аз Оқилхони Розӣ ва наввоб Шукруллоҳхон, ки аз шогирдон ва дӯстони ӯ ҳастанд, кӯмак металабад ва онҳо хонае барои ӯ таҳия” менамоянд. Фикри Бедилро аз хона таъмин намудани Оқилхону Шукруллоҳхон дуруст аст. Вале онҳо аз ҷумлаи шогирдони Бедил набуданд. Шахсони мазкур аз ҷиҳаи синну сол нисбат ба Бедил 10-15 солӣ бузургтаранд.
Мансури Мунтазир суханони Муҷаддадиро дар хусуси дар соли 1120 ба дунё омадани ягона фарзанди Бедил иқтибос намуда, дар ин ҷо низ ба ӯ эътироз кардааст. Ӯ навиштааст:
“Қазия ду сурат дорад. Агар Бедил то он мавқеъ духтаре ё духтароне дошта, хуб, ҳеҷ айбу эроде надорад, ки дар синни 66 солагӣ соҳиби писаре шуда бошад. Вале агар то он мавқеъ иҷоқкӯр (бефарзанд) буда, ҳарфи эшон (Муҷаддадӣ – Б. Р) санад нест ва Бедил аслан дар чунин синне соҳиби фарзанд нашуда”.
Мансури Мунтазир, зоҳиран, ба ғайр аз китоби зикршудаи Муҷаддадӣ аз осори бедилшиносони дигар хабар надорад. Факти дар пиронсолӣ соҳиби фарзанд шудани Бедилро аксари онҳо зикр кардаанд. Худи шоир низ дар ин бора ишораҳои зиёде дорад. Чунончи, дар рубоие мегӯяд:
Бедил, таърихи интихобафвоҳам
Ба рамзе нест, гар шавқ огоҳам.
Шасту шаш сол фард будам, к-аз ғайб
Абдухолиқ шуд “интихобуллоҳ”
-ам.
Мутаассифона, ягона фарзанди Бедил – Абдухолиқ, умри дароз надид. Ӯ дар соли 1123 дар синни қариб сесолагӣ аз олам гузашт. Бедил дар ин маврид низ чандин шеър эҷод намуд, ки яке аз онҳо мухаммасест, ки бо ин мисраҳо оғоз меёбад:
Ҳайҳот, чӣ барқ парфишон рафт?
К-ошӯби қиёматам ба ҷон рафт.
Гар тобе буд, гар тавон – рафт,
Тифлам з-ин кӯҳна хокдон рафт.
Бозӣ – бозӣ ба осмон рафт.
Мансури Мунтазир ҳангоми ёдовар шудан аз ин мухаммас низ шеършиносӣ ва шеърфаҳмии худро нишон доданӣ шуда, иддао кардааст, ки ин мухаммас набояд дар синни пиронсолии шоир гуфта шуда бошад. “Ба эътимоди ман, - навиштааст ӯ,
- суст будани шеър ва заъфе ки дар қавофӣ вуҷуд дорад, нишондиҳанда ва намоёнгари ин асл аст, ки агар Бедил фарзанде дошта, дар ҳамон ҷавонӣ буда ва ин шеър низ аз ашъори ибтидоӣ ва аввалияи Мирзост”.
Мансури Мунтазир дар фароварди мақолаи худ роҷеъ ба осори Бедил сухан карда, навиштааст, ки “Куллиёти Бедил муштамил бар 99 ҳазор байт мебошад, ки то кунун (яъне то соли 1985 – Б. Р) танҳо як бор дар Афғонистон чоп шудааст”.
Мансури Мунтазир дар ин ҷо низ дурӯғ гуфтааст. Куллиёти Бедил то замони дар Афғонистон чоп шудан, яъне то ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ панҷ маротиба ба табъ расидааст. Аввалин нашри он, ки матни нисбатан мукаммал аст, дар соли 1847 дар матбааи Сафдарии Бамбай чоп шудааст. Нашри дуввуми Куллиёт онест, ки дар ҳаҷми мухтасар ҳавоии девон, “Никот”, “Руқаот” ва “Чорунсур” дар соли 1287 (1871) дар Лакҳнав ба табъ расидааст. Чопи такрории ҳамин нашр, ки дар соли 1292 (1875) дар Конпур ба миён омадааст, нашри саввуми Куллиёт ба ҳисоб меравад. Нашри чоруми куллиёт низ нашри мухтасарест, ки дар соли 1292 (1875) дар матбааи Ҳасании Бамбай сурат пазируфтааст. Ин нашр девон, “Никот”, “Муҳити аъзам” ва “Ишороту ҳикоёт”-ро дар бар кардааст. Ва ниҳоят, нашри панҷуми Куллиёт нашри маълум ва маъруфи Сафдарист, ки дар соли 1299 (1882) дар Бамбай либоси табъ пӯшидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё