ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Илова кардан лозим аст, ки Куллиёти Бедил ахиран дар Теҳрон низ дар се маҷаллад ба табъ расид, ки асосан такрори ҷилдҳои якум ва дуввуми нашри Кобул мебошад.
Аз муаллифони муосири Эрон касе ки ба омӯзиши Бедил ба таври ҷиддӣ машғул шудааст, муҳаққиқи номбурда Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ мебошад. Ӯ аз охири солҳои шастуми асри ХХ ба ин ҷониб дар хусуси Бедил як силсила мақолаҳо таълиф ва нашр намуда, дар охир он мақолаҳоро бо мунтахабе аз ғазалу рубоиёти Бедил дар шакли маҷмӯаи алоҳида ба табъ расонид (Ниг.: Шафеии Кадканӣ, Шоири оинаҳо. Теҳрон, 1366). Кадкани бо ин кор на танҳо Бедилро ба хонандаи имрӯзаи Эрон ошно намуд, инчунин тавонист, ки дар бедилшиносии ҷаҳон сухани тозае низ бигӯяд. Дар мисоли тадқиқотҳои ин муаллиф низ ба хулосае омадан мумкин аст, ки хонандаи эронӣ агар ба осори Бедил ба таври кофӣ ошно шавад, аз мазомини олӣ, санъати баланд, итирооту ибтикороти вай дар забони форсӣ огаҳӣ хоҳад ёфт ва ӯро ба ҳайси яке аз маҳбубтарин шоирони форсигӯ хоҳад пазируфт. Нуктаи муҳиме ки аз мақолаҳои Кадканӣ бармеояд ин аст, ки ба қадри ошноӣ ба осори Бедил назари ӯ ба шоир ва эҷодиёти вай тағйир ёфтааст. Дар мақолаҳои ӯ “Нақди Бедил” ва “Бедили Деҳлавӣ” , ки дар солҳои 1346 (1968) ва 1347 (1969) навишта шудаанд, нисбат ба Бедил агар як навъ беэътиноӣ ва нописандӣ мушоҳада шавад, дар мақолаҳои охирини ӯ “Ҳофиз ва Бедил дар муҳити адабии Мовароуннаҳр дар қарни нуздаҳум”, “Сабкшиносии шеъри Бедил” ва “Мисраъ – даричаи ошноӣ бо Бедил” ин ҳолат ба назар намерасад. Чунончи, муҳақиӣ дар мақолаи “Бедили Деҳлавӣ” доир ба ғазалиёти Бедил навишта буд: “Нависандаи ин сутур бо ҳама кӯшиш, ки дошт, дар саросари девони ӯ як ғазали ҳамвору якдаст, ки битавон тамоми абёти онро ба унвони шеъри хубу покиза арза кард, наёфт (Ҳунар ва мардум, 1347, №№ 74- 75, с. 50).
Ё худ дар мақолаи “Нақди Бедил”, мехонем: “Бедил дар таърихи адабиёти форсӣ авҷи шеваест, ки ба номи “Ҳиндӣ” ва ё “Исфаҳонӣ” хонда мешавад. Тарзи тозае, ки аз даврони Фиғонӣ ва пеш аз ӯ оғоз ёфа буду чеҳраҳои мушаххасу барҷастааш дар қарни ёздаҳум иборатанд аз Соибу Калиму Урфиву Толибу Салим, дар шеъри ӯ ба авҷ мерасад. Аммо ин авҷ авҷи камол нест ё дасткам ба назари ман чунин мерасад. Давраи камол ва ё беҳтар бигӯем, намунаи нисбатан табиӣ ва зебои ин гуна шеърҳоро дар девони Соиби Табрезӣ метавон ҷуст” (Ниг).
Аммо дар мақолаи “Ҳофиз ва Бедил дар муҳити адабии Мовароуннаҳр дар қарни нуздаҳум”, ки дар соли 1366 (1987) ба табъ расидааст, акси ин ақдаро мебинем. Дар ин ҷо намунаи беҳтарин ва такомули табиии сабки ҳиндӣ шеъри Бедил дониста шудааст. Муаллиф дар ин мақола навиштааст: “Дар чунин суннати адабӣ ва муҳити завқиву ҳунарӣ шоирони усва ва сармашқҳои адабӣ иборатанд аз гурӯҳи шоирони дараҷаи аввали сабки ҳиндӣ аз қабили Соибу ақмори ӯ ва дар садри ҳамаи онҳо Мирзо Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ, ки вуҷудаш аз лиҳози таърихӣ такомули табиии услуби шоиронаш Соибу ақрини ӯст. Бедил фарди акмал ва намунаи оливу муваффақтарини мазҳари ин гуна шеъру шоирист ва илова бар тааммулоти жарфе, ки дар аволими рӯҳии инсон ва ҷавониби ҳаёти башарӣ дорад, яке аз шигифтиҳои қаламрави халлоқияти забони шеъри форсӣ низ ҳаст”. (Шоири оинаҳо, саҳ. 95).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё