Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавре ки дар оғози ин мақола гуфта шуд, Кадканӣ дар мақолаи “Бедили Деҳлавӣ” иллати фаромӯшӣ ва дар Эрон шӯҳрат наёфтани Бедилро ба хусусиятҳои забонии осори худи ӯ вобаса дониста буд. Вале дар мақолаи “Ҳофиз ва Бедил” чунон ки дидем, сабаби инро дар носипосӣ ва ҳақношиносии эрониён нисбат ба Бедил мебинад.
Хулоса, факти фаромӯшӣ ва камшӯҳратии Бедил дар Эрон зуҳуроти муваққатист ва он рӯз дур нест, ки шеъри ӯ дар ин мантиқаи забони форсӣ низ густурда хоҳад шуд ва шефтагони худро дар ин сарзамин низ пайдо хоҳад кард. Зеро шеъри Бедил падидаест, ки бо гузашти вақт доираи нуфузаш васеътар ва қаламрави таъсираш бузургтар мешавад. Худи ӯ фармудааст:
Бедил, таҷаддудест либоси хаёли ман,
Гар сад ҳазор сол барояд, кӯҳан наям.
ТАРҶИМАИ ТУРКИИ ЯК ҒАЗАЛИ БЕДИЛ
Ҳангоми ошноӣ ба таърихи омӯзиши Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) ба мулоҳаза ва андешаҳое дучор омадан мумкин аст, ки аз далелҳои қавии илмӣ бархурдор нестанд.
Чунончи, ақидаҳое вуҷуд доранд, ки, гӯё, Бедил ба забонҳои урду ва туркӣ низ шеърҳо навишта бошад. Яке аз муаллифоне, ки аз ин ақидаҳо пайравӣ кардаанд, шоир ва донишманди Афғонистон Муҳаммадиброҳими Халил мебошад. Ӯ дар мақолае бо номи “Алоиқ ва ақоиди мо ба Бедил” навиштааст: “Бедил агарчи ба забонҳои ҳиндӣ (урду – Б. Р) ва туркӣ ҳам осор дорад, вале кам аст” (Ниг.: маҷаллаи “Ирфон”, Кобул, 1333. № 1).
Гуфтан лозим аст, ки фикри ба забони урду шеър гуфтани Бедил фикри нав нест. Ин фикр аз сарчашмаҳои асри ХУ111 адабиёти урду ибтидо мегирад. Дар аксари онҳо, аз ҷумла дар тазкираҳои Миртақии Мир “Никотушшуаро” (1759) қудратуллоҳи Шавқ “Табақотушшуаро” (1774-1775), Алӣ Иброҳимхони Халил “Гулзори Иброҳим” (1783-1784), Қиёмуддини Қоим “Махзани никот” (1792-1794), қудратуллоҳи Қосим “Маҷмӯаи нағз” (1806-1807), Абдулғафури Нассох “Сухани шуаро” (1864-1865) омадааст, ки Бедил аслан шоири форсигӯст, вале чанд байти башумор ба забони урду низ гуфтааст. Масалан муаллифи “Никотушшуаро” пас аз зикри мухтасари тарҷимаи ҳоли шоир илова кардааст, ки “ду шеъри рехта (урду- Б. Р) ба номи ӯ шунида мешавад, шояд, ба тақрибе гуфта бошад”.
Муаллифи “Тазкираи шуарои урду” (1778) Мирҳасани Деҳлавӣ овардааст: “Мирзо Абдулқодири Бедил шоири забардаст ва соҳибтарзи форсист. Таърифи ӯ дар тазкираҳои форсӣ мастур аст. Ду шеъри ҳиндӣ (урду – Б. Р) аз он бузургвор шунида шуд”.
Таъкид бояд кард, ки дар ду иқтибоси мазкур таъбирҳои “ду шеъри рехта” ва “ду шеъри ҳиндӣ” ба маънои ду байт мебошанд, на ба маънои ду ғазал ё намуди дигари шеър. Ба таъбири дигар гӯем, муаллифоне, ки аз шеъри урду доштани Бедил ёд кардаанд, ба ҳайси намуна ҳамагӣ ду байтро зикр намудаанд.
Муаллифи дигари адабиёти урду Шод Азимободӣ ба он ду байт байти дигареро илова кардааст. Ӯ дар асари хеш “Навои ватан” ривоятеро аз ҳаёти Бедил нақл намудааст, ки дар тазкираҳои зикргардида ба чашм намерасад. Тибқи ин ривоят, вақте ки амаки Бедил Мирзо Қаландар вафот мекунад, ӯ ба тангдастиву парешонӣ дучор гардида, муддате бо қарзи қавола ба сар мебарад. Чун нодорӣ ва тангдастӣ аз ҳад мегузарад, дӯстонаш ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки шаҳри Патнаро тарк намуда, ба Деҳлӣ биравад. Шояд, дар он ҷо ба қадри ӯ бирасанд ва аҳволи моддиаш беҳтар шавад. Бедил маслиҳати дӯстонро қабул мекунад ва асбобу анҷоми худро ба аспе бор карда барои видоъ ба хонаи пиразане меравад, ки аз дӯстони деринаи ӯ буд. Шоир ҳангоми видоъ бо пиразан байте ба забони урду мегӯяд, ки мазмунаш чунин аст: Чун барои Бедил ҳомии дигаре вуҷуд надорад, ӯ шаҳри Патнаро тарк намуда, ба диёри бегона меравад.

пешина
аз 250
навбатӣ