ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Агарчи баъзе муҳаққиқон, масалан, муаллифи рисолаи “Аҳвол ва осори Бедил” (Кобул, 1351) Абдулғанӣ, ба ин ривоят истинод кардаанд, мо дар хусуси воқеият доштани он чизе намегӯем, зеро ин ривоят дар манбаъҳои адабии замони Бедил ва асрҳои наздик ба замони ӯ ба назар намерасад.
Ба ҳар ҳол, чун забони модарии Бедил урду буд (Дар ин бора ниг. ба мақолаи “Забони модарии Бедил” дар ҳамин маҷмӯа) ва дар замони ӯ адабиёти урдузабони Ҳиндустон рӯ инкишоф ниҳода буд, имкон дорад, ки ӯ чанд байт ба ин забон низ гуфта бошад ва сабаби ба тазкираҳои адабиёти урду дохил шуданаш ҳам ҳамин чанд байт бошад.
Вале масъалаи муносибати Бедил ба забон ва шеъри туркӣ дигархелтар аст. Бино бар қавли баъзеи тазкиранависон, Бедил ба забони туркӣ ошно буд. Муосир ва шогирди ӯ Биндробандоси Хушгӯ аз ҳодисаи ба лашкари Аъзамшоҳ (1646-1708) пайвастани шоир хабар дода, навиштааст, ки Бедил дар лашкари Аъзамшоҳ “дар андак фурсат муаззизу мақбул шуда, дар туркиву форсӣ ҳамзабон гардид” (Ниг.: Сафинаи Хушгӯ, Патна, 1959, с. 108).
Вале дар хусуси ба ин забон шеър гуфтани ӯ дар манбаъҳои адабӣ ишорае ба назар намерасад. Ба ин мазмун, чунон ки гуфтем, дар таълифоти муҳаққиқони муосир дучор омадан мумкин аст. Масалан, муаллифи мазкур Абдулғанӣ дар рисолаи номбаршудаи хеш навиштааст, ки ӯ дар Кобул, дар китобхонаи вазорати маорифи Афғонистон нусхае аз девони Бедилро дидааст, ки дар охираш 65 байти туркӣ доштааст. Абдулғанӣ ин байтҳоро низ моли Бедил пиндошта, ба хулосае омадааст, ки Бедил шеъри туркӣ низ иншо намудааст.
Абдулғанӣ аз он шеърҳо як байтро дар рисолаи худ зикр кардааст, ки мо низ онро нақл менамоем:
Эй тахти темурӣ, у эрур нодир,
Бу ҷумлаға Ҳофиз эрурди қодир.
Абдулғанӣ пас аз иқтибоси байти мазкур таъкид намудааст, ки аз шунидани ин ҳақиқат, яъне шеъри туркӣ доштани Бедил, набояд тааҷҷуб кард, зеро, чунонки Хушгӯ мегӯяд, Бедил ба забони туркӣ ошноии комил дошт (Ниг.: Абдулғанӣ, Аҳвол ва осори Бедил, саҳ. 183).
Хотирнишон бояд кард, ки ҳамаи нусхаҳои хаттие ки дар китобхонаҳои Кобул, аз ҷумла, дар китобхонаи вазорати маориф, маҳфуз буданд, баъдтар ба Архиви миллии Афғонистон кӯчонида шуда, дар ҳамон ҷо ҳифз мешуданд. Мо дар аввали солҳои 80-уми асри гузашта муддате дар Архиви миллӣ кор карда, аксари нусхаҳои хаттии осори Бедилро аз назар гузаронида будем. Вале ба нусхае, ки дар охираш ашъори туркӣ дошта бошад, дучор наомадем. Дар сурати вуҷуд доштани ин нусха низ ба ақидаи Абдулғанӣ ҳамроҳ шудан душвор аст. Далелҳое ки ӯ овардааст, барои ба чунин натиҷа расидан басанда нестанд.
Чунонки маълум аст, дар дохили як ҷилд дарҷ гардидани ашъори чандин шоир, аз ҷумла шоирони гуногунзабон, як ҳодисаи муқаррарист. Бисёрҳо воқеъ шудааст, ки котибон дар охири девонҳои мураттаби ин ё он шоир ашъори шоирони дигарро низ ҷой додаанд.
Ҳамчунин ҳодисаи иштибоҳан ба девони як шоир ворид шудани шеъри шоири дигар низ бисёр ба назар мерасад. Масалан дар чанде аз нусхаҳои хаттии Куллиёти Бедил “Рамзу имо” ном маснавии шоири асри ХУ11 Ҳиндустон Мунири Лоҳуриро низ дидан мумкин аст. Ё худ дар чандин нусхаҳои хаттии девони Бедил ғазалҳо аз Абдураҳмони Ҷомиву Файзии Даканӣ иштибоҳан ворид гардидаанд. Ба фикри мо, пеш аз он ки 65 байти мазкур ба Бедил нисбат дода шавад, бояд аниқ гардад, ки оё онҳо ба ягон шоири туркзабон тааллуқ надоранд? Агар исбот гардад, ки онҳо дар девонҳои шоирони туркзабон дида намешаванд, ба масъалаи дигар равшанӣ андохтан лозим меояд. Яъне муайян мебояд кард, ки оё ин шеърҳо дар нусхаҳои дигари девони Бедил низ мавҷуданд ё на? Агар ин шеърҳо воқеан моли Бедил бошанд, ҳеҷ набошад, дар баъзе нусхаҳои дигари девони шоир низ бояд роҳ ёфта бошанд. Вагарна, мавҷудияти онҳо танҳо дар як нусха, он ҳам нусхаи охири асри Х1Х, далели эътимодбахш шуда наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё