ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ва ниҳоят, чунон ки аз муқаддимаи нашри кобулии Куллиёти Бедил бар меояд, дар таҳия ва тадвини он дар қатори дигар нусхаҳо нусхаҳои хаттии вазорати маорифи Афғонистон низ истифода шудаанд. Гумони ғолиб бар он аст, ки нусхаи зикркардаи Абдулғанӣ низ ба дасти мураттибони Куллиёт расидааст. Дар сурати ба Бедил тааллуқ доштани ашъори туркии он нусха, мураттибон онҳоро низ ба Куллиёт дохил менамуданд ё худ аз онҳо зикре ба миён меоварданд.
Далели дигар, ки Абдулғанӣ дар таъйиди фикри хеш овардааст, ба забони туркӣ ошно будани Бедил аст, ки ҳам пояи устувори илмӣ надорад. Зеро бо донистани ин ё он забон шеър гуфтан ба он шарт нест.
Муҳаққиқи дигаре, ки ба шеъри туркӣ доштани Бедил исрор намудааст, муаллифи киоби “Описание тюркских рукописей Института востоковедения” (Том III. Москва, 1980) Л. В.
Дмитриева мебошад. Ӯ ҳангоми тавсифи нусхаҳои хаттии туркии Институти шарқшиносии АИ Россия дар ҳошияи яке аз нусхаҳо бо ғазале дучор омадааст, ки зери унвони “Ғазали Бедил” сабт ёфааст. Мутаассифона, Дмитриева дар тавсифи нусхаи ин ғазал ба сохтакорӣ даст зада, дар феҳристи худ ба ҷои “Ғазали Бедил” “Ғазалҳои Бедил” навиштааст ва таъкид намудааст, ки муаллифи “ин ғазалҳо” шоири маъруфи форсигӯ Мирзо Абдулқодири Бедил аст, ки ба забони ӯзбекӣ низ шеърҳо гуфтаат.
Ба мо маълум нашуд, ки Дмитриева дурӯғи мазкурро ба кадом мақсад гуфта бошад? Агар Дмитриева худи нусаро надида, тавсифи онро аз асари дигар гирифта бошад ҳам, дурӯғи ӯ ба иштибоҳ табдил намеёбад. Зеро нусхаи мазкур пеш аз нашри китоби Дмитриева фақат дар як асар – дар феҳристи А. М. Мугинов “Описание уйгурских рукописей Института Народов Азии” (Москва, 1962) тавсиф шудааст. Дар ин ҷо низ унвони ғазал дар шакли танҳо, яъне “Ғазали Бедил”, дарҷ гардидааст. Мугинов нусхаи ғазалро тавсиф намуда, ба қалами Бедил тааллуқ доштани онро гӯшрас накардааст.
Хушбахтона, мо низ он ғазалро дида, аз назар гузаронидем. Ғазал дар ҳошияи варақи 289 “б” нусхае бо номи “Китоби ғариб” сабт гардидааст, ки он зери № С 165 маҳфуз аст. Тавре ки аз тавсифҳои Мугинов ва Дмириева бармеояд, муаллифи “Китоби ғариб” шоири асри Х1Х уйғур Турдии Ғарибӣ будааст, ки то соли 1257 (1841-1842) дар қайди ҳаёт буданаш маълум аст. Китобати нусха, аз ҷумла нусхаи ғазали Бедил, пеш аз санаи 1265 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1848-49 милодӣ ба анҷом расидааст.
Мо ғазали мазкурро бо ғазалҳои Бедил муқояса намуда, ба натиҷае расидем, ки он тарҷимаи як ғазали шоир мебошад. Ғазал аз шаш байт иборат аст ва мо асли форсии чор байти онро аз девони ғазалиёти Бедил пайдо намудем. Пайдо кардани матнҳои форсии ду байти аввал ба мо муяссар нагардид.
Инак, ғазали мазкурро дар ин ҷо иқтибос намуда, матни аслии чаҳор байти онро низ сабт менамоем. Аввал ду байтеро нақл мекунем, ки вариантҳои форсии онҳо дар нашрҳои Сафдарию кобулии Куллиёти Бедил ва чанде аз нашрҳои мунтахаби девони ӯ ба чашм намерасанд.
Ҷилва айлоб кирса гулшан ичра ул рухсор гул, Куйдурур ҳайрат утидин рангини ночор гул.
Кимса ул гулюз хаёлидин чаманда хоб итор,
То қиёмат рашкидин қилғай унин бедор гул.
Акнун чаҳор байтеро дарҷ мекунем, ки матнҳои аслии онҳо дар нашрҳои зикршудаи Куллиёти шоир мавҷуданд. Пас аз сабти ҳар як байт матни аслии он низ оварда мешавад:
Шамидин бу нукта равшандур, вафо базми аро Доғ зеби ъул ирур чун зиннати дастор гул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё