Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҳадис аз шамъ равшан шуд, ки дар базми вафо Доғ дорад зеби дил чун зиннати дастор гул.
То нафас бордур ки осоишдин умед айлла, айлолма ҳеҷ, Солчилур буин яқа рӯз бӯйину гулхор гул.
То нафас боқист, бояд хасми роҳат буду бас, Ҳам зи бӯи хеш дорад дар гиребон хор гул.


Ғунчалор аҳлик хаёлидин яқосин чок этор,
В-арна бу гулшанда юқдур бир табасумвор гул.
Ғунчаҳо аз ҷӯши дилтангӣ гиребон медаранд, В-арна ин гулшан надорад як табассумвор гул.


Шӯхии нашвунамо охир хиҷолат туткурур,
Сабзасин мижгони Бедилдек қилур саршор гул.
Шӯхии нашвунумо баски хиҷолатпарвар аст,
Сабзаи чун мижгони Бедил кирда гавҳарбор гул.
Чаҳор байте ки вариантҳои форсии онҳо дар Куллиёи Бедил мавҷуданд, байтҳои як ғазал набуда, дар таркиби ду ғазал ба чашм мерасанд. Байтҳои якуму дуввум ва чаҳорумро дар таркиби ғазале мебинем, ки бо матлаи зерин оғоз меёбад:
Навбаҳор орад ба имдоди мани бемор гул,
То ба ҷои ранг гардонам ба гирди ёр гул.
Байти саввум аз ғазалест бо ин матлаъ:
Мекунад дарси раме аз рангу бӯ такрор гул, Бо ҳама бедаступоӣ нест пур бекор гул.
Ин факт ва факти кам будани теъдоди байтҳои ғазал (ҳамагӣ 6 байт) далел бар онанд, ки ғазали мазкур аз рӯи ягон нусхаи хаттии мунтахаби девони Бедил тарҷима шудааст. Як хусусияти мунтахабҳои девони шоир ин аст, дар онҳо баъзе ғазалҳо интихоб аз як ғазал набуда, балки аз чандин ғазали ҳамвазну ҳамқофия гирифта шудаанд.
ТАҲҚИҚИ НАЗМИ БЕДИЛ
(Тақриз ба китоби Ш. Шукуров. “Мероси манзуми Мирзо Бедил” (ба забони тоҷикӣ) Тошкент. Нашриёти “Фан”, 1980)
Мирзо Абдулқодири Бедил, ки бо назардошти маҳалли таваллуд, муҳити тарбия, инъикоси урфу одат ва тасвири ҳаёти таърихию мадании халқ ва кишвари алоҳида ба сарзамини Ҳиндустон мансуб аст, ба тавассути афкори тоза, мазмуни баланд ва санъати олии сухан асрҳост, ки аз ҳудуди ватани худ берун рафта, дар радифи бузургтарин шоирони пешин, аз қабили Фирдавсӣ, Низомӣ, Мавлавии Румӣ, Саъдӣ ва Ҳофизу Ҷомӣ, ки ба ҳамаи халқҳои форсизабони ҷаҳон тааллуқ доранд, ҷойгир шудааст. Аз ин рӯст, ки тадқиқ ва омӯзиши осори ӯ низ ҷанбаи васеъ пайдо карда, соҳаи бедилшиносии ҷаҳониро ба миён овардааст. Омӯзиш ва нашри осори Бедил, ки аз солҳои сиюми асри ХІХ то имрӯз давом дорад, махсусан дар соли охир суръат ва вусъати бештаре касб намуд. Илова бар он, ки матни нисбатан окмилтарини куллиёти шоир дар Кобул ба табъ расид, роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ чанд асари калонҳаҷм низ ба майдон омад, ки таснифоти донишмандони советӣ устод Айнӣ, И. Мӯминов, Холида Айнӣ, муҳаққиқони хориҷӣ Ибодуллоҳи Ахтар, Файзии Кобулӣ, Муҳаммад Ҳайдари Жӯбал, Холмуҳаммади Хаста, Александр Баузани ва дигарон аз муҳимтарини онҳо ба шумор мераванд. Аз ин миён таҳқиқотҳои олими покистонӣ Абдулғанӣ “Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил” (Кобул, 1354), муаллифони Афғонистон Халилуллоҳ Халилӣ “Файзи қудс” (Кобул, 1334), Салоҳуддини Салҷуқӣ “Нақди Бедил” (Кобул, 1343), Асадуллоҳ Ҳабиб “Бедил ва асари ӯ “Чаҳор унсур” (М. 1973, диссертацияи номзадӣ) ва ниҳоят мақолаи бедилшиноси Ҳиндустон Нурулҳасани Ансорӣ “Баҳсе дар аҳвол ва осори Бедил” (Маҷаллаи “Адаб” Кобул, 1350, №№ 5-6, 1351, №№ 1-2) мақоми ҷудогона доранд. Силсилаи таълифоти оид ба Бедилро асари монографии бедилшиноси советӣ Шавкат Шукуров, ки ба унвони “Мероси манзуми Мирзо Бедил” ба табъ расид, пурратар намуд. Шавкат Шукуров аз ибтидои солҳои 60 инҷониб ба омӯзиш ва тарғиби эҷодиёти шоир машғул буда, дар ин муддат доир ба ашъори лирикии ӯ чанд мақолаи хурду бузург таълиф намуд. Асари мазкур, ки дар асоси навиштаҳои пешинаи муаллиф ба миён омадааст, хидмати қариб бистсолаи ӯро дар ин ҷода ҷамъбаст менамояд. Гуфтан лозим аст, ки дар илми шарқшиносии советӣ дар 25 соли охир ин асар ягона тадқиқоти монографӣ доир ба Бедил аст. Агар ба назар гирифта шавад, ки асар ҳамчун воситаи таълим барои мактабҳои олӣ таълиф гардидааст, аҳамият ва арзиши он боз ҳам бештар мегардад.

пешина
аз 250
навбатӣ