ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Монография масъалаҳои таърихӣ, омӯзиш, тадқиқи осори лирикӣ ва характеристикаи умумии мснавиҳои калонҳаҷми шоирро дарбар кардааст. Дар муқаддимаи он ахбороти сарчашмаҳои зиёди адабию таърихӣ аз қабили “Миръотулхаёл”-и Шералихони Лудӣ, “Калимотушшуаро”-и Муҳаммадафзали Сархуш, “Миръоти воридот”-и Муҳаммадшафеъ Вориди Теҳронӣ, “Сарви озод” ва “Хизонаи омира”-и Мирғуломалӣ Озоди Балгиромӣ, маълумоти феҳристу луғатномаҳои гуногун ба монанди асарҳои Гарсин де Тасси, М. А.
Муқтадир, А. Шпренген, Ҳ. Эте, Ч. Рё, В. Иванов ва аксари таснифоти илмии дар мамлакати мо ва хорниҷа бамиёномада ёдовар шуда, муҳимтарини онҳо аз назари таҳлил ва танқид гузаронида шудаанд. Хеле хуб аст, ки муаллим ба баррасии адабиёти илмии мавҷуда бо назари танқидӣ пеш омада, дар баробари ҷиҳатҳои мусбат ва қавии ин асарҳо норасоӣ ва камбудиҳои баъзеи онҳоро низ қайд намудааст.
Боби аввал, ки “Адабиёти форсу тоҷики Ҳиндустон ва назми Бедил” номида шудааст, обзори мухтасари адабиёти тоҷикзабони ин сарзамин аз асри ХІ то замони Бедил ва мухтасари тарҷимаи ҳоли шоирро фаро гирифтааст. Муаллиф ба мақсади дар алоқамандӣ бо муҳити адабии давр нишон додани Бедил роҷеъ ба лаҳзаҳои характернок ва намояндагони барҷастаи адабиёти асри шоир мухтасаран сухан ронда, баъзе махсусиятҳои он, аз ҷумла ҳодисаи ба форсӣ таҳрир намудани қисса ва ҳикоёти ҳиндро таъкид ва хотирнишон намудааст. Дар фароварди ҳамин боб доир ба афкори адабию эстетикии Бедил, аҳамияти иҷтимоии адабиёт ва назари ӯ, муносибаташ ба мероси гузаштагон ва ниҳоят назари манфии вай ба мавзӯи мадҳ ва шоирони маддоҳ маълумот дода шудааст. Аз ҷумла қайд гардидааст, ки Бедил ба осори шоирони пешин аз қабили Анварӣ, Ҳоқонӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳқми Хонихонон, Урфии Шерозӣ, Зуҳурии Туршезӣ ва бисёр дигарон назари нек дошта, маҳорат ва санъати шоирии онҳоро эътироф намуда, аз маҳсули гаронбаҳояшон баҳраҳо бурдааст. Муаллиф, бо ҳамин роҳ, пайванди ногусастанӣ доштани эҷодиёти Бедилро ба мероси гузаштагонаш таъкид ва исрор намудааст.
Дар боби “Нозукиҳои мазмун ва ҷилоҳои жанри лирика” муҳаққиқ ашъори лирикии шоир-ғазал, қасида, рубоӣ, мухаммас, таркиббанду тарҷеъбанд ва қисман муқаттаотро мавриди таҳлил қарор додааст. Муаллиф дар байни осори лирикии Бедил мақоми аввал доштани ғазалро ба назар гирифта, баҳси худро аз баррасии ҳамин шакли шеърӣ оғоз намудааст. Ӯ даставвал доир ба робитаи Бедил ба эҷодиёти ғазалсароёни маъруф Ҳофизи Шерозӣ ва Соиби Табрезӣ мулоҳаза ронда, таъсири пурсамари ин ду устоди бузурги ғазалро ба эҷодиёти шоир қайд карда, дар пайравии онҳо ғазалҳо гуфтани ӯро бо далелҳои қотеъ исбот намудааст. Ӯ ҳамчунин дар хусуси муносибати Бедил бо шоири маъруфи замони худ Носиралии Сарҳиндӣ андешаҳои ҷолиб баён намуда, ҷой доштани баҳси эҷодиро дар байни онҳо гӯшзад кардааст. Илова бар ин, ду ғазали ҳамвазну ҳамқофияи онҳоро аз назар гузаронида, дар баробари зикри ҳамоҳангии мазмун ва монандии сабку услуб аз ҷиҳати ифодаи маъниҳои баланд ва маҳорати нигориш афзалияти ғазали Бедилро нишон додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё