ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Лекин аз чӣ сабаб бошад, ки муаллиф ғазали Бедилро ҷавоб бар ғазали Носиралӣ қаламдод кардааст, дар сурате ки доир ба таърихи ҷоди онҳо далеле дар даст нест. Зимнан бояд қайд кард, ки дар куллиёти Соиби Табрезӣ низ дар ҳмин вазну қофия ду ғазал ба назар мерасад ва шояд, ғазалҳои мазкури Бедил ва Носиралӣ дар пайравии онҳо эҷод шуда бошанд.
Муаллиф баъди изҳори мулоҳазаҳои мазкур роҷеъ ба мавзӯъҳои умдатирини ғазалиётвасфи ишқи реалӣ, оҳангҳои ирфонӣ, афкори панду ахлоқӣ, андешаҳои гуманистӣ, танқиди иллатҳои ҷамъияти феодалӣ, накӯҳиши шоҳони золиму бехиради давр ва баъзе тарафҳои сабку услуби онҳо сухан ронда, мисолҳои характерноки зиёдеро иқтибос ва ташреҳу таҳлил намудааст. Аз ҷумла ғазале, ки бо матлаи Ин ситамкешон, ки ваҳми зиндагиро ҳолаанд, Дар талоши худкушиҳо шӯълаи ҷавволаанд.
оғоз меёбаду ба ақидаи муаллиф, пас аз вафоти Аврангзеби Оламгир ба муносибати тоҷутахтталабӣ ва бародаркушии фарзандони ӯ навишта шудааст, хеле муфассал ва конкрет баррасӣ гардидааст. Ин ғазал, дар ҳақиқат, вазъияти ҳамондавраи замони шоирро хеле барҷаста ва реалистона инъикос намудааст. Ҷанбаи иҷтимоӣ ва рӯҳи танқидии он хеле пурқувват ва нишонрас буда, муносибат ва нуқтаи назари муаллифашро ба ҳодисаҳои грами замонаш ба хубӣ ошкор сохтааст.
Муаллиф роҷеъ ба сохту композицияи ғазалиёт таваққуф намуда, гуногунии мавзӯи ғазалҳои алоҳидаро яке аз хусусиятҳои назарраси онҳо дониста, бо таҳлили ғазали “Ҷоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз?
К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз”.
ин фикри худро ба исбот расонидааст.
Дар қисмати таҳлили қасоид бар замми характеристикаи умумии онҳо се қасидаи бузург “Муҳити бекарон”, “Маддоҳи фитрат” ва “Саводи аъзам”, ки ҷавоб ба қасидаҳои Ҳоқонӣ, Анварӣ ва Хусрави Деҳлавӣ мебошанд, ба тафсил аз назар гузаронида шудаанд. Дар бахши баррасии рубоиёт мавзӯъ ва мундариҷаи асосии онҳо-андешаҳои фалсафӣ, масъалаҳои инсондӯстӣ, танқиди аҳли давлат, оҳангҳои ҳаётдӯстӣ, сарзаниши зулму ситам ва ғайраҳо зикр гардида, ба ҳамоҳангии баъзеи онҳо бо рубоиёти Умари Хайём ишораҳои ҷолиб карда шудааст, ки барои беҳтар ошкор намудани робитаи Бедил ба гузаштагонаш аз аҳамият холӣ нест.
Муаллиф доир ба мухаммас ва мақоми он дар осори Бедил мулоҳаза ронда, таъкид намудааст, ки шоир ба навиштани мухаммаси тазмин таваҷҷӯҳ накарда, эҷоди намуди озод ё худ мустақили онро афзал донистааст.
Дар қисмати таҳлили таркиббанду тарҷеъбанд ва муқаттаот низ баъзе хусусиятҳои намоёни онҳо аз назар гузаронида шуда, мавқеи ин навъҳои шеърӣ дар эҷодиёти ӯ то дараҷае таин гардидааст. Ва ниҳоят, дар хотимаи ин боб аз таъсири осори Бедил ба адабиёти асрҳои ХVII-ХІХ ва ибтидои асри ХХ тоҷику ӯзбек сухан рафта, татаббӯъ ва мухаммас бастани Шермуҳаммади Мунис, Муҳаммадшарифи Шавқӣ, Қозӣ Абдулвоҳиди Сарир, Мирзо Юнуси Роҷӣ, Муҳаммадшарифи Узлат, Муҳаммадсиддиқӣ Ҳайрат, Нақибхони Туғрал барин намояндагони муҳимтҳои адабии Тошканду Самарқанд, Хоразму Қӯқанд ва Бухорову Ҳисор хотирнишон гардидааст. Дар соҳаи истинсох ва ташреҳи осори Бедил хидмати маорифпарвари маъруфи тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш махсус қайд гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё