ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Боби охирини асар ба баррасии маснавиҳои шоир “Ирфон”, “Муҳити аъзам”, “Тилисми ҳайрат” ва “Тури маърифат” ихтисос шуда, масъалаҳои таърихи таълиф миқдори абёт ва тавсифи муҷмали мавзӯъ ва мундариҷаи онҳоро дар бар гирифтааст. Муаллиф дар ин ҷо роҷеъ ба асари барҷастаи шоир “Ирфон”, ки маҳсули ранҷи қариб сисолаи ӯст, аз ҳама бештар таваққуф намуда, таъриху процесси эҷод, сохту таркиб, масъалаҳои асосӣ ва ҷиҳатҳои ғоявии онро муфассалтар мавриди назар қарор додааст.
Чунон ки аз баёни мухтасари мундариҷаи асар дида мешавад, Шавкат Шукуров доираи тадқиқотро хеле фарох гирифта, дар ҳаҷми рисолаинисбатан хурде (6 ҷузъи чопӣ, 128 саҳифа) масъалаҳои зиёдеро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар натиҷа таҳлил ва таҳқиқи масъалаҳо то дараҷае ноқис ва яктарафа баромада, хусусиятҳои ғоявӣ ва бадеии назми шоир ба таври бояду шояд равшан нашуда мондаанд.
Масалан, ба баррасии ғазалиёт, ки наздик ба 33 ҳазор байт мебошанд, ҳамагӣ 19 саҳифа бахшида шудааст, ки дар муқобили таълифоти мавҷуда, аз қабили “Ғазали Бедил” ном фасли китоби Абдулғанӣ ва мақолаи зикршудаи Н. Ансорӣ кам ва ночиз ба назар мерасанд. Ҳол он ки Бедил, пеш аз ҳама, ҳамчун шоири ғазалсаро машҳур буда, таъсир ва шӯҳрати ӯ низ дар адабиёти халқҳои Шарқ маҳз ба туфайли ғазалиёташ амалӣ гардидааст. Ҳамин гуна норасоиро дар боби оид ба маснавиҳо низ мушоҳида метавон кард. Муаллиф ба тадқиқи маснавиҳо 25 саҳифаи китобро тахсис карда бошад ҳам, асосан ба баёни фикру ақоиди маълум иктифо намуда, доир ба онҳо сухани нави ба назар намоёне дода натавонистааст.
Гузашта ин ин, дир ба баъзе масъалаҳо нуқтаи назари худи муаллиф дида намешавад.
Масалан, ӯ роҷеъ ба маснавии “Муҳити аъзам” таваққуф намуда, дар хусуси таърихи таълифи он бо зикри гуфтаҳои устод С. Айнӣ ва Абдулғанӣ, ки санаи анҷоми асарро солҳои 1092 ва 1078 ҳиҷрии қамарӣ донистаанд, қаноат намуда, оид ба саҳеҳии яке аз ин ақидаҳои хомӯш мондааст. Ба ибораи дигар гӯем, муаллиф ба фактҳои дар худи асар вуҷуддошта муроҷаат накарда, навиштаҳои муаллифони дигарро бе тафтиш ва тадқиқи иловагӣ такрор намудааст. Хотирнишон бояд кард, ки роҷеъ ба таърихи таълифи маснавии “Муҳити аъзам” ду ақида мавҷуд аст, ки ҳар ду ҳам дар асоси ду хел қайд шудани моддаи таърихи он дар нусхаҳои гуногун ба миён омадаанд. Гап дар сари он аст, ки дар нусхаҳои чопии куллиёти нашри Сафдарӣ (Бамбай, 1299 ҳиҷрии қамарӣ) ва куллиёти мухтасари Нашри Ҳасанқ (Бамбай, 1292 ҳиҷрии қамарӣ) моддаи таърихи анҷоми он ибораи “мадди ғам” зикр шудааст, ки ба санаи 1084 ҳиҷрӣ баробар аст. Лекин дар нусхаи чопии куллиёти нашри Кобул ва чанд нусхаи хаттии маснавӣ моддаи таърих ҳам иборат аз номи асар, яъне “Муҳити аъзам” аст, ки мутобиқи соли 1078 ҳиҷрӣ мебошад. Ба муаллиф лозим буд, ки ба ин гуна ихтилофот диққати ҷиддӣ дода, ба хонанда ҳақиқати масъаларо ошкор намояд.
Номустақилии фикр ва назари танқидӣ надоштани муаллифро дар истифода аз сарчашмаҳои адабӣ низ дидан мумкин аст. Аз ҷумла, ӯ маълумоти тазкираи “Ништари ишқ”- ро дар хусуси муддате ба “Рамзӣ” тахаллус кардан ва дар таъсири мисраи Саъдӣ” Бедил аз бенишон чӣ гӯяд боз” онро ба “Бедил” тағйир додани шоирро хотирнишон намуда, иснодан ба тазкираи мазкур ва мақолаи Абдулғанӣ Мирзоев “Як ҳуҷҷати муҳим оид ба тахаллуси Бедил” (Ахбороти шӯъбаи илмҳои ҷамъиятии АФ РСС Тоҷикистон, 1958, № 1) илова намудааст, ки шоир як вақти муайян ба “Мирзо” низ мутахаллис буд. Бояд гуфт, ки фикри дар ибтидо “Рамзӣ” тахаллус кардани Бедил нахустин бор дар тазкираи Биндробандаси Хушгӯ “Сафинаи Хушгӯ” (санаи таълифаш 1137-1147) зикр гардида, дар тазкираҳои Лаҷҳмӣ Нароин Шафиқ “Гули раъно” (таълифаш солҳои 1181-1182) ва Ҳусайнқулихони Азимободӣ “Ништари ишқ” (соли таълифаш 1233) айнан такрор шудааст. Лекин факти муддате ба “Мирзо” мутахаллис будани Бедил дар ягон сарчашми то кунун дастрас, аз ҷумла дар “Ништари ишқ” пайдо намегардад. Аз муҳаққиқони шоир низ ба ғайр аз Абдулғанӣ Мирзоев касе дар ин бора ишора накардааст. Ба назар чунин мерасад, ки дар вақташ Абдулғанӣ Мирзоев калимаи Рамзиро иштибоҳан Мирзо хондааст. Зеро дар нусхаи мавриди истифодаи ӯ қарор гирифтаи “Ништари ишқ”, ки дар захираи дастхатҳои шарқии Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон зери № 2096 маҳфуз аст, калимаи Мирзо ба назар намерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё