ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Норасоии дигаре, ки зикри онро низ зарур мешуморем, шарҳ ва маънидоди ғалати баъзе абёт ва порчаҳои дигари шеърист. Масалан, дар асоси байти Гӯшагири вусъатободи ғубори ҷаҳл бош,
Пардапӯши як ҷаҳон айб аст Ҳиндустони шаб.
навишта шудааст, ки шоир ватани худ сарзамини Ҳиндустонро пардадори як ҷаҳон айбу иллат ва камбудӣ дониста, баъзан худро ба нодонӣ зада, ин гуна иллатҳоро нодида мегирад.
Ҳол он ки дар ин байт сухан дар хусуси кишвари Ҳиндустон нарафта, мурод аз Ҳиндустони шаб торикӣ ё худ сиёҳии шаб аст. Шоир гуфтанист: чӣ тавре ки торикии шаб ҳама гуна айбу иллат ва нуқсонро пинҳон медорад, ҷаҳолату нодонӣ низ одамро аз ҳар гуна масъулият ва дилсӯзи дур месозад.
Ба ақидаи Шукуров, Бедил дар рубоии
Ҳар кас бинамуд зиштхӯӣ саҳлаш,
Ҷуз нафрати халқ нест илму ҷаҳлаш.
Он ҳусн, ки гуфтаанд оламгираш,
Ҳусни хулӣ аст, то кӣ бошад аҳлаш.
роҳбарӣ ва усули давлатдории Аврангзеби Оламгирро бо роҳи таҷнис маҳкум намудааст.
Ё худ муаллиф аз байти “Бетакаллуф, хони хонони ҷаҳони маъниям, То ба ташрифи хитобам кардаанд уммедвор” ибораи хони хононро ишора ба шоири маъруф Абдураҳими Хонихонон пиндошта, навиштааст, ки “Бедил Хонихононро ба сифати таҷассуми як ҷаҳон маъниҳои зебо ба забон гирифта, муносибати худро ба ӯ ошкор намудааст”.
Дар асар ҳодисаи ғалат хондани матн низ ба назар мерасад. Масалан, дар рубоии зерин калимаи балисӣ дар шакли иблисӣ хонда шуда, аз калимаи одам бандаки изофӣ афтидааст, ки дар натиҷа маъно мубҳаму вазн лакнатдор баромадааст:
Эй одам, бехабар иблисӣ накунӣ,
Ғаммозиро доми раисӣ накунӣ.
Гар исмати хонадони худ мехоҳӣ,
Зинҳор, ки воқеанависӣ накунӣ.
Ва ниҳоят, таърихи вафоти шоир низ ғалат сабт ёфтааст. Санаи вафоти ӯ, ки 4-уми сафари 1133 ҳиҷрист, мутобиқ ба 4-уми ноябри 1720 аст, на ба декабри 1721, ки дар китоб омадааст.
Лекин бо вуҷуди ин норасоиҳо, монографияи Шавкат Шукуров дар тадқиқ ва тарғиби осори шоир аҳамият ва арзиши калонеро молик буда, барои омӯзиши ҳартарафаи мероси адабии ӯ замина ва раҳнамои хубе шуда метавонад
ИНЪИКОСИ БЕДИЛ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ
Аз ибтидои солҳои 50 то ба имрӯз чаҳор варианти китоби дарсии адабиёти тоҷик барои синфи 10 ба табъ расидаву дастраси хонандагон гардидааст, ки дар ҳар чори ин вариантҳо мавзӯъи “Бедил” мавҷуд астю Дар варианти аввали китоб, ки то охири солҳои шастум ҳамасола ба табъ мерасид, бахши ҳаёт ва эҷодиёти Бедил ба қалами марҳум Саъдуддин Тоҷиддинов тааллуқ дошт. Дар варинати дуввум бахши Бедилро муҳаққиқи маъруф Расул Ҳодизода навиштааст. Гуфтан лозим аст, ки инъикоси ҳаёт ва осори Бедил дар ин ду варианг умуман бад нест. Сабаб дар он аст, ки ин муаллифон ба ҳаёт ва эҷодиёти Бедил бевосита ошно будаанд ва дар хусуси Бедил дар бештари мавридҳо андеша ва мулоҳазаҳои худро иброз намудаанд. Яъне пеш аз он ки мавзӯъи Бедилро дар китоби дарсӣ дарҷ намоянд, ба осори шоъир ошно шудаанд. Аммо, мутаассифона, ин гуна суханонро дар мавриди варианти саввум (муаллифи фасли “Бедил”-Т. Неъматзода) ва чаҳорум (муаллифи умумии китоб- Тӯйчӣ Мирзод) наметавон гуфт. Бахши “Бедил” дар ин вариантҳои китоб басо ноқис ва рӯякиву сарсарист. Муаллифони ин ду вариант дар навиштани фасли “Бедил” на танҳо аз осори худи шоъир истифода накардаанд, балки аз адабиёти илмии мавҷуда низ бехабар будаанд. Чунончӣ, Тӯйҷи Мирзод дар бахши рӯйхати адабиёти илмӣ ва методӣ ба ғайр аз рисолаи устод Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил” (Сталинобод, 1954) асари дигареро зикр накардааст. Ҳоло он ки рисолаи мазкур дар соли 1946 таълиф шуда буд ва аз он замон то ба имрӯз дар хусуси Бедил даҳҳо рисолаву садҳо мақола навишта шудааст. Дар ин рисолаву мақолаҳо бисёр нуқтаҳо ва лаҳзаҳои рисола тасҳеҳу такмил ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё