Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун варианти чаҳоруми китоби дарсӣ нашри охирин ба ҳисоб меравад (Ниг.: Тӯйчӣ Мирзод. Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 10 Душанбе “Маъориф” , 1993), моро лозим аст, ки навоқисиву норасоиҳои фасли “Бедил”-ро аз рӯйи ҳамин вариант нишон бидиҳем. Он навоқисиву норасоиҳоро аз рӯйи характер ва хусусияташон ба чор гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: Якум, норасоиҳо дар шарҳи аҳволи Бедил, яъне баёни барғалати тарҷимаи ҳоли шоъир; дуввум, норасоиҳо дар характеристикаи умумии асарҳо; саввум, ғалат хондану ғалат таҳлил намудани баъзе аз порчаҳои шеър; чаҳорум, баъзе хулосаҳо ва ҷамъбастҳои назарӣ, ки бунёди воқеъӣ надоранд.
Аз шарҳи ҳоли Бедил, ки дар китоб дарҷ гардидааст, бармеояд, ки муаллиф ба оддитарин масъалаи марбут ба Бедил ошно нест. Чунончи, ӯ навиштааст, ки Бедил “дар шаҳри Азимободи вилояти Бангола ба дунё омадааст”. Дар ҳоле ки дар Ҳиндустон вилояте бо номи “Бангола” вуҷуд надорад. Дар Ҳиндустон кишвари Бангола мавҷуд аст, ки дорои чандин вилоят мебошад. Кишвари Бангола ба ҳадде бузург аст, ки дар он феълан як давлати мустақил бо номи “Бангладеш” ва яке аз штатҳои бузурги Ҳиндустон-штатаи Банголаи Ғарбӣ вуҷуд доранд. Яке аз вилоятҳои Банголаи Ғарбӣ вилояти Биҳор аст. Бедил дар пойтахти ана ҳамин вилоят шаҳри Паткана, ки чанд сол баъд аз вафоти шоъир бо номи Азимобод низ шӯҳрат ёфт, таваллуд шудааст.
Муаллифи китоб аз шуҳрати Бедил, мактаби адабии ӯ, аз пайравону муқаллидони вай ёд карда, афзудааст, ки “наслҳои оянда ба ӯ унвони фахрии Абулмаъониро муносиб додаанд, ки барҳақанд.
” Вале ин фикр ғалат аст. Бедил ҳанӯз ҳини дар қайди ҳаёт буданаш сазовори лақаб ё худ кунияи мазкур гардида буд. Шоъир дар муқаддимаи “Чорунсур” ҷойе, ки ному тахаллуси худро ба ҳайси муаллифи асар зикр мекунад, лақаби мазкурро низ сабт кардааст. Ӯ навиштааст: “Аммо баъд оинаи таваҷҷуҳи шафқатнигоҳон ғуборандуди тағофул мабод ва каманди раъфати илтифотдастгоҳон чини бетаваҷҷуҳӣ мебошад, ки тӯҳматолуди обу гил Абулмаъони Абдулқодири Бедил дар тӯфонгоҳи олам эҷод муҳитест соҳилфурӯши ғубори нодонӣ ва дар дайристони иқлими таъайюн шуълайс хошокбадӯши кисвати нотавонӣ”
.
Муаллиф аз замони ба мактаб рафтану то даҳсолагӣ таҳсил кардани Бедил ёд намуда, илова кардааст, ки “пас аз ин Бедил таҳсилро дар мадраса давом медиҳад”.
Таҳсили расмии Бедил хоҳ дар мактаб бошаду хоҳ дар мадраса, то 10-11 солагии ӯ давом кардааст. Баъди ин синну сол ӯ умуман таҳсили расмӣ накардааст. Сабаби тарки таҳсил намудани шоъир низ на он аст, ки “усули таълим дар мадраса ба табъи Бедил мувофиқ набуд” ва амакаш “Мирзо Қаландар аз программаву дониши мударрисон норизо буд”.
Тавре ки дар ҷойи дигар навиштаем (Ниг.: “Омӯзгор”, 8, VII, 1992), ҳодисаи тарки таҳсил намудани Бедил сабаби дигар дорад. Ин ҳодиса ба характери пеша ва машғулияти амаки шоъир Мирзо Қаландар алоқаманд аст. Мирзо Қаландар, ки шахси сипоҳӣ буд, имкон надошт, ки дар ин ё он мавзеъ ба таври доимӣ иқомат намояд. Бедили хурдсол ҳамчун узви оилаи ӯ дар ин оворагиву сайру сафарҳои вай ҳамеша шарик буд. Чун имконияти дар як ҷо иқомат кардан вуҷуд надошт, ба таври мураттаб идома додани таҳсил низ душвор буд.

пешина
аз 250
навбатӣ