Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ақидаи муаллиф, Бедил пас аз тарки мадраса намудан дар назди тағояш Мирзо Зариф таҳсил карда, илмҳои сарфу наҳви забони арабӣ, адабиёти араб, ҳадис ва адабиёти форсу тоҷикро аз ӯ омӯхтааст. Ин фикр низ ғалат аст. Бедил то синни 15-16-солагӣ дар тарбияи Мирзо Қаландар Қарор дошт. Аз ин рӯ, наметавонист, ки дар назди Мирзо Зариф таҳсил намояд. Зеро Мирзо Зариф дар шаҳри Патна мезисту Мирзо Қаландар дар ноҳияи атрофи он- Ронисогар, Аррах, Махассӣ ва ғайра. Бедил танҳо пас аз 15-16 солагияш ба тарбияи Мирзо Зариф гузашт ва то синни 21 солагӣ дар хонаи ӯ зиндагӣ кард. Ва шоъир тафсиру ҳадис ва дигар илмҳои диниро аз Мирзо Зариф маҳз дар ҳамин давра омӯхт.
Фикри илмҳои фалсафа, нуҷум ватаърихро аз шайх Камол омӯхтани Бедил низ саҳеҳ нест.
Шайх Камол аз уламои машҳури шариъат ва яке аз пешвоёни тариқайн қодирия буда, бештар ба азоимхониву тӯмору таъвиздиҳӣ машғул буд. Бедил дар айёми бачагӣ дар асари сӯҳбатҳои ӯ чанд муддат ба азоимхониву тӯмордиҳӣ шуғл варзида буд. Таъсири шайх Камол ба Бедил асосан дар ҳамин соҳа аст.
Муаллиф ҳодисаи аз Биҳор ба Деҳлӣ омадани Бедилро зикр намуда, аз ҷумла навиштааст:
“Аввалин коре, ки дар мустақилияти худ пеша кард, ба ҷараёни маҷзубия майл пайдо кардани ӯ мебошад. Ба намояндагони ин маслак ҳанӯз дар Азимобод шинос шуда, хусусиятҳои муҳими ин маслакро омӯхта буд. Акнун бевосита ба ин маслак дохил шуда, ба тарзи дарвешону маҷзубон зиндагӣ карданро ихтиёр намуд. Моҳияти ин ҷараён аз он иборат буд, ки онҳо аз мардум худро канор гирифта, гуруснагӣ мекашиданд.
” Пурсида мешавад, ки ин кадом маслак аст, ки моҳияти асосии он гӯшанишиниву гуруснагӣ кашидан будааст? Дар ҳоле ки маҷзубон ҳамон дарвешону сӯфиёнанд, ки дар Ҳиндустон бо номи “маҷзуб” низ ёд мешуданд.
Муаллиф аз ҳаёти оилавии Бедил сухан карда, фикри ғалатеро, ки гӯё пас аз дувоздаҳ соли хонадорӣ завҷаи аввалини Бедил фавтида бошад, такрор намудааст. Ин ақидаро бори аввал устод Айнӣ ба миён гузошта буд. Санаде, ки устод дар ихтиёр дошт, яке аз номаҳои худи Бедил буд. Дар ин нома аз ҷумла омадааст: “Аз даст рафтани домани давлате, ки силсилаи мувофиқаташ дувоздаҳ сол муҳаррики ишратоҳангии сози анфос буд, чашми ибрат якбора бар рӯйи идбори таҳоӣ ва бекасӣ кушуд”.
Аммо шоъир дар ин ҷумла завҷаашро дар назар надорад. Дар ин ҷо дар хусуси завҷаи ӯ сухан нарафтааст. Ин ҷо сухан дар бораи шахси дигар аст. Ин шахс яке аз дӯстон ва ҳомиёни шоъир Шукруллоҳхони Ҳофист. Иллати ин иштибоҳ дар он аст, ки устод Айнӣ аз нашри Сафдарии “Руқаъот”-и шоъир истифода кардааст. Дар ин нашр аксари номаҳои шоъир, аз ҷумла, номаи мазкур, унвон надоранд. Чун номаҳо беунвонанд, дақиқан фаҳмидани мазмуни онҳо басо душвор ва ҳатто ғайриимкон аст.
Дар нашрҳои дигари “Руқаъот” ва нусхаҳои хаттии ин асар унвони мактуби мазкур ин тавр аст: “Ба Шукруллоҳхони сонӣ, дар азои реҳлати Шукруллоҳхон ва арзи беморӣ ва нотавонии худ”.
Бо ин суханон мо гуфтанӣ нестем, ки Бедил то охири умр бо як завҷа зиндагӣ кардааст.
Факти дар 25-солагӣ (на дар 26-солагӣ, ки дар китоб омадааст) хонадор шудан ва баъд аз 40 соли ин воқеъа соҳиби фарзанд гардидани шоъир худ далел бар он аст, ки ӯ як бор издивоҷ накардааст. Бино бар қавли яке аз шогирдонаш-Биндробиндоси Хушгӯ, шоъир чаҳор бор издивоҷ намуда будааст, ё худ чаҳор зан доштааст. Хушгӯ навиштааст, ки “чаҳор ҳарам дар ҳарим дошт”.

пешина
аз 250
навбатӣ