Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фикри Т. Мирзод дар хусуси муддати сипоҳигарӣ ва сабаби ин пешаро тарк кардани Бедил низ дуруст нест. Ӯ дар ин бора навиштааст: “Бедил дарвешиву маҷзубиро бас намуд ва барои чархи зиндагиро пеш бурдан ба касби сипоҳигарӣ пардохт. Ӯ ба Аъзамшоҳ навкар шуд, се сол гузашт. Бедил ин муддат ба шоҳу аҳли дарбор аз наздик шинос гардида, навкариро тарк мекунад. Сабаби дуюми навкариро тарк кардани шоъир боз дар он аст, ки Аъзамшоҳ шоъир будани Бедилро фаҳмида, аз ӯ талаб менамояд, ки дар васфаш қасидаи мадҳие эҷод кунад, то ки ба ӯ мукофоте диҳад. Аммо Бедил ин таклифро қатъиян рад менамояд”.
Тавре ки аз “Чорунсур”-и Бедил ва ҳамчунин аз тадқиқотҳои мавҷуда маълум аст, муддати навкарии Бедил дар саркори Аъзамшоҳ на камтар аз понздаҳ сол аст. Ва сабаби тарки ин шуғл намудани ӯ на он аст, ки вай нисбат ба ҳаёти дарбор нафрат дошту Аъзамшоҳро мадҳ кардан намехост (Бедил дар мадҳи Аъзамшоҳ як қасида ва чандин қитъаву ғазал навиштааст). Сабаби ин кор, пеш аз ҳама, ба синну соли шоъир вобаста буд. Замоне ки Бедил навкариро тарк кард, 42 сол дошт. Ӯ дар яке аз номаҳояш, ки ба Аъзамшоҳ фиристодааст, иллати истеъфои худро дар сипарӣ шудани давраи ҷавонӣ ва фаро расидани айёми пирӣ нишон додааст. Ӯ навиштааст: “Тоқатҳои ҷавонӣ, ки василаи обрӯйи бандагист, ба заъфи пирӣ анҷомид ва истиқомати қиво, ки далели саъодати хидматгузорист, сар ба ҷайби аз по афтодагӣ кашид”.
Сафарҳои Бедил ба шаҳру вилоёти гуногуни Ҳиндустон низ бо тақозо хидмати ҳарбӣ сурат мегирифтанд, на ба мақсади ошно шудан бо ҳаёти мардум ва аз наздик омӯхтани зиндагии халқи мазлум. Зимнан гуфтан лозим аст, ки ба минтақаҳои Акбаробод, Лоҳур, Ҳасанабдоди Панҷоб, Аҳмадободи Гуҷарог, Матҳро, Саҳоранпур ва баъзе ноҳияҳои дигари атрофи Деҳлӣ сафарҳо кардани Бедил аз асарҳои худи ӯ ва аз навиштаҳои муъосиронаш Биндробиндоси Хушгӯ. Эзидбахши Расову дигарон ба хубӣ маълум аст. Вале масъалайи ба Мултону Кашмир рафтани ӯ то ҳол сареҳан аниқ нагардидааст.
Муаллиф шаҳри ҳоли Бедилро идома дода, навиштааст, ки яке аз воситаҳои даромади моддии Бедил касби хаттотӣ буд. Ба қавли муаллиф, шоъир “мувофиқи супориши шахсони алоҳида, девонҳо, асарҳои алоҳидаи адибони гузаштаро рӯйбардор карда, ба онҳо медод, онҳо музди корашро дода шоъирро розӣ мекарданд”.
Дуруст аст, ки Бедил шахси бисёр хушхат буд. Инро намунаҳои хати ӯ ки дар матбуъоти Афғонистону Покистон ба табъ расидаанд, собит месозад. Ҳамчунин аз “Руқаъот”-и шоъир маълум аст, ки ӯ баъзе нусхаҳои қадимро барои дӯстонаш тасҳеҳ ва рӯйнавис мекард, дар тадвини девонҳои ин ё он дӯсти мансабдораш иштирок мекард, аз девонҳои ашъори шоъирони гуногун барои худ мунтахабҳо месохт. Ба ҳайси мисол номаҳои шоъир “Дар танбеҳи тасҳеҳи китоби кӯҳна”, “Ба Шукрулоҳхон, дар интихоби нусхаи ашъори эшон”, “Ҷавоби Чинқиличхонбаҳодур Хонидаврон, дар мутолаъаи ашъори эшон ва ислоҳи он ва дохили девон намудан, ки пеши фақир гузошта буданд” ва ғайраро метавон ном бурд. Вале бо вуҷуди ин ҳама, Бедил хаттоти касбӣ набуд, ин корҳоро барои рӯзгузаронӣ анҷом намедод. Воситаи зиндагии ӯ то синни 42-солагиаш пешаи сипоҳигарӣ буд. Пас аз тарки ин пеша то охири ҳаёт таъминоти моддии вай бар зимаи дӯстону мухлисони мансабдораш- Оқилхони Розӣ, Мирқамаруддин Осафҷоҳи аввал, Шукруллоҳхони Ҳофизу писарони ӯ Лутфуллоҳхон, Иноятуллоҳхон ва ғайра буд. Дар таъйиди ин фикр аз “Руқаъот”-и шоъир далелҳои зиёде овардан мумкин аст.

пешина
аз 250
навбатӣ