ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Муаллифи китоб навиштааст, ки мустамликадорони хориҷӣ, ки мустамликадорони хориҷӣ, яъне англисҳо, ба Ҳиндустон даромада, ба халқ зулму таъаддӣ мекарданд.
Амалдорони маҳаллӣ бошанд дар байни мусулмонону ҳиндуҳо низоъ меандохтанд. Шоъири гуманист ҳамаи инро бо чашмони худ медид, ба хашму ғазаб меомад. Сипас, муаллиф таъйид менамояд, ки Бедил дар хусуси ин зулму тааддӣ ва низоъҳои миллӣ дар “Чорунсур”- и хеш батафсил сухан рондааст.
Суханони муаллиф дар бораи зулму таъаддии мустамликадорон ва фитнаву найрангҳои амалдорони маҳаллӣ шояд дуруст бошанд. Вале фикри аз ин манзараҳо ба хашму ғазаб омадани Бедил ва дар ин бора дар “Чорунсур” ба тафсил сухан рондани ӯ дурӯғи маҳз аст.
Дуруст аст, ки Бедил аз калимаву ибораҳои “Фаранг”, “Фарангистон”, қуфли “Фаранг”, “зиндони Фаранг”, “сеҳри Фаранг” ва ғайра истифода кардааст. Вале ӯ ба масъалаи ҳузури англисҳо дар Ҳиндустон ва талаву тороҷи ин сарзамин аз ҷониби онҳо ҳеҷ гуна ишораҳои конкрету мушаххас надорад.
Дар китоб таърихи вафоти Бедил 4 декабри 1721 сабт гардидааст, ки ин ҳам ғалат аст.
Муаллифони тазкираҳо санади фавти шоъирро рӯзи панҷшанбеи чоруми сафари 1133 ҳиҷрӣ ба қалам додаанд. Оғози соли 1133 ҳиҷрӣ, яъне яки муҳаррами он, ба рӯзи шанбеи 2 ноябри 1720 рост меояд. Дар ин асос, панҷшанбеи 4 сафари 1133 баробар мешавад ба панҷшанбеи 5 дкабри 1720 (ниг. А. П. Пронштейн, В. Я. Кияшко, Хронология, М.: “Высшая школа”, 1981, стр. 185).
Тавре ки гуфтем, муаллифи китоб дар бахши таҳлили осори Бедил низ ба норасоиҳои зиёде роҳ додааст. Ӯ дар бораи мероси адабии шоъир сухан карда, ҳаҷми умумии осори манзуми вайро 65 ҳазор байт гуфтааст. Дуруст аст, ки ин фикри худи ӯ нест. Дар вариантҳои дигари китоб ва ҳамчунин дар аксар адабиёти илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳамин рақам оварда шудааст. Вале ин рақам саҳеҳ нест. Мероси манзуми Бедил, якҷоя бо порчаҳои шеърии осори насрияш, тахминан 72-73 ҳазор байт аст. Миқдори абёти фақат ғазалиёти ӯ беш аз 36 ҳазор аст. Ё худ танҳо девони рубоъиёташ 8 ҳазор байтро ташкил медиҳад.
Дар китоб ҳаҷми асарҳои алоҳидаи шоъир “Тилисми ҳайрат”, “Муҳити аъзам”, “Тури маърифат” ва таърихи таълифи ин асарҳо низ ғалат сабт ёфтаанд. Дар бораи ҳаҷми воқеъии ин асарҳо ва таърихи таълифи онҳо хонандагони гиромӣ метавонанд ба муқаддимаи ҷилди панҷуми осори Бедил (Душанбе, 1993) муроҷаъат намоянд.
Муаллиф дар хусуси маснавиҳои “Тилисми ҳайрат” ва “Муҳити аъзам” мулоҳаза ронда, навиштааст, ки “дар ин ду асар ақидаҳои шоъир дар бораи табиъат ва ҷамъият ифода ёфта, хонандаро ба гӯшанишинию риёзат ҳидоят менамояд”. “Аз ин рӯ,
-идома додааст муаллиф,
дар эҷодиёти шоъир онҳо чандон қимату арзише надоранд”.
Суоле ба миён меояд, ки қимату арзиш надоштани асарҳои мазкур дар чӣ ифода ёфтааст?
Дар он, ки онҳо дар мавзӯъи тасаввуф навишта шудаанд ё даро н, ки ақидаҳои шоъирро дар бораи табиъату ҷамъият инъикос намудаанд? Умуман, оё асарро нахондаву наомӯхта арзишу аҳамияти онро муайян кардан мумкин аст?
Гуфтаҳои муаллиф дар хусуси маснавии “Тури маърифат” низ аксаран бебунёд ва ғайривоқеъиянд. Ӯ навиштааст: “Дар асар (яъне “Тури маърифат”-Б.Р.) шоъир бештар зебоиҳои табиъати кӯҳи Байроти Ҳиндустонро ситоиш намуда, онро бо кӯҳи Тури Арабистон, ки дар он ҷо Мӯсо пайғамбар гӯё нури илоҳиро мебинад, муқобил гузоштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё