Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто кӯҳи Байротро аз бисёр ҷиҳатҳо аз кӯҳи Туркистон болотар мегузорад”.
Хушбахтона, матни комили “Тури маърифат” ба ҳуруфи имрӯза ба табъ расидааст (Ниг.::
Абдулқодири Бедил. Осор, ҷилди 5. Душанбе, “Адиб”, 1993). Хонандагони гиромӣ онро мутолаъа намуда, хоҳанд дарёфт, ки суханони мазкури муаллиф дар ҳаққи Бедил ва асари ӯ туҳмате беш нестанд.
Мулоҳазаҳои муаллиф дар атрофи “Чорунсур” низ ғалатанд. Ба ақидаи ӯ, “Чорунсур” дар муддати 9 сол, яъне аз замони 41-солагии муаллиф то айёми 50-солагии ӯ таълиф шудааст.
Аммо ин тавр нест. Замони шурӯъ ба таълифи асар, воқеан, давраи 41-солагии шоъир, яъне соли 1059 ҳиҷрист. Аммо таърихи анҷоми он санади 1116 аст, ки ба 62-солагии муаллиф рост меояд. Яъне асар дар муддати 9 сол не, балки дар муддати 21 сол иншо шудааст. Гузашта аз ин, баъзе қисматҳои асар, аз ҷумла рисолаҳои мансуре, ки дар усури савум мавҷуданд, пеш аз соли 1059 таълиф шудаанд (дар ин бора ниг. маҷаллайи “Адаб”: Душанбе, 1992, №2).
Андешаҳои муаллиф роҷеъ ба мазмуну муҳтавиёти асар низ аз суханони умумӣ иборатанд, ки мавзӯъу мундариҷа ва хусусиятҳои характерноки онро инъикос карда наметавонанд.
Муаллиф дар қатори асарҳои зикршуда роҷеъ ба “Никот” ва “Ишороту ҳикоёт” ном асарҳои Бедил маълумот дода, дар ин бора низ фикрҳои куҳнаи барғалатро такрор намудааст. Ӯ ин ду асарро чун таълифоти мустақили оригиналӣ баррасӣ намуда, хусусиятҳои фарқкунандаи онҳоро дар он дидааст. ки онҳо “дар тамоми давраи ҳаёт”-и шоъир навишта шудаанд.
Муаллиф чун ба таърихи омӯзиши Бедил ошно нест, хабар надорад, ки дар атрофи ин ду асар чӣ гуна баҳсҳое сурат гирифтаанд. Дар адабиёти илмӣ борҳо зикр шудааст, ки “Никот” ва “Ишороту ҳикоёт” асарҳои мустақил набуда, балки мусаввадаи баъзе қисматҳои осори маълуми Бедил “Тилисми ҳайрат”, “Муҳити аъзам”, “Тури маърифат”, “Ирфон”, “Чорунсур” ва девони ашъоранд. Ба ғайр аз чанд нуктаи мансур боқӣ ҳамаи бахшҳои чӣ манзум ва чӣ мансури онҳо дар асарҳои зикршудаи шоъир мавҷуданд. Албатта, мо гуфтанӣ нестем, ки ҳангоми таҳлили осори Бедил аз ин ду асар сарфи назар карда шавад. Чун ин асарҳо вуҷуд доранд, нухаҳои хаттӣ ва нашрҳои гуногуни онҳо мавҷуданд, аз онҳо ном бурдану онҳоро таҳлил намудан шарт аст. Вале дар бораи ҳар чиз асли воқеъиятро гуфтан лозим аст, на чизи дигареро. Дар мавриди “Ниқот” инро низ илова кардан зарур аст, ки номи саҳеҳи ин асар “Никот” аст на “Нукот” ва на “Нуқот”. Никот ҷамъи нукта аст. Нукта ба маънойи сухани софу покиза, сухани пандомез.
Тавре ки маълум аст, Бедил, пеш аз ҳама, чун шоъири ғазалсаро шуҳрату маҳбубият дорад. Ба кунуния ё худ лақаби “Абулмаъонӣ” сазовор гардидан, пайравону муқаллидони зиёде пайдо намудан, соҳиби мактаби хоси адабӣ шудани ӯ ҳама ба шарофати ғазалиёташ имконпазир гардидааст. Вале дар китоби дарсӣ роҷеъ ба ин бахши муҳимтарини осори Бедил умуман сухан нарафтааст. Муаллиф дар бораи ашъори лирикии шоъир ҳамагӣ як ҷумла навиштааст, ки ин аст: “Ғайр аз ин (яъне ғайр аз маснавиҳо-Б.Р.) Бедил дар жанрҳои хурди лирикӣ, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайра табъ озмуда будааст, ки онҳо ҳам ба мавзӯъҳои мухталифи зиндагӣ бахшида шудаанд”.

пешина
аз 250
навбатӣ