Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар китоб, чунон ки ишора кардем, андешаву мулоҳазаҳои бебунед, муҳокама ва хулосаҳои бефакту бедалел зиёданд. Масалан муаллиф аз мавзӯъҳои осори Бедил сухан карда, дар бораи ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳии ӯ чунин навиштааст: “Бедил, ки ватани хешро дӯст медошт, медид, ки англисҳо ба сарзаминаш омада, боигарию сарваташро ба фаранг мебаранд, халқи бечораашро ғуломвор кор мефармоянд. Умуман, истиқлоли Ҳинд дастбурди бегонагон шуда истодааст. Аз ин ҷост, ки шоъири ватандӯст, барои ҳифзи хоки кишвару бум, истиқлоли он мардуми ҳинду мусулмонро ба ягонагӣ, ҳамфикрӣ ва иттифоқ даъват менамояд”.
Муаллиф сипас барои тасдиқу исботи гуфтаҳои хеш аз осори шоъир далел овардааст ва он далел ин аст:
Ёрон ба вифоқ агар қадам мешикананд,
Ҷайши арабу сафи аҷам мешикананд.
Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ;
Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.
Тавре ки мебинем, дар ин рубоъӣ на аз англисҳо сухан рафтаву на аз поймол шудани истиқлоли Ҳинд. Шоъир умуман, аз иттифоқ ба аҳамияти он дар ҳаёти мардум сухан рондааст. Яъне одамонро ба иттифоқу якдигарфаҳмӣ даъват намудааст.
Муаллифи китоб дар бораи мазаммати ҳарисону тамаъкорон дар осори Бедил таваққуф намуда, таъйид кардааст, ки “Бедил ба ин гурӯҳи пастфитрат шоъирони хушомадгӯро дохил намуда, онҳоро сахт маломат мекунад. Ӯ афсӯс мехӯрад, ки назми Ҳиндустон имрӯз дар дасти чунин ашхоси нолоиӣ аст”.
Ва табиъист, ки муаллиф дар ин ҷо низ бе далел ҳарф назадааст. Далели ӯ дар ин бора ин аст:
Афсӯс ки сози салтанат шуд фосид,
Гардид матоъи дину давлат қосид.
Назми Ҳиндустон кунун мунҳасир аст,
Бар дайюсу бар лаиму ҳезу ҳосид.
Аммо дар ин рубоъӣ сухан мегар аз шеъру шоъирӣ рафтааст? Ҳаргиз! Ин ҷо мурод аз “назм” низому тартиби давлатдорист, на назми шеъру шоъирӣ. Ин маънӣ аз байти якуми рубоъӣ ба хубӣ ошкор ва ҳувайдост.
Муаллиф дар ҷойи дигар навиштааст: “Бедил ягон қасидаи хешро ба соҳибмансабон, шоҳу амирон набахшидааст, балки қасидаи махсусе дорад, ки дар он инсони меҳнаткаш, инсони оддӣ. . . тавсиф карда мешавад”.
Муаллиф агар куллиёти Бедилро ақаллан як бор варақ мезад, боварӣ ҳаст, ки аз навиштани ҷумлаи мазкур худдорӣ менамуд. Зеро шоъир дар мадҳу ситоиши шоҳону вазирон ва дигар мансабдорони асри хеш ашъори кам нагуфтааст. Чунончӣ, ӯ дар таърифу тавсифи подшоҳони давр: Шоҳиҷаҳон, Аврангзеб, Шоҳнолам, Ҷаҳондоршоҳ, Фаррухсияр Муҳаммадшоҳ, шоҳзодаҳо: Аъзамшоҳ, Акбаршоҳ, Комбахш, амирону вазирони XIX Оқилхони Розӣ, Осафҷоҳи аввал, Шукруллоҳхони Ҳофӣ ва дигарон қасидаву ғазал ва қитъаву рубоъиҳои зиёде сурудааст. Шоъир ба ин мавзӯъи эҷодиёташ дар муқаддимаи девон ва асарҳои дигараш ишораҳо низ кардааст. Чунончӣ, дар ин рубоъӣ навиштааст:
Мадҳу таърихи баъзе аз шоҳу амир,
Кардам ба таколифи азизон таҳрир.
Онҳо мурданду ман пушаймон гаштам,
Фитрат ба азоби қабр монд аз ташвир.
Ва он қасидае, ки гӯё махсус ба инсони оддии меҳнаткаш бахшида шудааст, дар асл қасидаест дар ситоиши умуман инсон ва нерӯю бузургии он. Дар ин қасида дар баробари васфи камолоти маънавӣ ва дигар фазилатҳои инсон ҷиҳатҳои манфии фаъолияти ӯ худғофилӣ, ситамкорӣ, фитнагарӣ, кинаварзӣ, ҳасадхӯрӣ, баднафсӣ, дунҳимматӣ, зоҳирпарастӣ, тамаъкорӣ, қаҳру ғазаб, кибру ғурур ва ғайра низ маҳкум ва музаммал карда мешавад.

пешина
аз 250
навбатӣ