Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллиф баёни мавзӯъи мазкур, яъне “ситоиши инсони оддӣ”
-ро идома дода, навиштааст, ки “Бедил дар як қитъаи дигараш ба одамони бехирад, шоҳу амирон хитоб намуда, мегӯяд, ки соҳибхонаи ин дунё инсони меҳнаткаш аст ва шумо бояд дар пеши бузургии инсони комил сари таъзим фуруд оред”.
Ва он қитъае, ки муаллиф дар назар дорад, ин аст:
Аз тавофи хона гар мақсуд соҳибхона нест,
Сар ба деворе занеду каъбаҳо вайрон кунед.
Муддаъо ин аст, к-эй бедонишони ҷаҳлкеш,
Дида бикшойеду тавфи ҳазрати инсон кунед.
Ба диққати муаллифи мӯҳтарам расонида мешавад, ки ду байти мазкур иқтибос аз шеъре ҳастанд, ки дар таърифи яке аз амирони аср ҳокими Шоҳиҷаҳонобод Оқилхони Розӣ суруда шудааст. Шеър аз даҳ байт иборат аст ва ду байти дигараш ин аст:
Фоштар гӯям, агар тавфиқ бахшад ёварӣ,
Саҷдае назри ҷаноби файзи Оқилхон кунед. . .
Дар тавофаш иститоъат мояйи аҷз асту бас,
Гар набошад по, қадам аз ҷунбиши мижгон кунед.
Аз асарҳои ҷудогонаи Бедил ягона чизе, ки нисбатан муфассал таҳлил шудааст, яке аз ҳикоятҳои маснавии “Ирфон” достони “Комде ва Мадан” аст. Муаллиф дар баробари баёни мазмуни мухтасари асар мавзӯъу мундариҷа ва образҳои асосии онро низ баррасӣ намудааст.
Вале таҳлилу арзёбии ин достон низ аз нуқсону камбудиҳои ҷиддӣ холӣ нест. Муаллиф навиштааст, ки достон аз 770 байт иборат аст. Вале дар асл ҳаҷми асар беш аз 900 байт мебошад.
“Сужети достон аз эҷодиёти даҳанакии халқи Ҳинд сарчашма мегирад”-гуфтани муаллиф низ ғалат аст. Қиссаи “Комде ва Мадан” яке аз сужатҳои машҳури адабиёти қадими Ҳинд буда, аввалини варианти хаттии он бо номи “Мадҳаванала ва Қамакандала” ба забони санекрит навишта шудааст. Ин қисса дар асрҳои минбаъда низ ба чанде аз забонҳои маҳаллии Ҳиндустон, аз ҷумлша, ба забонҳои гуҷаротӣ, ҳиндӣ ва роҷистонӣ тарҷимаву таҳрир шудааст. Аввалин таҳрири форсии ин қисса “Маҳзи эъҷоз” ном маснавиест, ки ба қалами Ҳақири ном шоъири асри ХVII таъаллуқ дорад (Дар ин бора инг. Масъалаҳои эроншиносӣ, Душанбе, 1991, саҳ. 30). Ҳамаи таҳрирҳои номбаршудаи ин қисса асарҳои алоҳидаи мустақиланд. Аммо дар маснавии “Ирфон” ин қисса ба ҳайси асари мустақил дарҷ нагардида, балки тамсилест, ки барои таъйид ва тасдиқи яке аз ақидаҳои шоъир хидмат намудааст. Бедил дар боби шашуми “Ирфон” ҷойе, ки дар бораи подшоҳону сози салтанати онҳо сухан рондааст, ба ҳайси тамсил ду қиссаро зикр кардааст, ки яке аз онҳо “Комде ва Мудан” аст. Шоъир пас аз дарҷ намудани тамсили аввал сонӣ, яъне “Комде ва Мадан”-ро чунин оғоз намудааст:
Ҳам дар ин қиссаи ҳайраттимсол
Комдеву Мудан омад ба хаёл.
Мақсади шоъир аз овардани ин қисса таъкиди он аст, ки дар зиндагӣ подшоҳону ҳокимон гуногунанд. Дар қатори шоҳони золиму ҷоҳил шоҳони оқилу одил низ мавҷуданд. Ӯ пеш аз зикри саргузашти Комде ва Мудан ақидаи худро дар бораи подшоҳон чунин иброз доштааст:
Лутфашон ҷуз ҳаёт напсандад,
Қаҳрашон ҷуз ба худ напайвандад.
Ва баъд аз анҷоми саргузашти мазкур ба чӣ мақсад дарҷ намуда ин онро ин тавр баён намудааст:
Мудаъо з-ин фусуни сеҳрнамуд,
Арзи иқболи подшоҳон буд.
К-аз чӣ анвор равшананд инҳо?
Ранги нози чӣ гулшананд инҳо.

пешина
аз 250
навбатӣ